Табрикоти раиси ноҳияи Ёвон дар чорабинии фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Меҳргон 14 октябри соли 2017

  • Posted on: 14 October 2017
  • By: korbar

Ҳамдиёрони азиз!

Боиси ифтихору сарфарозист, ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суннатҳои деринаву арзишманди гузаштагони мо эҳё гардида, барои таъмини рушди миллату давлат ҳиссаи муносиб гузошта истодаанд.

Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили меҳнати марди деҳқон фаро расидани иди Меҳргон басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромадани таҷлили расмии ҷашнвораи мазкур далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад. 

Ҷашнгирии иди касбии коркунони соҳаи кишоварзӣ ва Меҳргон, ки бо шарофати Истиқлолият умри дубора пайдо намуда аст, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 таҳти №538 дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукуҳу шаҳомати тоза таҷлил мегардад.

Ҳозирини гиромӣ!

Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки дар радифи ҷашнҳои Наврӯз ва Сада иди Меҳргон таърихи чандҳазорсола дорад. Аз ҷумла, муаллифи «Шоҳнома»-и безавол Абулқосим Фирадавсӣ пайдоиши ин ҷашнвораҳоро ба замони салтанати Ҷамшеду Фаридун мансуб медонад.

Мувофиқи шаҳодати сарчашмаҳои илмӣ-таърихӣ таҷлили иди Меҳргон аз давраи ҳукмронии салтанати Сосониён- Ҳурмуз писари Шопури Сосонӣ ба ҳукми анъана даромад ва дар замони давлатдории Сомониён шукӯҳу шаҳомати хоса пайдо намуда, ба авҷи баланд расид.

Мутобиқи солшумории яздигурдӣ, ки дар давоми асрҳои 4 - 6 тақвими маъмурии шоҳони Сосонӣ буд, моҳи панҷуми сол Меҳр ном дошт. Ин моҳ дар байни мардуми мо бо номи Мизон ҳам маъмул буда, давомнокиаш 30 рӯз аст ва аз 23 сентябр то 22 октябр давом мекунад.

Гузаштагони бофарҳангамон санаи 15-уми Меҳрмоҳро «Рӯзи Меҳр» меномиданд ва одатан ҷашни Меҳргон дар ҳамин рӯз таҷлил мешуд. Ҷашни Меҳргон баробари инкишофи зироатчигӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, иди ҳосилот ва намоиши дастранҷи кишоварзон ба ҳисоб меравад.

Ҳамдиёрони азиз!

Истиқлолияти давлатӣ барои эҳё гардидани суннатҳои неки ниёгон ва урфу одатҳои тамаддунбунёди миллӣ шароити мусоид фароҳам овард. Боиси хурсандист, ки кишоварзони ноҳияи мо дар қатори дигар ҳамкасбони худ аз ҳар гӯшаю канори кишвар имсол низ ҷашни расмии Меҳргонро бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ пешвоз мегиранд.

Кишоварзони ноҳия дар давоми 9 моҳи соли равон баҳри таъмини некӯаҳволии мардум ва пешрафти иқтисодии ноҳия саҳми назаррас гузошта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулотро ба 700 млн. 579,8 ҳазор сомонӣ расониданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47 млн. 806,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ширкатҳои соҳаи кишоварзии ноҳия имсол дар майдони 25 ҳазору 455 гектар зироат кишт намуда, то имрӯз 24 ҳазору 959,3 тонна ғалладона  (аз 1 га 229,4 сентнер), 50 ҳазору 113,4 тонна сабзавот (229,4 сентнерӣ), 22 ҳазору 512 тонна полезӣ (240 сентнерӣ), 2730 тонна картошка (150,0 сентнерӣ), 4730 тонна меваҷот ва 4246 тонна ангур ҷамъоварӣ намудаанд.

Деҳқонони матиниродаи ноҳия дар мавсими имсола дар майдони 11 ҳазору 400 гектар кишти пунбадона гузаронида, дар натиҷаи заҳмати пурсамар ба ҳолати имрӯза аз ҳар як гектар 20,2 сентнерӣ пахта ҷамъоварӣ намуда, зиёда аз 23 ҳазор тонна ҳосили хушсифат рӯёниданд ва дирӯз аз иҷрои дурнамои супориши пахта мужда доданд, ки ин барои ҳамаи мо боиси ифтихор аст. Ин ғалабаи меҳнатиро ба ҳама ҳамдиёрони гиромӣ, алалхусус, ба кишоварзони ноҳия табрик ва таҳният мегӯям.

Қобили зикр аст, ки кишоварзони Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав дар мавсими имсола собитқадамона заҳмат кашида, дар байни ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия нахустин шуда дурнамои истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд. Ҷамоатҳои деҳоти Чоргул ва Норин мутаносибан дар ҷадвали иҷрои дурнамо ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол намуданд, ки зафарҳои меҳнатии онҳо шоистаи таҳсин аст.

Ҳосил дар саҳро ҳанӯз фаровон аст ва мо умед дорем, ки деҳқонони соҳибтаҷрибаи ноҳия аз боду ҳавои муносиб самаранок истифода мебаранд ва дастранҷи боқимондаи худро бе талаф ҷамъоварӣ намуда, ба нуқтаҳои қабул ва коркарди пахта месупоранд.

Кишоварзони ноҳия ҷиҳати рӯёнидани зиёда аз ду ҳосил аз заминҳои корами обӣ имсол баъд аз ҷамъоварии ғалладонагиҳо ва зиротаҳои барвақтӣ дар майдони 5896 га кишти такрорӣ гузарониданд, ки ин баробари 100,0 фоизи нақшаи пешниҳодгардида мебошад. Мувофиқи ҳисоботи оморӣ то имрӯз дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ аз ҳисоби кишти такрорӣ 1138,1 тонна лӯбиёгиҳо, 5195,7 тонна ҷуворимаккаи дон, 76,1 тонна зироатҳои техникӣ, 12 ҳазору 773 тонна сабзавот ва 8579,3 тонна полезиҳо истеҳсол карда шудааст ва имрӯзҳо ҷамъоварии ҳосили дуюму сеюми зироатҳо бомаром идома дорад. 

 

Ҳозирини гиромӣ!

Имсол деҳқонони қавииродаву ботаҷриба Назаршоев Хайрулло, Нуралиев Урозалӣ ва Эгамбердиев Тошмат (аз Ҷамоати Ҳаёти Нав), Авазов Ятим ва Кибриёева Хурсандгул (аз Ҷамоати Чоргул), Эшонқулов Бахтиёр ва Рустамов Ҷурабой (аз Ҷамоати Норин), Раҳматшоев Ғуломалӣ ва Дӯстова Боғигул (аз Ҷамоати Ситораи Сурх), Холиқов Насриддин ва Лолаев Бобохон (аз Ҷамоати Даҳана), Қиличов Расул ва Назаров Улуғбек (аз Ҷамоати Обшорон), Раҳимова Руқия ва Сатторов Поргӣ (аз Ҷамоати   Г.Юсуфова),  Ҳайдаров  Муродило  ва  Раҳмонов    Ҳамроҳ    (аз   Ҷамоати    Ҳ.Ҳусейнов)    на танҳо дар иҷрои нақша ҳиссаи босазо гузоштанд,         балки дар гирифтани ҳосили дуюму сеюми зироатҳо низ муваффақиятҳои хуб ба даст оварданд. Меҳнати пурсамар ва таҷрибаи кории чунин деҳқонон, ки лоиқи омӯзишу пайравист бояд аз тарафи насли нави кишовардон мавриди корбарӣ қарор гирад.

Ҳамдиёрони муҳтарам!

Дар охир, мехоҳам бо эҳсоси ифтихормандӣ ба самъи шумо расонам, ки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зокирзода Мамадтоҳир ва Вазири кишоварзии мамлакат муҳтарам Иззатулло Сатторӣ ба муносибати ҷашни Меҳргон ва иҷрои дурнамои истеҳсоли пахта ҳама пахтакорони ноҳияро табрик намуда, барояшон тандурустӣ, барори кору хушиҳои зиндагиро таманно кардаанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Меҳргон ҷашни баракату фаровонӣ ва шукргузорӣ аз хоки ҳосилхезу замини пурэҳсон аст. Аз ҳамин нуқтаи назар, бо таманнои он ки деҳқонони ризқофари мо ҳамеша тансиҳату рӯҳбаланд бошанд ва дар фазои сулҳу суботи Ватан бо хотири осуда кору фаъолияти пурсамар намоянд, бори дигар ин ҷашни баракату эҳсонро ба ҳамаи шумо ва ба кулли сокинони ноҳия муборакбод гуфта, ба ҳар як хонадон осудаҳолӣ, саодатмандӣ ва дастархони пур аз нозу неъмати меҳргонӣ орзу менамоям.

Ҷашни меҳргон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!