“КОРВОНИ СУРХ” Қатораи “ТИЛЛОИ САФЕД”-и кишоварзони Ёвон.

  • Posted on: 7 September 2022
  • By: korbar

6 сентябр аввалин тоннаҳои пахтаи рӯёнидаи деҳқонони Ёвон таҳти унвони рамзии “Корвони сурх” ба корхонаи пахтатозакунии ноҳия ворид гардид.

Раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро дар якҷоягӣ бо масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия дар ин чорабинии бошукуҳ ширкат варзида, ба деҳқонон барори кор ва муваффақият орзу намуд ва изҳори боварӣ кард, ки заркорони ноҳия имсол бо сарбаландӣ аз уҳдаи иҷрои дурнамои пахтасупорӣ мужда хоҳанд дод.

Дар ин рӯз корхонаҳои пахтатозакунии ноҳия зиёда аз 1000 тонна “Тиллои сафед”-и ба ранҷ парваридаи деҳқонони соҳибтаҷрибаи ноҳияро қабул намуда, барои ҳар як килограми он 11,5 сомонӣ пардохт намуданд.

Дар ноҳия 7 корхона ва 3 нуқтаи пахтақабулкунӣ омодаанд, ки ҳосили пахтаи парваришнамудаи деҳқононро бо арзиши мувофиқ қабул намуда, дар рушди соҳаи саноати ноҳия ҳиссаи муносиб гузоранд.