Табрикоти раиси ноҳия ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Posted on: 1 November 2017
  • By: korbar

Ҳамдиёрони муҳтарам!

Имсол Рӯзи Конститутсия ба 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъд аз чанд рӯзи башумор мардуми шарафманди кишвар онро ҷашн мегиранд, рост омад.

Агар ба таърихи даврони соҳибистиқлолии мамлакат назар афканем, бараъло маълум мегардад, ки Иҷлосияи мазкур барои устувор гардидани сохти конститутсионии давлат замина фароҳам оварда, барои бунёди давлати миллӣ мусоидат намуда, дар раванди таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва рукнҳои давлатдорӣ таъсири амиқ гузоштааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта зимни таҷлили Рӯзи Конститутсия нақши беназири ин санади олии ҳуқуқиро дар таҳкиму тақвияти давлати миллӣ таъкид намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки: «Агар ба даст овардани истиқлолият зарурати қабули Конститутсияи давлати муосирро ба миён гузошта бошад, қабули ин ҳуҷҷати муҳими сиёсию ҳуқуқӣ барои бунёди давлати соҳибистиқлоламон заминаи устувор ба вуҷуд овард ва дар раванди таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва аркони давлатдорӣ нақши барҷаста бозид».  

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатро кафили таъмини соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишвар эълон намуда, дар айни замон, ба хотири ҳимояи ин арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули бонизоми давлати навини тоҷикон, тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро аз ҷумлаи мақсадҳои асосии конститутсионӣ эътироф кардааст.

Моҳият ва аҳамияти таърихии Конститутсия дар он аст, ки ин санади сарнавиштсоз барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт ва омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти он ки  бо иродаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардидааст, хусусияти миллӣ дорад ва дар ин ҳуҷҷати муҳим суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи халқи фарҳангсолори тоҷик инъикос ёфтаанд.

Мардуми сарбаланди кишвар дар сатҳи Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон намуд, ки халқи Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад. Ҳамчунин, дар Конститутсия таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ мақсади фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки бо қабул гардидани Конститутсия халқи Тоҷикистон бори нахуст баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид ва дар кишвари мо кафолати ҳуқуқи шахс ба гуногунандешӣ, озодии сухан ва виҷдон муқаррар карда шуд.   

Тавассути ин дастоварди олӣ миллати тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳон эълон намуд, ки соҳиби давлати соҳибихтиёри худ буда, дар роҳи ҳифзи дастовардҳо кӯшиш менамояд ва рушди давлати миллии хешро ҳадафи асосӣ қарор дода, барои тақвияти он аз ҳама шароиту имкониятҳо истифода мебарад.

Арзиши волои Конститутсия боз дар он зоҳир мегардад, ки он ҳамчун нерӯи тавонои ҳуқуқӣ консепсияи муосири ҳуқуқҳои фитрии инсонро мустаҳкам намуда, уҳдадориҳои давлатро оид ба эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муқаррар кардааст.  

Мардуми шарифи Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ тавассути раъйпурсии умумихалқӣ се маротиба ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид намуда, матни ин ҳуҷҷати сарнавиштсозро такмил доданд, ки ин маънои ба зиннаи нави рушд ворид шудани мамлакатро дорад.

Шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва торафт зиёд гардидани хатарҳои терроризму экстремизм тақозо мекунад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар ҷиҳати риояи меъёрҳои Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда саъю талош намояд.

Мо бояд амиқан дарк намоем, ки Конститутсия ва дар маҷмӯъ ҳама қонунҳо кафили сулҳу субот, воситаи муҳими таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқӣ мебошанд.

Дар шароити пуртазоди дунёи имрӯза мо танҳо бо ҳамин роҳ метавонем, ки татбиқи ҳадафҳои неку созандаи пешгирифтаи давлати ҳуқуқбунёду демократии худро таъмин кунем ва заминаҳои адолати иҷтимоиро дар кишварамон тақвият бахшем.

Бархӯрди тамаддунҳо, омезиши фарҳангҳо ва вазъи мураккаби баъзе минтақаву давлатҳои ҷаҳон ҳар як фарди бедордил ва бонангу номуси ҷомеаро водор месозад, ки қадру манзалати сулҳу оромиро хуб дарк намояд ва дар доираи Конститутсия ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон талош варзад.

Дар ин ҷода ба ҳар яки шумо, ҳамдиёрони гиромӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандорӣ ва рӯҳу илҳоми тоза орзу намуда, Рӯзи Конститутсияи кишвари азизамонро бароятон табрик ва муборакбод мегӯям.

Ҳамеша сиҳатманду сарбаланд бошед!