Ғалабаи Сомон Сангов дар Чемпионати ҷаҳон оид бар самбо дар Сербистон

  • Posted on: 26 October 2017
  • By: korbar

Варзишгариҷавон Сомон Сангов аз ноҳияи Ёвон дар Чемпионати ҷаҳон оид бар самбо дар Сербистон ширкат варзида соҳиби ҷойи дуюм гардид . Дар ин мусобиқааи бонуфузи байналмилалӣ Сомон ба ҳарифони худ аз ИМА ва Федератсияи Россия пирӯзӣ ёфта медали нуқраи Чемпионатро ба даст овард. Ғалаба муборак Сомон. Ғалаба муборак Тоҷикистон.
Сорбонро дар Фурӯдгоҳ Душанбе намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, Федератсияи самбои Ҷумхурии Точикистон, устодони мактаби варзишии ноҳия, варзишгарони номии ноҳия, волонтёрони бахши ҷавонон, модари Сомон, дӯстону ҳамсабақон ва устоди Сомон Хушвахт Раҳимов гарму самимӣ истиқбол гирифтанд