Натиҷаҳои фаъолияти нуҳмоҳаи иқтисодиву иҷтимоии ноҳия

  • Posted on: 7 October 2017
  • By: korbar

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар давоми 9 моҳи соли 2017 ҷаласа доир гардид.

Аз маълумотномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бармеояд, ки дар ин давра:

Нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ 102,0 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 107 млн. 505,7 ҳазор сомонӣ ба буҷет 109 млн. 663,2 ҳазор сомонӣ ворид гашт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 32 млн. 781,8  ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми хароҷот 107,0 фоизро ташкил дода, 64 млн 292,3 ҳазор сомонӣ маблағҳои пешбинишуда аз худ карда шудааст.

Бақияпулиҳои андозҳои давлатӣ 12 млн. 298,8 ҳазор сомониро  ташкил дода, нисбати аввали сол 343,0 ҳазор сомонӣ кам шудааст.

Кишоварзони ноҳия дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба қадри 700 млн.  579,5 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намудаанд, ки аз он 557 млн. 808,2 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби растанипарварӣ ва 142 млн. 771,3 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби чорвопарварӣ мебошад.

Дар ҳама бахшҳо 4110,7 тонна гӯшт, 20494,4 тонна шир, 4 млн. 963,4 ҳазор дона тухм, 51,9 тонна пашм, 27,5 тонна асал, 27,5 тонна пилла, истеҳсол карда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 277,8 тонна гӯшт, 598,8 тонна шир, 386,7 ҳазор дона тухм,  пашм 6,4 тонна,  0,5 тонна асал зиёд аст.

Аз 42 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ 37-тои он фаъолияти истеҳсолӣ намуда, ба маблағи 907 млн. 376 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки ин нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта 331 млн. 833 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Корхонаҳои саноатии ноҳия 440569 тонна семент, 415 тонна намаки ошӣ, 35534 дона гачкартон, 775 тонна риштаи пахтагин, 2 млн. 390 ҳазор ҷуфт ҷӯроб ва 13,4 тонна риштаҳои рангкардашуда ба хориҷи кишвар содирот гардидаанд, ки маблағи умумии онҳо 203 млн. 872 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

149 иншооти фароғатӣ, маданӣ, хизматрасониву маишӣ, тандурустӣ ва ғайраҳо ба итмом расонида шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар кӯчаи ба номи А.Ҷомии ҷамоати шаҳраки Ёвон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Қориев Мухторхуҷа ва Муқимов Ҳикматулло ду бинои миёнаошёнаи истиқоматии хуштарҳи замонавӣ яке дорои 70 манзили истиқоматӣ ва дигаре дорои 88 манзили истиқоматӣ бунёд ёфтанд. Дар Ҷамоати деҳоти Даҳана бинои нави дуошёнагии маъмурии ҷамоат ва дар кӯчаи Меҳвари шаҳраки Ёвон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Мелиев Алишер бинои хуштарҳи сеошёна мавриди истифода қарор дода шуд. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар ду бинои истиқоматии 5-ошёнагӣ ва даҳҳо иншооти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия босубот идома доранд. 

Пули калонҳаҷми маркази ноҳия, ки дар натиҷаи омадани сел соли 2014 ба куллӣ аз байн рафта буд, айни замон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ барқарор гардида истодааст. Мувофиқи лоиҳаи тасдиқгардида маблағи барқарорсозии пул 23 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки то имрӯз аз он дар ҳаҷми 9 млн. 200 сомонӣ корҳои оҳану бетонӣ, зерпояву таҳкурсигузорӣ ва кашонидани сангу шағал иҷро гардидаанд.

Дар назди муассисаҳои таълимии рақамҳои 2, 4, 69, 39 ва 76 дар маҷмӯъ 12 синфхонаи нав бо 325 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд. Айни замон бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57 иборат аз 22 синфхона, 12 кабинети фаннӣ, толор ва майдончаи варзишӣ ва бо саҳмгузории ҶДММ “Моҳир семент” дар кӯчаи А.Ҷомии шаҳраки Ёвон муассисаи нави таълимӣ бо 640 ҷойи нишаст ва дар назди 6 муассисаи таълимӣ 16 синфхонаи иловагӣ бунёд гардида истодааст.

Бо мақсади рафъи мушкилоти норасоии ҷойи нишаст, мутобиқи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021 дар ҳудуди ноҳия сохта ба истифода дода шудани 8 муассисаи нав, инчунин 12 бинои нави таълимӣ дар назди муассисаҳои мавҷуда ба нақша гирифта шудааст. 

Соли хониши баанҷомрасида 3169 нафар хонандагон синфи 11-ро хатм намуда, 2509 нафар ё худ 79,1 фоизи онҳо ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат супурдаанд, ки ин дар қиёс бо соли гузашта 659 нафар зиёд аст. Тибқи маълумоти Маркази миллии тестӣ 1303 нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ба донишкадаву донишгоҳҳо ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои ҷумҳурӣ дохил шудаанд, ки ин баробари 41,1 фоиз мебошад.

Илова бар ин мутобиқи маълумоти фаврӣ 106 нафар хатмкардагони синфи 11 ба филиали коллеҷи омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ дар ноҳияи Ёвон, 300 нафар ба литсейҳои касбии техникии ноҳия, 22 нафар тибқи квотаи Президентӣ ва 21 нафар ба макотиби қудратӣ, инчунин 44 нафар ба донишгоҳҳои олии хориҷи кишвар дохил шудаанд. Яъне дар маҷмӯъ боз 15,5 фоизи хатмкунандагон алҳол таҳсили худро дар донишгоҳҳо, коллеҷҳо ва литсейҳои касбии техникии кишвар идома дода истодаанд ва бо назардошти ин омор теъдоди умумии дохилшудагон 56,6 фоизро ташкил медиҳад.   

Иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар гардида, дар ин давра 61 нафар, дар олипиадаҳои ҷумҳуриявӣ 3 нафар, дар олимпиадаҳои фосилавӣ 25 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд. Олимпиадаҳои фаннӣ нишон доданд, ки дар ин самт хонандагони литсейи давлатии №1, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 1, 2, 5 ва 12 бештар муваффақ гаштаанд.  

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии соҳибкорону саховатпешагон ба суратҳисоби бонкии 48 нафар ятимони кулл 16900 сомонӣ гузаронида шуд ва ба ҳамаи онҳо сару либоси мактабӣ тақдим гардид.

Аз ҷониби 11 нафар ноболиғон 14 ҳолати  ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 нафар ва 12 ҳолат кам аст (хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии рақамҳои 12, 17, 61, литсейи касбии техникӣ ва 4 нафар сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи А.Ҷомӣ). Ҳамчунин, ташвишовар аст, ки дар ин давра 2 нафар ноболиғон (хонандагони муассисаҳои таълимии рақамҳои 47 ва 68) даст ба худкушӣ задаанд.   

Бо маблағгузории буҷаи маҳаллии ноҳия дар ҳаҷми беш аз 149 ҳазор сомонӣ ва бо маблағгузории беморхонаи марказӣ дар ҳаҷми 40 ҳазору 900 сомонӣ барои шуъбаҳои беморхона дастггоҳи муосири Ултрасадо, ароба ва кардиомониторҳои наздикатӣ харида шудааст. 

Дар нуҳ моҳи соли равон дар ноҳия 5111 кӯдак ба дунё омадааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 570 нафар кам мебошад. Таваллуди хонагӣ ба 61 нафар мерасад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 78 нафар кам аст

Нишондиҳандаи фавти аҳолӣ 536 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нуҳмоҳаи соли 2016  11 нафар кам аст. Фавти кӯдакону наврасони то ҳаждаҳсола 140, аз он кӯдакони то яксола 107 нафар ва калонсолон 396 нафарро ташкил додааст. Мутаассифона, нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта фавти кӯдакони то яксола 12 нафар зиёд гаштааст.

148 нафар занону духтарон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, 23 нафар ба гурӯҳҳои худмаблағгузори касбомӯзӣ ҷалб гардидаанд, 554 нафар занону духтарон дар давраи ҳисоботӣ бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд.

Дар дар ҳудуди ноҳия 1218 ақди никоҳи навхонадорон ба қайд гирифта шудааст. Мутаассифона, дар ин муддат 121 ақди никоҳ вайрон гардидааст. Аз ин рақам 76 ҳолат бо қарори суд ва 45 ҳолати боқимонда бо розигии тарафайни ҳамсарон ба миён омадааст. Ҳолатҳои вайроншавии оилаҳо ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Ёвон- 21, ба номи Ҳ.Ҳусейнов- 18, ба номи Г.Юсуфова- 16, Норин- 14, Чоргул- 12, Обшорон- 12, Ситораи Сурх- 11, Ҳаёти Нав- 11 ва Даҳана- 6 ҳолат рост меоянд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабабҳои ҷудошавии оилаҳо асосан ба зиндагии мустақилона тайёр набудани ҷавонону духтарон, набудани якдигарфаҳмӣ, дахолати волидайн, ба муҳоҷирати меҳнатии дарозмуҳлат рафтани ҷавонон ва бетаҳаммулии ҳамсарони ҷавон мебошад.

Боиси изтироб аст, ки дар ин давра 2 нафар занон ва 9 нафар мардҳо бо сабабҳои номаълум даст ба худкушӣ задаанд (аз ҷамоатҳои Ҳаёти Нав, Норин, ба номи Г.Юсуфова, Даҳана ва ба номи Ҳ.Ҳусейнов).

Дар доираи таҷлили Соли ҷавонон дар ҳудуди ноҳия 4 иншооти варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Вазишгарони ноҳия дар маҷмӯъ 85 медал ба даст овардаанд, ки аз он тилло 24 адад, нуқра 22 адад, биринҷӣ 39 адад мебошад.

Дар самти риоя нагардидани муқаррароти Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ” 8 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 1 ҳолат зиёд аст (ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти Ёвон- 2 ҳолат, ба номи Ҳ.Ҳусейнов- 2 ҳолат, ба номи Г.Юсуфова- 1 ҳолат, Даҳана- 1 ҳолат, Норин- 1 ҳолат ва Ҳаёти Нав- 1 ҳолат.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо саҳмгузории ташкилоту муассисаҳо, шахсони саховатпешаю хайрхоҳ ва соҳибкорону ходимони дин дар давоми нуҳ моҳи соли 2017 ба сарбозони қисми низомии дар ноҳия буда, тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятиму бепарастор ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, бошандагони хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳия, маркази минтақавии рӯзона барои пиронсолон ва маъюбони «Умед», иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ҷамъияти нобиноён, оилаҳои ниёзманд ва фақирону муҳтоҷон ва ба маблағи 1 млн. 334 ҳазору 489 сомонӣ кумакҳои моддиву молиявӣ расонида шудааст.

Раиси ноҳия муҳтарам Амирбеки Темур ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Исмат Каримов дар анҷоми ҷаласа суханронӣ карда, бо мақсади таъмини рушди ояндаи ноҳия ва ҷамъбасти бамуваффақияти соли 2017 ба масъулони соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳангу маориф дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.