Ҷаласаи сайёри Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон

  • Posted on: 13 November 2017
  • By: korbar

Ҷаласаро раиси ноҳияи Ёвон Амирбеки Темур ифтитоҳ намуда, зикр карданд, ки: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам баҳри рушду нумӯи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Ҳамин аст, ки дар давоми нуҳ моҳи соли равон маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 990,9 млн. сомонӣ афзун гашта, 1 млрд. 607,9 млн. сомониро ташкил додааст. 

            Маҷлиси сайёри Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иштироки намояндагони вазорату кумитаҳо ва дигар сохторҳои марказии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон доир гардида истодааст, аз он шаҳодат медиҳад, ки ноҳияи мо ҳамчун як ноҳияи аграрӣ-саноатӣ дар мадди назари роҳбарияти ҷумҳурӣ қарор дорад.

            Аз 3 то 7 октябри соли равон гурӯҳи кории байниидоравӣ соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳияро дида баромад ва ҷиҳати иҷрои бандҳои 1-ум ва 16-уми қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2017 таҳти рақами 347 «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар нимсолаи якуми соли 2017 ва вазифаҳои минбаъда барои нимсолаи дуюми соли 2017» ва иҷрои Нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2017 таҳти рақами 7, дар асоси дастуру супоишҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи кории байниидоравӣ дар ҳайати намояндагони Кумитаи рушди маҳал, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 то 7 октябри соли ҷорӣ сафари корӣ анҷом дод, ки натиҷаҳои он имрӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

            Дар ҷаласа Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Раҳбар, муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов, инчунин, Қурбонзода Бег Хол – муовини якуми Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Ҷӯразода  Тоҷиддин – муовини Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Давлатзода Наҷмиддин Сайфиддин – сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал (роҳбари Гурӯҳи корӣ) ва дигар намояндагони вазорату кумитаҳо иштирок намуданд.

            Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи омӯзишу таҳлили Гурӯҳи кориро баррасӣ карда, қайд намуданд, ки ноҳияи Ёвон ба дастовардҳои зиёд ноил гардида, ба ноҳияи саноатӣ аграрӣ табдил ёфтааст. Раиси Кумита барои боз ҳам беҳтар гардидани корҳо дастуру тавсияҳои муфид доданд.

            Дар ҷаласа муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов низ суханронӣ карда, гуфтанд, ки ин иқдом, яъне баргузор намудани чунин маҷлисҳои сайёр албатта барои пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ноҳияҳо такони ҷиддӣ мебахшад.