Муаррифии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ёвон барои солҳои 2021-2025

  • Posted on: 16 May 2022
  • By: korbar

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии техникии Барномаи рушди СММ санаи 14 майи соли 2022 дар ноҳияи Ёвон ҷаласаи муаррифии «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ёвон барои солҳои 2021-2025» баргузор гардид.

Мақсади ташкил намудани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ, пешниҳоди иттилоот ба аҳолӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ, оиди муаррифии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ёвон барои солҳои 2021-2025 мебошад.

Мудири бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда ва Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ёвонро барои солҳои 2021-2025 муаррифӣ намуд. Қайд карда шуд, ки Барномаи рушд ҳамчун ҳуҷҷати асосии ноҳия, афзалият ва самтҳои умумии сиёсати ноҳияро муайян менамояд, ки он барои ноил гардидан ба рушди устувори иқтисодии ноҳия, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои заминавии иҷтимоӣ ва баланд намудани сатҳи некўаҳволии сокинон, дар ояндаи миёнамуҳлат, нигаронида шудааст.

Дар охири ҷаласа роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Барномаи рушди СММ барои кумаки машваратӣ дар раванди таҳияи Барномаи рушди ноҳияи Ёвон изҳори сипос намуд.

Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи «Тақвияти иқтидори Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои соҳавӣ, идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои ҳамоҳангсозии самаранок, банақшагирӣ, мониторинг ва ҳисоботдиҳии СМР/БМР ва ҲРУ» аз ҷониби БРСММ маблағгузорӣ карда шуд.