ДАРСИ СУЛҲ ВА ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ

  • Posted on: 1 September 2022
  • By: korbar

Ҳамасола рӯзи якуми сентябр дар яке аз муассисаҳои олии кишвар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Имсол якуми сентябр Рӯзи дониш ва дарси сулҳ бо иштирок ва суханронии Пешвои миллат дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино доир гардид. Дар муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами 80-и шашраки Ёвон хонандагони синфҳои болоӣ суханронии сарвари давлатро тариқи сабти мустақими шабакаҳои телевизионӣ тамошо намуданд. Қабл аз оғози пахши мустақим раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро дар якҷояги бо намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияро самимона табрику муборакбод намуда, иброз доштанд, ки ҳар сол дар саросари Тоҷикистон Рӯзи дониш ҳамчун санаи гиромидошти илму маърифат ҷашн гирифта мешавад. Оғози соли нави таҳсил имсол дар арафаи омодагиҳо ба ҷашни 31- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд.

Ба ин муносибат омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ, падару модарон бахусус, кӯдакони хушбахти даврони истиқлол, ки имсол ба боргоҳи маърифат қадами нахустин мегузоранд, самимона табрик мегӯям.

Дар кишвари мо Рӯзи дониш баробари дарси сулҳ арзиши баланд дошта, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва волидайну омӯзгорони онҳо ин санаи фархундаро бо шодиву хурсандӣ истиқбол менамоянд.

Мафҳуми дониш барои халқи мо аз замонҳои қадим то имрӯз як ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ба ҳисоб меравад.

Насли наврас ва ҷавонони имрӯза бояд аз сабақи гузашта омӯзанд ва барои пойдории сулҳу субот дар кишвари азизамон талош намуда, дар ҳифзу устувории давлатдории миллӣ саҳми бевоситаи хешро гузоранд.

Воқеан, рисолати аслии омӯзгорон ва падару модарон аз он иборат аст, ки ба насли наврас ва ҷавонони имрӯза таърихи фоҷиабор ва таҷрибаи талхи миллатро омӯзонанд ва онҳоро барои ҳифзу пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам мустаҳкам намудани давлати озоду соҳибистиқлоламон омода созанд.

Зеро сулҳу оромӣ шарти муҳимтарини устуворӣ ва пойдории давлат, осоиши ҷомеа ва амалӣ шудани орзуву омоли ҳар як фард мебошад.

Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри сулҳу оромӣ расем ва аҳаммияти онро дар миёни аҳли ҷомеа, алалхусус, ба наврасону ҷавонон боз ҳам бештар тарғиб намоем.

Зеро дар дунёи пурҳаводису ноороми имрӯза бар асари ҷангу низоъҳо, гуруснагиву фақр ва паҳншавии ҳар гуна бемориҳо садҳо ҳазор кӯдакон имкони ба мактаб рафтану савод омӯхтан надоранд ва ҳазорон нафари дигар ба ҳалокат мерасанд.

Мардуми тоҷик аз давраҳои қадим то ба имрӯз баробари таҳкими дӯстиву рафоқат ва сулҳу субот ба қадри илму дониш ва мактабу маориф низ мерасанд ва ба ин манбаи ташаккулдиҳандаи арзишҳои маънавии ҳаёти инсон арҷ мегузоранд.

Омӯзгорон ва падару модарони гиромӣ!

Халқи тоҷик ҳамчун миллати соҳибтамаддун дар ҳар давру замон омӯхтани илму донишро яке аз шартҳои асосии рушди маънавиёти инсон медонистанд.

Ин анъана то ба имрӯз идома ёфта, дар замони соҳибистиқлолӣ мазмун ва арзиши нав касб кардааст.

Дар натиҷаи дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат, татбиқи лоиҳаву барномаҳои давлатӣ, соҳибкорону саховат-мандон ва таваҷҷӯҳи бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то ба имрӯз даҳҳо муассисаи нави таълимӣ бунёд гардида, таъмир ва ба шароити замон мутобиқ гардони-дани муассисаҳои таълимӣ бомаром идома дорад.

Ба оғоз гардидани соли нави таҳсил бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони ватандӯст дар деҳаи Гулистони деҳоти Даҳана муассисаи нави таълимии № 82 бо 9 синфхона ва дар назди 8 муассисаҳои таълимӣ 39 синфхонаҳои нав сохта мавриди истифода қарор дода шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия пайваста тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда, бахшида ба таҷлили ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз беш аз 46 адад иншооти соҳаи маорифро ба нақша гирифтааст.

Имрӯз шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳия ба 85 адад ва шумораи муҳассилини онҳо ба 65 ҳазору 917 нафар расидааст, ки ба онҳо 2667 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд.

Ҳамзамон, соли таҳсили 2022-2023 ба рӯи беш аз 7152 нафар наврасоне, ки бори нахуст ба остонаи мактаб пой мегузоранд, дари хазонаи илму маърифат, дунёи омӯзиши зебоии ҳаёт, саҳифаи наву рангоранги зиндагӣ бо табассум ва меҳрубонии малеҳи падаронаи устодон боз хоҳад гашт, ки дӯстрӯякон ва волидайни онҳо бесаброна оғози соли нави таҳсили имсоларо интизор буданд.

 

 

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 80 яке аз муассисаҳои таълимии намунавӣ дар ноҳия ба ҳисоб рафта, дар ин боргоҳи муқаддас 2021 нафар хонандагон дар 28 синфи русӣ ва 33 синфи тоҷикӣ таҳсил менамоянд.

Соли таҳсили 2021-2022-юм 104 нафар муассисаи мазкурро хатм намуда, 102 нафари онҳо ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохил шуданд, ки аз рӯи нишондод 99 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, дар соли таҳсили гузашта дар ноҳия 9 нафар ғолибони олимпиадаҳо, 19 нафар гирандагони стипендияҳои Прези-денти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 нафар гирандагони стипендияҳои раиси вилояти Хатлон ва 11 нафар гирандагони стипендияҳои раиси ноҳия аз ҳамин боргоҳи илму маърифат мебошанд.

Дар ин ҷода барои таълиму тарбияи шоиста ба ҳамаи шумо омӯзгорон ва падару модарон аҳсан хонда, самимона изҳори сипос менамоям.

Омӯзгорон, падару модарон ва шахсони обрӯманду таҷрибадор вазифадоранд, ки дар чунин шароит наврасону ҷавононро барои омӯхтани илму дониш, азхудкунии касбу ҳунар, самимона дӯст доштани Ватан, давлати соҳибистиқлол худ ва ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ роҳнамоиву тарбия намоянд.

Вобаста ба ин, омӯзгоронро зарур аст, ки ҷиҳати омӯхтани навгониҳои илмиву таълимӣ, таҷрибаи пешқадам ва такмили маҳорату малакаи касбии худ мунтазам кӯшиш намоянд.

Танҳо бо чунин роҳ мо метавонем насли наврасу ҷавони содиқ ба ғояҳои давлатдории миллиро тарбия намоем ва онҳоро ба раванди бархӯрдҳои иттилоотиву равонии замони муосир ҳамаҷониба омода созем.

Наврасону ҷавонони боиродаи ноҳияи моро зарур аст, ки бо шукронаи истиқлолу озодӣ дар пайи ободӣ ва пешрафти кишвари азизи худ бошанд, зеро дар Тоҷикистон барои амалӣ гардидани тамоми мақсаду мароми созандаи онҳо ҳамаи шароиту имкониятҳои мусоид муҳайё карда шудаанд.

Бовар дорам, ки кормандони соҳаи маориф ва ҳар як сокини бонангу номуси ноҳияи Ёвон ба қадри ин неъматҳои бузург мерасанд ва барои ҷашни пуршукӯҳи 31- солагии Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати боз ҳам пеш-рафта гардидани Тоҷикистони азиз саҳми арзишманди хешро мегузоранд.

Бори дигар ҳамаи Шуморо бо Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хонаи обод ва барору комёбӣ орзумандам.

Соли нави таҳсил муборак бошад, омӯзгорон, падару модарон ва ҳамдиёрони азиз!