Таҷлили Рӯзи забон

  • Posted on: 5 October 2017
  • By: korbar

Дар доираи таҷлил аз Рӯзи забони давлатӣ барои сохтмони як бинои нав- бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон санги асос гузошта шуд. Дар ин маросим раиси ноҳия Амирбеки Темур, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло, шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, шоир Шаҳобиддин Шуҷоъ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва аъзои фаъоли ҲХДТ иштирок намуданд.

 

Дар Кохи фарҳанги ноҳия ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он раиси ноҳия, Устодон Гулназар Келдӣ ва Абдулҳамид Самад суханронӣ карда доир ба мақому мартабаи забони тоҷикӣ изҳори андеша карданд.

 

Дар суханронии раиси ноҳия зикр гардид, ки: «Мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ва рушду нумӯи он дар тӯли беш аз ду даҳсолаи охир аз ҷумлаи муҳимтарин рамзҳои истиқлолияти давлатию сиёсии Тоҷикистони маҳбуби мо ба ҳисоб меравад.

 

Забони модарии мо ҳамчун ёдгории муҳташами миллӣ ва оинаи таърихи деринаи халқамон урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории миллатро инъикос менамояд ва аз ин нуқтаи назар, Ватан ва забон ангезандаи эҳсоси олӣ буда, ҳамчун мафҳумҳои муқаддас арзёбӣ карда мешаванд».

 

Барномаи консертии ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия таҳти унвони «Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст» бори дигар собит намуд, ки забони ширину шевои тоҷикӣ забони илму фарҳанг аст ва таҳкиму густариши он аз ҳар як соҳибзабон ҳисси баланди ватандорӣ ва масъулиятшиносиро тақозо менамояд.