ИНЪИКОСИ РУШД ВА МУШКИЛОТ ДАР ОИНАИ МАТБУОТ.

  • Posted on: 29 July 2022
  • By: korbar

Рӯзи 29 июли соли 2022 дар толори Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон бо иштироки васеи хабарнигорони ВАО аз рӯи натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввли соли 2022 нишасти матбуотӣ доир гардид.

Раиси ноҳия Саидзода Ҷамшед Ҳамро, муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои мақомоти иҷроия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ба суолҳои зиёди хабарнигорони вилоятиву ҷумҳуриявӣ муфассалан посух доданд.

Хабарнигорон дар маҷмӯъ 21 саволро матраҳ карданд, ки асоситарини онҳо ба масоили ободонию бунёдкориҳо, таъмири роҳҳои мошингард, ҳифз ва нигаҳдошти мавзеъҳои таърихӣ, ба муҳоҷирати меҳнати рафтани омӯзгорон, ҳолати мелиоратии заминҳои киштшаванда, фаъолияти муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг дахл доштанд.

Раиси ноҳия муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро изҳори боварӣ карданд, ки намояндагони ВАО дар инъикоси воқеии фазои иҷтимоию иқтисодии кишвар, аз он ҷумла ноҳияи Ёвон, саъю талош варзида, дар амри пешрафту ободонии Ватан нақши муассир мегузоранд.