Таҷлили ҷашни Меҳргон

  • Posted on: 14 October 2017
  • By: korbar

Бахшида ба ҷашни қадимии мардуми ориёинажод Меҳргон дар маркази ноҳия намоиши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид, ки дар он деҳқонони ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳот намунаи ҳосили дар мавсими имсола бадастовардаашонро ба маъраз гузоштанд. Аз таҷлили пуршукӯҳи ин ҷашни бостонӣ аён буд, ки Меҳргон ҷашни баракату эҳсон аст ва он бо шарофати истиқлолияти давлатии кишвар мақому мартабаи воқеии худро эҳё намудааст.

 

Ба муносибати иҷрои дурнамои истеҳсоли пахта бо иштироки собиқ раисони ноҳия, муовинони раиси ноҳия оид ба соҳаи кишоварзӣ ва кишоварзони соҳибтаҷрибаи ноҳия маҷлиси тантанавӣ баргузор карда шуд. Дар ин чорабинии бошукӯҳ раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Амирбеки Темур ва муовини якуми раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбонбой деҳқонони ноҳияро бо ин ғалабаи меҳнатӣ муборакбод гуфтанд. Қайд гардид, ки пахтакорони ноҳия то рӯзи 13 октябр 23025 тонна ҳосил рӯёнидаанд ва ҳоло ҷамъоварии пахта бомаром идома ёфта истодааст.

 

Муҳтарам Ҳакимзода Қ. ба ин муносибат аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба раиси ноҳияи Ёвон Сипоснома ва телевизор, инчунин ба 8 нафар пахтакорони муваффақи ноҳия Сипоснома ва туҳфаҳо тақдим намуданд.

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон 23 собиқадорони соҳаи кишоварзӣ, 143 нафар сарварони хоҷагиҳои деҳқононӣ ва 9 ташкилоту муассисаҳоро, ки дар мавсими имсола баҳри иҷрои дурнамои истеҳсоли пахта ва рушди соҳаи кишоварзии ноҳия саҳми арзанда гузоштанд, бо мукофотҳо қадрдонӣ намуд. Ба пахтакори матинирода Эшонқулов Бахтиёр автомашинаи тамғаи «Мерседес» туҳфа карда шуд.