БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ЯК ҚАТОР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН
Тазаккур бояд дод, ки бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани Наврӯзи хуҷастапайт дар ноҳия чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардид.
Чорабиниҳои тантанавии идона дар ноҳия сараввал маросими ба истифода додани як қатор иншоотҳои ҷашнӣ оғоз ёфт. Аз ҷумла маркази хизматрасонии чорошёна дар кӯчаи Расул Раҷабови шаҳраки Ёвон мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор гирифт