ШАҲИДОН ҲАРГИЗ НАМИРАНД.

  • Posted on: 21 September 2022
  • By: korbar

Раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро ба манзили марзбоне, ки дар натиҷаи ҳамлаи ноҷавонмардонаи низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ҳалок шуда буд, бори шашум аст, ки омада ба аҳли оилааш изҳори тасаллият менамояд.

Бояд қайд намуд, ки ҳифзу ҳимояи Ватан нахуст фарзи динӣ ва сипас қарзи шаҳрвандӣ аст. Чун миллати тоҷик мусалмон асту ангезаи динӣ дар тинати ӯ қавист, набояд, ки шаҳидони марзро кушташудагон гуфт, зеро кушташудаҳо зиёданд, аммо шаҳид касест, ки дар майдони ҷанг ва дар хидмати марзу бум кушта шавад. Инчунин ин унвон барои пайвандони эшон малҳамест, зеро онҳо тибқи андешаҳои динии худ медонанд, ки шаҳидон ҳаргиз намемиранд ва Худованд низ барои ин тоифа аҷру савоби аз ҳама бузург ваъда кардааст. Худованд ба шаҳидони марз ҷаннату-л-фирдавсро насиб гардонад.