“Рӯзи дави миллӣ”

  • Posted on: 15 May 2022
  • By: korbar

Варзиши бадан кафолати саломатист.

Имрӯз 15 майи соли 2022 бахшида ба “Рӯзи дави миллӣ” дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи васеъ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарият ва кормандони ҳама ташкилоту муассисаҳо, донишҷӯёни коллеҷҳои тиббӣ ва технологӣ фармасевтӣ, литсейҳои касбии техникӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва намояндагони дигар қишри аҳолӣ, калонсолон, ҷавонон ва наврасону кӯдакон муташаккилона ширкат варзиданд. Бештар аз 30 фоизи иштирокчиёни мусобиқаро духтарону бонувон ташкил доданд.

Раиси ноҳия муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро дар анҷоми ин чорабинии варзишӣ иброз намуд, ки Рӯзи дави миллӣ тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007, № 225 ҳамасола баргузор карда мешавад, ки мақсад аз он ҳарчӣ бештар ба тарзи ҳаёти солим ва варзиши бадан ҷалб намудани аҳолӣ мебошад. Воқеан, варзиш ва тарбияи бадан василаест, ки тану рӯҳи инсонро солим нигоҳ дошта, пайдоиши бисёр намуди бемориҳоро пешгирӣ менамояд. Чуноне ки мегӯянд “Рӯҳи солим дар тани солим аст”.

Ғолибони мусобиқа бо диплому сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мушарраф гардонида шуданд.

Дар маъракаи Дави миллӣ беш аз 2000 нафар сокинони шаҳрак иштирок дошта, аз инҳо зиёда аз 700 нафарашонро бонувон ташкил медод. Ҳайати иштирокиёни Дави миллӣ аз назди муҷасамаи “Модар” давро оғоз намуда то назди Кохи фарҳанг идома доданд.

Маъракаи оммавии варзишӣ дар сатҳи баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ ташкил ва гузаронида шуд.