Пешгирии паёмадҳои офати табиӣ
Рӯзи 2 майи соли ҷорӣ дар толори мақомот ситоди комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон оид ба ҳолатҳои фавқулодда дар асоси барқияи фаврии раиси вилояти Хатлон аз 2 майи соли 2022, № 1/116 оиди паст кардани хавфи хатари омадани сел, баландшавии сатҳи оби дарёҳо ва пешгирии сар задани ҳолатҳои нохуш ҷиҳати тоза намудани каналу ҷӯйборҳо, селроҳаҳо, инчунин омода намудани техникаю таҷҳизотҳои зарурӣ ва дигар чорабиниҳои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда баргузор гардид.
Ситодро раиси ноҳия ҳамзамон раиси комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон оид ба ҳолатҳои фавқулодда муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро оғоз намуда, қайд карданд, ки ситоди имрўза бо мақсади андешидани чораҳои зарурӣ дар сатҳи омодабош қарор додани ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ бо техникаву таҷҳизотҳо оид ба паст кардани хавфи хатари ҳолатҳои фавқулодда дар паёмадҳои офати табиӣ баргузор мегардад.
Муҳтарам Саидзода Ҷ. Ҳ. сараввал ҳозиринро бо муҳтавои барқияи фаврӣ шинос намуда ба сартабиби ноҳия Халилов Бурҳониддин ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия Боев Абдуғиёс дастур доданд, ки дар якҷоягӣ бо директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва марказҳои саломатии минтақавӣ оид ба пешгирии паёмадҳои офати табиӣ, расонидани ёрии аввалини тиббӣ дар аснои офатҳои табиӣ, рафъи ҳолатҳои фавқулодда, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва амалиётҳо анҷом диҳанд.
Бо мақсади пешгирӣ аз офати табиӣ ба раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот супориш дода шуд, ки сокинонро огоҳ созанд, ки худро қабл ба ҳар ҳодисаи эҳтимолии вобаста ба боришоти шадид омода кунанд то ҳадди имкон дар рӯзҳои борониву хатаровар аз сафар тариқи роҳҳои кӯҳӣ, рафтан ба ҷамъоварии алафи табии, рондани чорво ба саҳро ва шикор худдорӣ намоянд. Ҳатмист ташкил намудани ҳашари умумӣ бо ҷалби аҳолии маҳаллаҳо барои тоза намудани ҷӯйборҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо ва сангу регу шағал пок созанд, то об ба маҷрои худ ҷорӣ шавад ва вориди ҳавлӣ ва манзили истиқоматӣ нашавад.
Дар ҳамин иртибот муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо муаззаф гардиданд, ки оиди муайян намудани ҷойҳои осебпазир, селроҳаҳо ва дар вақти офатҳои табиӣ ба минтақаҳои бехавф интиқол додани сокинон чораҳои зарурӣ амалӣ намоянд.
Муҳтарам Саидзода Ҷ. Ҳ. зарур шумориданд, ки сардори муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия, сардори Раёсати коммуналӣ, истеҳсолӣ ва истифодабарии манзилии шаҳраки Ёвон ва дигар ташкилоту муассисаҳои ноҳия барои анҷом додани корҳо ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиӣ ронандаҳои техникаҳои махсусро бо хӯроку лавозимот таъмин намуда дар ҳолати омодабошӣ қарор диҳанд.
Ба Раҷабзода А. муовини раиси ноҳия оид ба сохтмон ва саноат- дастур дода шуд, ки рӯйхати тамоми техникаҳои зарурӣ аз қабили экскаватор, трактор, мошинҳои борбардор ва мусофиркашониро муайян намуда, ба комиссияи мазкур пешниҳод намояд.
Сипас, Муродов И раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ. Ҳусейнов оиди ба вуқуъ омадани дамбаи сел ва хавфи рахнашавии он дар деҳаи Қуймот ибрози ақида намуд. Ӯ қайд намуд, ки дар вақти боришоти шадид доим аз сангрезаю хоктӯдаҳои заводи “Хуаксин-Ғаюр-семент” дар қисмати болои деҳаи Қуймот ҳавзи лойоба ба вуҷуд меояд. Инчунин, дар баромадашон пешниҳод намуданд, ки роҳбарияти заводи мазкурро зарур аст як техникаи рахнакунанда доиман то бартараф шудани боду ҳавои номусоид дар минтақаи зикршуда вобаста намоянд.
Раиси ноҳия аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ҷиҳати пешгирии рафъи оқибатҳои офати табиӣ тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар ҳар як маҳалла шахсони масъулро бо санади меъёри ҳуқуқӣ тасдиқ намуда, ба комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба ҳолатҳои фавқулодда пешниҳод намояд.
Иштироккунандагони Ситод муҳтавои суханронии раиси ноҳия- раиси комисияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба ҳолатҳои фавқулоддаро дастгирӣ намуда, изҳор доштанд, ки барои гирифтани пеши роҳи офатҳои табиӣ дар байни аҳолии деҳот корҳои фаҳмондадиҳиро ба таври ҷиддӣ ба роҳ мемонанд.
Вобаста ба иҷрои Амри раиси вилояти Хатлон, Амри раиси ноҳияи Ёвон аз 3 майи соли 2022, таҳти № 57 ба тасвиб расонида, санаҳои 5-6 майи соли 2022 дар ҳудуди ноҳияи Ёвон чорабиниҳоро оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода (гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкуни, тоза намудани каналҳо, селпартоҳҳо, сероҳаҳо, сойҳо ва заҳбуру заҳкаш) бо тариқи ҳашари дастаҷамъӣ доир намуд.
Санаи 5 майи соли ҷорӣ чунин корҳо ба сомон расонида шуд, аз ҷумла:
Дар Ҷамоати шаҳраки Ёвон бо ҷалби 1 адад эксковатор, 1 адад техникаи заминкани тамғаи «Хундай» ва 20 нафар ҳашарчиён, селроҳаи С-1 ба масофаи 120 метр тоза карда шуд;
Дар Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх бо ҷалби, 1 адад эксковатор, 1 адад автомашинаи боркаш, 1 адад техникаи заминкани тамғаи «Хундай» ва 30 нафар сокинон селгузари С-8 дар мавзеъи болои деҳаи Пахтакор ба масофаи 100 метр тозаю бехатар гардонида шуд;
Дар ҳамин Ҷамоат селгузари С-11 дар мавзеъи деҳаи Саргаҳ ба масофаи 220 метр, бо ҷалби 20 нафар, 1 адад эксковатор канда, бехатар гардонида шуд;
Дар Ҷамоати деҳоти Обшорон бо ҷалби 1 адад эксковатор шохоби чапи канали магистрали дар мавзеъи деҳаи Парчасой ба масофаи 140 метр, аз лою ифлосиҳо тоза карда шуд.
Санаи 6 майи соли 2022 дар доираи машқи ғайринақшавӣ чунин корҳо ба сомон расонида шуд, аз ҷумла:
Ҷамоати шаҳраки Ёвон – тоза намудани селроҳаи С-1 ба масофаи 80 метр, бо ҷалби 20 нафар, 1 адад эксковатор ва 1 адад погрузчик;
Дар Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх бо ҷалби 1 адад экскаватор селпартои С-11 дар мавзеъи деҳаи Саргаҳ ба масофаи 1800 метр аз нав канда бехатар карда шуд;
Дар Ҷамоати деҳоти Обшорон бо ҷалби 1 адад эксковатор шохоби чапи канали магистралӣ дар мавзеъи деҳаи Парчасой ба масофаи 100 метр аз лою ифлосиҳо тозаю бехатар гардонида шуд.