ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД БЕДОРИИ СИЁСИИ МАРДУМРО РӮЗ БА РӮЗ БЕШТАР МЕНАМОЯД

  • Posted on: 3 August 2022
  • By: korbar

Субҳи имрӯз 03.08.2022 дар Ҷамоати деҳоти Чоргул раиси ноҳия муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро бо қишри мухталифи ҷомеа вохўрӣ намуда аз ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат, ки ҳадафаш рушди устувори ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии халқ мебошад сухан ронда, ҳозиринро доир ба арзишҳои волои инсонӣ, расидан ба қадри сулҳу ваҳдат, истиқлолият ва давлатдории миллӣ ҳидоят намуданд.

Зимни баргузории вохўрӣ перомуни мавзўъҳои худшиносию худогоҳӣ, тарбияи ватандорию ватандўстӣ, мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, хурофотпарастию ифротгароӣ, масъалаҳои оиладорӣ, оқибатҳои зараровари никоҳи хешутаборӣ, захираи маводи дусолаи озуқаворирӣ, вазъи ҷаҳони муосир вобаста ба раванди ҷаҳонишавӣ ва амсоли инҳо мубодилаи афкор намуданд.

Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва хеле таассуротбахш сурат гирифт.

Дар рафти мулоқот ба суолҳои мардум посухҳои мушаххас дода шуд, вобаста ба онҳо мутахассисони соҳа низ ибрози ақида намуданд.