СИЛИСИЛАВОХӮРИҲОИ РАИСИ НОҲИЯИ ЁВОН БО АҲОЛИИ ҶАМОАТЧИГИИ НОҲИЯ.

  • Posted on: 26 July 2022
  • By: korbar

Тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар ҳама шаҳраку деҳоти ноҳияи Ёвон вохӯриҳои раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро бо сокинон ва фаъолони маҳаллаҳо доир гардида истодааст.

Субҳи имруз 26 июл раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро дар саҳни Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх вохӯри судманд бо сокинон ва фаъолони баргузор намуданд. Дар вохӯрӣ масъалаҳои истифодаи оқилона ва самараноки замин, захираи маводи дусолаи озуқаворӣ дар ҳар як оила, пешгирии амалҳои номатлуб аз қабили содир намудани ҷиноятҳо, терроризму экстремизм, коррупсия, нашъамандӣ, худкушию худсӯзӣ, ҷудошавии оилаҳо, тозагии шаҳрак, ба сафҳои Артиши миллӣ сафарбар намудани ҷавонони синну соли даъватӣ ва дигар мавзӯъҳои рӯзмарра баррасӣ гардиданд.

Дар рафти вохӯриҳо ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла истифодаи оқилонаву самараноки замин, кишти зироатҳои кишоварзӣ, дар навбати аввал картошка, сарфаю сариштакорӣ дар истифодаи неруи барқ эътибори ҷиддӣ зоҳир гардида, бо мақсади расидагӣ ба мушкилоти сокинон тадбирҳои судманд роҳандозӣ карда шуданд.

Муовинони расиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар масъулин вазифадор гардиданд, ки аз ҳама шароиту имкониятҳо истифода бурда, истифодаи пурраи заминҳои корам, кишти такрорӣ ва фаъолияти босамари хоҷагиҳои деҳқониро таъмин намуда, барои омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар ин робита, ба сомон расонидани корҳои банақшагирифташуда тадбирҳои таъсирбахш андешанд.

Зимни ин вохӯрӣ якчанд нафар шаҳрвандони касбу кори гуногун, маъюбон ва эҳтиёҷмандон бо саволу пурсишҳои мухталиф ба раиси ноҳия муроҷиат намуданд. Талаботи чанд нафар дар доираи имкониятҳои мавҷуда қонеъ гардонида, барои ҳаллу фасли мушкилоти баъзе аз муроҷиаткунандагон ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.