МУРОҶИАТНОМАИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ЁВОН БА СОКИНОНИ НОҲИЯ

  • Posted on: 14 June 2022
  • By: korbar

 Сокинони шарафманди ноҳияи Ёвон! Вазъи пуртаззоди ҷаҳони имрӯза ҳар яки моро водор месозад, ки ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, барои суботу оромии ҳар як оила, маҳалла, ноҳия ва дар маҷмӯъ Тоҷикистони соҳибистиқлоламон саъю талош намоем. Дар шароити имрӯза истифодаи оқилонаи обу замин яке аз шартҳои асосии беҳдошти рӯзгори мардум ба ҳисоб рафта, ҳар яки моро зарур аст, ки ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо дастур медиҳанд, ки ҳар як порча замини дар ихтиёрдоштаамонро самаранок истифода барем ва дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми худро гузошта, барои аз як замин гирифтани ду-се ҳосил ҷидду ҷаҳд намоем. Дар шароити иқтисоди бозоргонӣ танҳо фаровонии маҳсулот метавонад ба коҳиши нархҳо дар бозори истеъмолӣ, то андозае таъсиргузор бошад. Дар ин замина гузаронидани кишти такрории зироатҳои гуногун имрӯз тақозои замон аст. Бинобар ин мо бояд ҳар як ваҷаби аз кишти зироатҳои ғаладонагӣ ва картошкаю пиёзи барвақтӣ озодгардидаро аз нав шудгор карда, ба ҷои он кишти зироатҳои донагӣ, аз ҷумла мош, наск, лӯбиё, нахӯд, ҷуворимаккаи дон ва полезиҳою сабзавотҳоро ба роҳ монем. Инчунин, вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат захираи дусолаи маводи ғизоиро ба роҳ монем. Дар ин замина аз ҳар яки Шумо даъват менамоем, ки барои ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва пур кардани дастрахони сокинони ноҳия ва кишварамон аз заминҳои дарихтиёрдоштаатон самаранок истифода бурда, ҳосили хуби зироатҳоро парвариш намоед. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон