ВОХУРИ БО МАРДУМ 28.07.2022

  • Posted on: 28 July 2022
  • By: korbar

 Ҷиҳати ба самъи мардум расонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди вусъати кишту кори тирамоҳӣ, истифодаи самараноки замин, ба сафҳои Артиши миллӣ сафарбар намудани ҷавонони синну соли даъватӣ ва дигар мавзӯъҳои рӯзмарра дар деҳоти Даҳана, вохурии Раиси ноҳия муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро бо сокинон доир гардид.  

          Зимни вохурӣ Раиси ноҳия ба масъалаи кишту кори тирамоҳӣ диққати аввалиндараҷа дода хоҷагидоронро вазифадор намуданд, ки ҳар як ваҷаб заминро оқилона истифода намоянд. Таъкид гардид, ки бо назардошти вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар як оиларо зарур аст, ки захираи маводи дусолаи озуқавориро дар шароити кунунӣ фароҳам намояд.

 Дар мулоқот, ки хеле озод ва муфид гузашт, садҳо нафар бошандагони маҳаллаҳо иштирок карда, бо саволу дархост ба Раиси ноҳия муроҷиат намуданд.