Таҷлили рӯзи Ваҳдати миллӣ

  • Posted on: 26 June 2022
  • By: korbar

Ба ифтихори 25-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ дар кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон бо иштироки фаъолон, собиқадорон, кормандони бахшу сохтори мақомоти иҷроия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва чорабинии ботантана баргузор шуд.

Раиси ноҳия муҳтарам Сидзода Ҷамшед Ҳамро ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки ҳар яки мо бояд як нуктаи бисёр муҳимро доим дар хотир дошта бошем, ки шарти муҳимтарини хушбахтии инсон зиндагӣ дар Ватани орому осуда ва ободу зебо мебошад.

Агар дар мамлакат сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат ва ваҳдати миллӣ ҳукмфармо бошад, тамоми нияту ҳадафҳои нек ва нақшаву барномаҳо иҷро мегарданд ва масъалаву мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ тадриҷан бартараф карда мешаванд.

Дар идома ҳунармандони театри “Оина”-и назди  Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаҳои ҷолибу рангини консертӣ рӯи саҳна омада, хотирини ҳозиринро шод ва ба тантанаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳусни идона зам намуданд.

Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ дар даромадгоҳи деҳаи Дастгираки деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов лавҳаи қаҳрамонони Тоҷикистон, гулгашт дар боғи Парчам ва як майдончаи варзишӣ дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ гардид.

Дар маросими ифтитоҳ раиси ноҳия муҳтарам Ҷамшед Ҳамро иштирок намуданд.