Қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси вилояти Хатлон

  • Posted on: 23 October 2017
  • By: korbar

Рӯзи 21 октябр раиси вилояти Хатлон муҳтарам Гулмаҳмадзода Д.Қ. бо мақсади қабули шаҳрвандон ба ноҳияи Ёвон ташриф овард. Дар ин чорабинӣ роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои иқтисодиву иҷтимоии вилояти Хатлон ва теъдоди зиёди сокинони ноҳияи Ёвон ширкат варзида, бо раиси вилоят суҳбати ошкоро доир намуданд.

Раиси вилояти Хатлон аз саҳми арзандаи ноҳияи Ёвон дар таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят изҳори қаноатмандӣ карда, дар ин самт нақши бузурги корхонаҳои саноатии ноҳияро махсус таъкид намуд.

Ҳамчунин, қайд гардид, ки дар баробари муваффақиятҳои бадастомада дар ноҳия мушкилоту норасоиҳо низ ҷой доранд. Раиси вилоят аз он ки нақшаи се намуди андозҳои давлатӣ ва андози иҷтимоӣ дар давраи нуҳмоҳаи соли 2017 иҷро нагардида, боиси зиён дидани буҷаи маҳал шудаанд, изҳори нигаронӣ карда, барои ислоҳи камбудиҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.    

Иштирокдорони ҷаласа- сокинони ноҳияи Ёвон оиди масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла таъмирталаб будани роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи Ёвон-Ваҳдат ва Ёвон-А.Ҷомӣ, роҳҳои мошингарди шаҳраки Ёвон, кашол ёфтани сохтмони пули мошингузари назди бозори марказӣ, мавҷуд набудани боғи фарҳангии ба талаботи замон ҷавобгӯ дар шаҳраки Ёвон, таъмирталаб будани беморхонаи минтақавии деҳаи Даштободи Ҷамоати деҳоти Обшорон, пахш нагардидани мавҷи телевизиони «Хатлон» дар ҳудуди ноҳияи Ёвон, мушкилоти норасоии оби ошомиданӣ дар маркази ноҳия ва ғайраҳо ба раиси вилояти Хатлон муроҷиат намуда, ба пурсишҳои худ посух гирифтанд.