ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ.

  • Posted on: 9 May 2022
  • By: korbar

Ба ифтихори 77-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар “Боғи Ғалаба”-и ноҳияи Ёвон роҳпаймоии пуршукӯҳ доир гардид, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, расиони ҷамоатҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони меҳнат, ҷанговарони интернатсионалист, бартарафкунандагони садамаи Стансияи атомии “Чернобил”, аъзои ташкилотҳи ҷамъиятии “Ҳомиёни Ватан” ва “Сипарони Ватан”, варзишгарон, гирандагони ситипендияҳои президентӣ, раиси вилояти Хатлон ва раиси ноҳияи Ёвон, донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва дигар фаъолони ноҳия ширкат варзиданд. Дар анҷоми роҳпаймоӣ барои поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд, дар назди пояи муҷассамаи “Зафармандон” ва “Оташи ҷовидон” гулчанбар гузоштанд. Ба поси хотири шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва қурбониёни роҳи озодӣ “Дақиқаи хомӯшӣ” эълон гардид.

Дар қисмати дуюми барномаи идона раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро ҷашни Ғалабаро ба ҳозирин муборакбод гуфта, аз ҷумла қайд кард, ки “Бо гузашти солҳо, хусусан, дар шароити торафт авҷ гирифтани нооромиву бесуботӣ дар кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни олам, аҳаммияту арзиши ин санаи таърихӣ дар байни мардуми олам меафзояд.

Рӯзи Ғалаба на танҳо ба собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони калонсол, балки барои наслҳои наврас ва ҷавони имрӯза низ гиромӣ мебошад, зеро он нишонаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги шуҷоату мардонагӣ ба хотири ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад”.

Барномаи консертии аҳли фарҳанги ноҳия таҳти унвони “Зафармандон” ба ин чорабинии идона зебу фараҳ ва шаъну шукӯҳи дигар зам намуд.

 

 

Эмомалӣ Файзализода - мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Ёвон