Изҳори тасаллият ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

  • Posted on: 7 October 2017
  • By: admin

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андуҳи гарон хабар медиҳад, ки рӯзи 7 -уми октябри соли 2017 аз бемории сактаи дил қалби Нуриддин Раҳмон дар синни 67-солагӣ аз таппидан боз монд.

Нуриддин Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омада, солҳои зиёд ба сифати механизатор кору фаъолият намуда, сипас роҳбарии хоҷагии деҳқонии «Раҳмонҷон»-ро ба уҳда доштанд.

Шодравон бо хислатҳои некӣ инсонияшон дар ёди дӯстону наздикон абадӣ боқӣ мемонанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин лаҳзаҳои ниҳоят вазнин ба бародари марҳум-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фарзандон, хешу табор ва пайвандонашон изҳори ҳамдардии амиқ баён мекунад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон