ТАБРИКОТИ раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷ. Ҳ. бахшида ба ҷашни 31- солагии Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!
Боиси ифтихор ва фараҳмандист, ки имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони саодатманди ноҳияи мо дар фазои сулҳу субот, ваҳдату якдилӣ ва бунёдкорию созандагӣ бузургтарин ҷашни миллӣ 31- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил мекунем.
Бо камоли эҳтирому самимият Ҷашни пурифтихори миллат 31- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамаи шумо табрик ва таҳният гуфта, ба ҳар як фарди худогоҳу ватандӯст бахту иқболи баланд, саодати бепоён ва истиқлолияти ҷовид-онии ватани азизамонро таманно менамоям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ботаъкид зикр намуданд, ки “Истиқлолияти давлатӣ дар баробари он ки неъмати бузург мебошад, ҳифзу таҳкими он ба дӯши мардуми кишвар масъулияти азимеро мегузорад”.
Дар ҳақиқат ҳифзу таҳкими ин неъмати бебаҳо вазифаи муқаддаси ҳар фарди худшинос буда, аз ҳамаи мо ҳисси баланди ватандӯстиро тақозо менамояд.
Маҳз Истиқлол имконияти таърихие фароҳам овард, ки тоҷикон ватани худро соҳибӣ кунанд, давлатдории миллии худро барпо намоянд, суннату арзишҳои хешро эҳё созанд ва зиндагии озодонаро ба роҳ монанд.
Меҳмонон ва ҳамдиёрони азиз!
Агар таърихи даврони соҳибистиқлолии кишварро таҳқиқ намоем, ба мо аён мегардад, ки ҳама бурдбориҳо самараи татбиқи сиёсати ҳадафмандона ва хирадмандонаи ахтари иқболи мардуми кишвар, Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ҳозирини иззатманд!
Воқеан, Пешвои миллат дар сарнавишти мардуми Тоҷикистон ба сифати ахтарест, ки дар шаби тору ноумедӣ пайроҳаи умедро равшан намуд, дар айёми дилсардиҳо мардумро бо муҳаббати худ ба зиндагӣ дилгарм кард ва дар нобарориҳо неру бахшид.
Ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик бо рафтору кирдор ва фидокориҳои беназири хеш собит сохт, ки бузургии инсон на дар қувваи бозу, балки дар устувории иродаи ӯст ва шахси қавиирода дар пешорӯи мушкилиҳо ҳаргиз сархаму ноумед нашуда, баҳри ба соҳили мурод расидан пайваста талош мекунад.
Мардуми шарифи Тоҷикистон дар ибтидои солҳои соҳибистиқ-лолӣ аз имтиҳони сангини таърих сарбаландона гузашта, таҳти роҳбарии хирадмандонаи абар-марди соҳаи сиёсат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо заҳмати содиқона сарзамини аҷдодии худро соҳибӣ карданд ва онро ободу пешрафта гардониданд.
Давлати озоду соҳибихтиёри мо имрӯз дар арсаи олам соҳиби мақому манзалати шоиста буда, ҷаҳониён иқдому ташаббусҳои сулҳҷӯёнаву созандаи онро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.
Бо дарназардошти авзои хатарзои ҷаҳони имрӯза ва бо мақсади таъмини рушду такомули давлату миллат моро зарур аст, ки бо ҳисси баланди масъулиятпазирӣ ва бо дарки амиқи қарзи шаҳр-вандӣ, суботу оромии ҷомеаро таҳким бахшида, барои тақвият додани арзишҳои ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ содиқона саъю талош варзем.
Меҳмонони арҷманд,
ҳозирини гиромӣ!
Тоҷикистони маҳбубамон дар зарфи 31- соли Истиқлолият баҳри таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ба натиҷаҳои мусбат ноил гардидааст.
Кишвари мо дар ин давра барномаҳои мукаммали ислоҳоти куллии сиёсӣ ва ҳуқуқиро амалӣ сохта, дар соҳаҳои саноату энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва бахшҳои дигар комёбиҳои беназир ба даст овард ва дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва тандурустӣ таҳаввулоти сифатиро таъмин намуд.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Ёвон сохта ба истифода дода шудани корхонаи коркарди пахта, корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, равған ва нонию қаннодӣ, корхонаҳои муқтадири “Намаки Ёвон”, “Хима Текстил”, “Хуаксин Ғаюр семент”, “Ҷунгтсай Моҳир семент”, “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал”, “Криолит”, “Ваҳдат-Текстайл”, фабрикаи мурғпарварии “Беҳамто”, Корхонаи парвариши чорвои хушзот бо истеҳсоли гӯшти хушсифати ҶДММ “Мармарӣ” қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани “Душанбе-Бохтар”, даҳҳо адад коргоҳҳои саноатии хурду миёна, муассисаҳои нави таҳсилоти умумӣ нав, бинои нави таълимӣ, муассисаҳои тиббӣ, иншооти варзишӣ, китобхона, боғу гулгаштҳои истироҳатӣ ва садҳо иншооти тиҷоративу хизматрасонӣ барои ободу зебо шудани тарҳу симои шаҳраку деҳот, баланд гардидани сатҳи некӯ-аҳволии сокинон, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ноҳия такони ҷиддӣ бахшид.
Ҳамдиёрони азизам!
Бояд ёдовар шуд, ки соли гузашта дар ҳамин шабу рӯз мо ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намудем. Мардуми ватандӯсту бунёдкори ноҳияи Ёвон дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба истиқболи сазовор аз ҷашни 30- юмин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар давоми ду сол дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳот беш аз 350 иншооти гуногунтаъинот бунёд намуданд. Итминони комил дорам, мардуми боору нанги ноҳия ва соҳибкорони матиниродаи мо бо иқдому ташаббусҳои тараққихоҳонаи худ тадбирҳои ободонию созандагиро идома бахшида, ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои камназири меҳнатӣ истиқбол менамоянд ва баҳри шукуфоии Ватани маҳбубамон саъю талош меварзанд.
Бо ҳамин таманнои нек, бори дигар меҳмонони иззатманд, собиқадорон ва тамоми сокинони ноҳияро ба ифтихори ҷашни 31- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадон зиндагии орому осуда ва саодату муваффақиятҳои нав ба нав орзу менамоям.
Бо ифтихору арҷгузорӣ аз истиқлолият ҷавҳари ҳаёти имрӯзаамон таманнои онро дорам, ки осмони Ватани маҳбубамон софу рӯзгорамон обод, саодату пирӯзӣ ва комёбиҳои беназири меҳнатӣ насибамон гардад.
Бигзор, бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватани ободу озод Тоҷикистони маҳбубамон ба сарзамини биҳиштосо табдил ёбад ва нуфузу эътибори Ватани азизамон Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд гардида, бузургтарин дастоварди миллатамон Истиқлолияти давлатӣ поянда ва ҷовидон бимонад.
Ҷашни 31-юмин соли Истиқлолият муборак бошад, ҳамдиёрони иззатманд!