Ҷаласаи назди раиси ноҳия

  • Posted on: 23 October 2017
  • By: korbar

Дар ҷаласаи назди раиси ноҳия ба собиқ раиси Ҷамоати деҳоти Обшорон Азимов Муъмин, ки муддати 7 сол вазифаи раисии ин Ҷамоатро ба зимма дошт, сипоснома туҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.

Ташкилотҳои ибтидоии Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳия дар соҳаи маориф (роҳбараш Гулов Мирзо), Ҷамоати деҳоти Обшорон (роҳбараш Файзов Мирзораҷаб) ва Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов (роҳбраш Бобоев Бозор) дар озмуни ноҳиявии «Тарғиби ватандорӣ» соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гашта, бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои молиявӣ қадр карда шуданд. Ҳамчунин, дар ҳамин робита, дар миёни муассисаҳои таълимии ноҳия муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 5, 4 ва 13 беҳтарин дониста шуда, сазовори сипосномаҳои раиси ноҳия гардиданд.