НИГОҲЕ БА ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗИ НОҲИЯИ ЁВОН

  • Posted on: 1 October 2017
  • By: korbar

НИГОҲЕ БА ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗИ НОҲИЯИ ЁВОН

 

Бо мақсади он ки муҳтавои китоб фаҳмотар шавад, мехоҳам кутоҳакак аз таърихи дуру наздики ноҳияи Ёвон ёдовар шуда, лаҳзае таваҷҷуҳи хонандаи азизро ба ҳаёти гузаштагон ва имрӯзиёни мардумони ин водии пурасрор ҷалб намоям.

Ноҳияи Ёвон чун як ҷузъи ватани паҳновари ниёгонамон дорои таърихи бой ва тамаддуни қадима аст. Албатта, шинохти ин ё он маҳал ҷудо аз таърихи минтақа имконпазир намешавад. Аз ин рӯ, бояд бубинем, ки ниёгони мо дар кадом асру замоне дар Тоҷикистони имрӯза ва дигар маконҳо маскун шудаанд.

Маълум аст, ки ҳанӯз дар гузаштаи хеле дур дар ҳудуди Афғонистон, Эрон, Покистон ва Осиёи Миёнаи имрӯза қабилаҳои форсизабонҳо маскан доштанд. Бохтар (Тахористон), ки ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон, Афғонистон, Узбекистон ва Туркманистонро дар бар мегирифт ва Суғди қадим, ки дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистону Узбекистон доман паҳн карда буд, зодбуми тоҷиконанд.

Водии Ёвон ҳамчун макони қадимаи обову аҷдоди тоҷикон ёдгориҳои арзишманде дорад, ки аз мавҷудияти тамаддуни бойу қадимаи инсонӣ дар ин минтақа шаҳодат медиҳанд. Ёдгории таърихии Қаратоғ-1, ки аз ҷониби олимони давраи шӯравӣ дар наздикии деҳаи Чормағзаки деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳия кашф карда шудааст, шаҳодат медиҳад, ки ҳанӯз беш аз дусад ҳазор сол муқаддам дар ин мавзеъ одамони давраи ибтидоӣ (палеолит) зиндагӣ мекарданд.

Бостоншиносон зимни ҳафриёт ва тадқиқоти зиёде аз мавзеъҳои гуногуни ноҳия ёдгориҳои давраҳои мезолит, неолит ва асри сангро низ дарёфт кардаанд. Нигораҳо ва олоту анҷомипурарзише, ки аз 57 мавзеъи таърихии ноҳия, аз ҷумла ёдгориҳои “Ғӯлакандоз”, “Дастгираки Боло”, “Навобод”, “Зулмобод”, “Пӯстхӯр” “Норин”, “Қузқайнар”,“Даҳана”, “Чаманзор”, “Тамошотеппа”, “Ғаравқалъа”, “Дудасарой”, қалъаҳои“Ёвон”, “Чароғчӣ”, “Сарқамиш”, “Чорраҳа”, “Чоргул”, “Пахтакор”, “Ғорбулоқ”, “Муллобаротӣ”ва ғайраҳоба даст омадаанд, аз давраи ҷомеаи ибтидоӣ,таърихи асри санг тозамони давлатдории Ҳайтолиҳо, Юнону Бохтар, Кӯшониён, Сосониёну Сомониёнва асрҳои минбаъда ҳикоят мекунанд (куҳантарини онҳо ба асри V то солшумории мо,ки дар таърих “Маданияти Ҳисор” ном гирифтааст,тааллуқ доранд).

Аз омӯзиши таърихи ноҳияи Ёвон маълум мегардад, ки сокинони бумии ин маҳал кушодадилӣ, бекинагию беғаразӣ, зарофатгуфторӣ, бетакаллуфӣ, инсондӯстию хайрхоҳироаз гузаштагони дуру наздикашон ба мерос гирифтаанд.Мардумон ва қавму қабилаҳое, ки баъдтар водии Ёвонро ҳамчун макони иқомат пазируфтаанд, бо гузашти замон пиндору кирдори мардумони таҳҷоиропазируфта, имрӯз аз ёвонӣ буданашон ифтихор мекунанд.

Барои идомаи фикр бамаврид аст, ки ин ҷо иқтибосе аз китоби пурарзиши “Ранҷ ва ганҷи Ёвон” оварда шавад: “Дар водии Ёвон асрҳо боз қабилаҳои гуногун: лақайҳо, қарлуқҳо, қавчиҳо (дурусташ: “қавчин” на “қавчӣ”. Ф.М.) ва ҷӯгиҳо бо ҳам дӯстона зиндагонӣ доранд. Муносибати дӯстона онҳоро бо ҳам наздик карда, зиндагиашонро хубтару беҳтар сохтааст. Таърихи ин қабилаҳоро аз ҳамдигар ҷудо тасаввур кардан мумкин нест. Онҳо туркнажод буда, бо тоҷикон, ки қисми асосии аҳолии ин мавзеъро ташкил мекарданд, паҳлу ба паҳлу зиста, сарзамини бобоёнро аз ҳуҷуми аҷнабиён муҳофизат намудаанд. Аз ҳамин сабаб, онҳо ба ҳамдигар аз бисёр ҷиҳатҳомонанд буда, урфу одат, намуди либоспӯшӣ, гузаронидани маъракаҳояшон байни ҳам умумияте доранд” (Назархуҷа Наботов, Раҷаби Мусулмониён. Ранҷ ва ганҷи Ёвон. – Душанбе: Амри илм, 2001. – с. 57).   

То замони инқилоби рус ва ташкил гардидани давлати сермиллати Иттиҳоди Шӯравӣ ҳудуди имрӯзаи ноҳияи Ёвон ҳамчун як ҷузъи қаламрави Аморати Бухоро ба ҳайати бекигарии Ҳисор шомил буд ва ҳокимони он аз ҷониби беки Ҳисор таъин карда мешуданд. Охирин нафаре, ки то давраи табаддулоти болшевикӣ мансаби ҳокимиятродар водии Ёвон ба зимма дошт, Абдулвоҳид - додхоҳ буд.

Баъд аз таъсис ёфтани Республикаи Халқии Бухоро (1920) барпокунандагони ҳукумати нав Путовский Ч., Черкасов В. ва Мелкумов Я. барои мубориза бурдан бар зидди душманони инқилоб ва таъсис додани сохтори ҳукумати шӯроҳо ба Бухорои Шарқӣ, аз он ҷумла водии Ёвон фиристода мешаванд. Фарзандони шуҷои водии Ёвон Юнусов Ҳасан, Қарчиев Зариф, Раҳимов Шариф, Қарчиев Одина, Тағоймуродов Ғиёс, Азимов Шариф, Нуров Пир, Қувандиқов Парда ва дигарон дар паҳлуи онҳо истода, дар амри ташкил гардидани Ҳукумати Шӯравӣ дар ин водӣ ҷонбозиҳо кардаанд.

Қобили зикр аст, ки аз ин миён сокини деҳаи Дастгираки Поён Юнусов Ҳасан, кисоли 1914 дар синни 15-солагияш ба шаҳри Бухоро рафта, то ғалабаи Инқилоби Бухоро мардикорӣ кардаву бо омадани Артиши Сурх ба корҳои хоҷагидории аскарони рус ёрӣ  мерасондааст, ҳамроҳи фармондеҳи эскадрони Артиши Сурх Яков Аркадевич Мелкумов (ӯро дар миёни халқ “Ёқуб-тура” меномиданд), ҳамчун роҳбалад аз шаҳри Бухоро ба водии Ёвон омадааст.

Соли 1923(қабл аз тақсимоти ҳудудии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва таъсис ёфтани Ҷумҳурии мухтори шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон (РАСС Тоҷикистон), замоне ки ҳокимияти болшевикон ба тақсимоти марзию ҳудудии Тоҷикистони имрӯза оғоз карданд, дар қисмати ҷанубии кишварамон ноҳияе бо номи "Лақайтоҷик” ташкил гардид, ки ба ҳудуди он ноҳияи Рӯдакӣ,як қисмати имрӯзаи ноҳияҳои Ёвон (аз сарҳадди ноҳияи А.Ҷомӣ то шаҳраки Ёвон), Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон шомил карда шуданд (он вақт қисмати шимолу шарқии ноҳияи Ёвон ба ҳудуди шаҳри Ваҳдат (он вақт ноҳияи Янгибозор) дохил мешуд).

Ноҳияи Ёвон дар асоси қарори Кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон 11 июни соли 1934 таъсис ёфта, он замон ҳамагӣ аз панҷ колхоз иборат буд ва аҳолияш тақрибан 12-13 ҳазор нафарро ташкил медод.

Ёдовар шудан аз таърихи ноҳия таълифи чандин китобҳои алоҳидаро талаб мекунад ва ногуфта намонад, ки то имрӯз дар бораи гузаштаи ин диёр аз ҷониби таърихнигорон Ханников Н. (соли 1936дар бораи ба водии Ёвон овардани оби дарёи Вахшба Кумитаи марказии ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ пешниҳод манзур намудааст), Олиянин Л., Грижмайло Г., Ғафуров Б., Мелкумов М., Налская Я., Юсупов А., Абдуллоев А., Юркевич Ю., Литвинский Б., Отахонов Т. ва дигарон пажӯҳишҳои илмиву бостоншиносие анҷом пазируфтаанд ва оид ба ин ё он паҳлуи ҳаёти мардумони ин диёр, ки бевосита ё бавосита ба таърихи ин минтақаи ҷуғрофӣ алоқамандӣ доранд, асарҳое аз қабили “Яван строится” (А.Константинов, 1972), “Ранҷ ва ганҷи Ёвон” (Р.Мусулмониён, ва Н.Наботов, 2001), “Аз Кушон то Ёвон” (Р.Мусулмониён, 1994), “Ёвони ман” (А.Сатторов ва Р.Мусулмониён, 2004), “Ёвон-Ориён” (У.Ширин, 2012), “Бунёдгарони маърифат” (У.Ширин, 2014), “Офиятбахшон дар Ёвон” (У.Ширин, 2015), “Зафармандон” (Ф.Муҳаммадӣ ва Қ.Сафархолов, 2015) ба табъ расидаанд.

Солҳои аввали ҳамчун ноҳия ташаккул ёфтани Ёвон ба оғози Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 рост омад ва табиист, ки он ҷанги даҳшатбор дар роҳи тараққиёти ин маҳалниз садди сангин гузошта, садҳо нафар сокинони онро ба коми ҳалокатбори худ даркашид.

Дар қатори дигар ҷанговарони тоҷикистонӣ беш аз дуюним ҳазор сокинони ноҳияи Ёвон ҳам дар ҷабҳаҳои он набардҳои хунин бар зидди Олмони гитлерӣ мубориза бурда, зиёда аз ҳазор нафари онҳо дар майдони ҷанг ҳалок гардидаанд.

Шуҷоат ва корнамоиҳои 15 нафар иштирокчиёни ҶБВ аз ноҳияи Ёвон бо нишонҳои “Шараф”, 250 нафар бо нишонҳои “Ситораи Сурх” ва беш аз 500 нафар бо медалҳо ва дигар мукофотҳои ҷангӣ сазовор дониста шудаанд.

Нахустиннафаре, ки дар солҳои пуразоби Ҷанги бузурги ватанӣ вазифаи роҳбарии ноҳияи Ёвонро ба дӯш дошт, зодаи деҳаи Ғарави деҳоти Даҳана Ғиёс Тағоймуродов буд.Ӯ муддати дувоздаҳ сол, яъне то соли 1946 дар ҳамин мансаб адои вазифа карда, барои дар роҳи инкишоф қадам гузоштани ноҳия заҳмати зиёд кашидааст.

Пас аз Ғ.Тағоймуродовто давраи соҳибистиқлол шудани ҷумҳурӣ шахсони зерин вазифаи роҳбарии ноҳияи Ёвонроба зимма доштанд: Тоҳир Бобоёров (1946-1948), Қарахон Сардоров (1948-1950), Тилло Солиев (1950-1951), Ғозӣ Миров (1951-1952), Аҳмад Сулаймонов (1952-1953), Ғулом Наимов (1953-1955), Ҳоҷӣ Урунов (1955-1957), Зоир Халилов (1957-1963)(аз моҳи январи соли 1963 то моҳи июни соли 1965 ноҳияи Ёвон ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамроҳ карда шуда буд), Раҳматулло Абдуллоев (1965-1971), Расул Раҷабов (1971-1973), Нуриддин Ҷобиров (1973-1975), Абдулло Қосимов (1975-1977), Назархуҷа Наботов (1977-1985), Суюнмурод Мамасаидов (январ-апрели1986), Леонид Говорков (1986-1987), Шодавлат Шодавлатов (1987-1990), Раҷаббек Қодиров (1990-1991), Қурбоналӣ Азизов (1991-1992).

Чун дар замони Ҳукумати Шӯравӣ Ҳизби коммунистӣ ҳизби ягона ва ҳукмрон буд, котибони аввали Ҳизби коммунистии шаҳру ноҳияҳо нисбат ба раисони Кумитаҳои иҷроия аз нуфузу эътибори бештаре бархӯрдор буданд. Аз давраи таъсисёбии ноҳия то ҳоло шахсони зерин дар вазифаи котиби якуми Ҳизби коммунистии ноҳияи Ёвон кор кардаанд: Кимсан Рустамов (1934-1937), Бобоҷон Каримов (1937-1938), Николай Смирнов (1938-1941), И.Ҳамдамов (1941-1942), Виктор Никулин (1942-1945), Муҳаммадамин Назаров (1945-1949), Усмон Муъминов (1949-1951), Мирзо Юсупов (1952-1954), Василий Нефёдов (1954-1957), Қурбон Сатторов (1957-1958), Турсунбой Бойалиев (1959-1963) (солҳои 1963 (20 январ) -1965, яъне дар ҳамон даврае, ки ноҳияҳои Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомӣ якҷоягардида буданд, ин вазифа ба зиммаи Муҳаммадов ном шахс будааст), Дмитрий Волков (1965-1967), Николай Попов (1967-1969), Дмитрий Волков (1969-1970), Алексей Живилов (1970-1975), Эдуард Микиртичев (1975-1982), Юрий Поселянов (1982-1986), Суюнмурод Мамасаидов (1986-1988), Аббосалӣ Гусейнов (1988-1990), Муҳаммадамин Сафархолов (1990-1992), Шамсиддин Раҳимов (аз  соли 1993 то ҳоло).

Ҳамчун ноҳияи аграрӣ шуҳрат ёфтани ноҳияи Ёвонасосан баъд аз бунёди нақби қариб ҳафтунимкилометраи обгузари Бойғозӣ-Ёвон оғоз гардида,ба охири солҳои 60-уми асри гузашта рост меояд. Кандани нақби мазкур 10 феврали соли 1962 ибтидо ёфта, баъд аз шаш солу се моҳ ба анҷом расонида шудааст.

Чун нақби обгузари Бойғозӣ-Ёвон дар амри ободонии ноҳия нақши калидӣ дорад, месазад, ки доир ба сохтмони он каме муфассалтар истода гузарем.

Нақбканон дар асоси лоиҳаи тасдиқгардида моҳи майи соли 1961 каме болотар аз Нерӯгоҳи барқии имрӯзаи Бойғозӣ бошишгоҳи муваққатӣ, стансияи барқи дизелӣ, стансияи компрессорӣ ва коргоҳи сементбарорӣ сохтанд ва сипас дар болои қаторккуҳи Қаротоғ чоҳи амудии чуқуриаш қариб 160-метра кофта, аз чор тараф ба кандани нақб шурӯъ намуданд.

Дар даруни чоҳ кор кардан мушкилоти сангин дошт: шикофтани қабатҳои бешумори болои ҳам хобидаи оҳаксангу ҷинсҳои куҳӣ ба осонӣ даст намедод ва буғи гармчашмаҳои батни қаторкуҳи Қаратоғ нафас кашиданро душвор мекард. Боре дар натиҷаи гузаронидани як таркиши зеризаминӣ чоҳ пур аз об шуд, ки барои бо нассосҳо кашидани он зиёда аз се моҳ вақт лозим омад. 

Баъд аз он ки бо ёрии садҳо мошину механизмҳо ба даруни дарёи Вахши саркаш сангу шағал рехта, маҷрои он то 8 метр танг карда шуд, сохтмончиёни нақб 7 октябри соли 1962 аввалин таркишро ба амал оварда, маҷрои обро бастанд вабунёди се иншооти азим- обанбори Бойғозӣ, нақби Бойғозӣ-Ёвон ва системаи обёрии водии Ёвон тақрибан дар як вақт оғоз гардид.

Кандани нақб 29 декабри соли 1967 анҷом ёфт,бригадаи Тополитский Иван аз ҷониби Пастакон ва бригадаи Маркин Николай аз тарафи Ёвон дар ковокии зери замин бо ҳамдигар рӯ ба рӯ омаданд. Шодиву хурсандии нақбканонро дар он рӯз ҳадду канор набуд. 

Таркиши охирине, ки барои ба воситаи нақб ҷорӣ намудани об сурат гирифта, пеши дарёи Вахшро баст, 29 марти соли 1968 ба амал омад. Ин таркиши бузург замини он ҷоро бо қувваи 8 балл ларзонд ва беш аз 2 миллион мукаабметр сангро аз қаторкуҳи Қаротоғ канда, дар як лаҳза дарғоти азими баландияш 50-метраро ба вуҷуд овард.Садди мазкур бо 224000 мукаабметр конструксияҳои оҳану бетонӣ ва 14000 мукаабметр регу санги хобондашуда мустаҳкам гардонида шуд.Чунин усули сохтани дарғоти азим, ки хеле муваффақона анҷом пазируфт, то он рӯз дар таҷрибаи ҷаҳонӣ вуҷуд надошт. Агар ин корро ба воситаи мошинҳо ва кашонидани сангу шағал анҷом медоданд, барои бардоштани чунин садди бузург на камтар аз панҷ сол вақт лозим мешуд.     

Ин нақби бузург дар натиҷаи лоиҳакашиҳои даҳҳо институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ,маъруфтарин мутахассисони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, меҳнати зарбдоринамояндагони 42 миллату халқиятҳо, алалхусус, шахтёрон ва метросозоназ шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Ростов, Новосибирск,Киев, Донбасс, Кузбасс, Тошканд ва дигар гӯшаву канори собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 18 майи соли 1968 водиҳои ташналаби Ёвонро шодоб гардонида, мушкилоти ҳазорон нафар мардумонро осон намуд. Дар шикофтани синаи куҳ 750 нафар коргарону мутахассисон муттафиқона заҳмати бемисл кашида, ин иншооти азими асрро аз худ ба мерос гузоштанд.

Дарозии нақби обгузар 7415 метр, қутраш зиёда аз28 метрро ташкил медиҳад (баробари метрополитени Москва), 2634 метри он наълмонанд ва 4816 метр доирамонанд сохта шудааст. Нақби нақлиётӣ, ки дар мавзеи Бойғозӣ канда шуда, барои гузаронидани корҳои сохтмонӣ пешбинӣ гардидааст, 276 метр дарозӣ дорад.

Ба воситаи се дарвозаи обанбори азими Бойғозӣ дар як сония 70 мукааб метр об бо суръати поезди тезгард ба ин нақб ҷорӣ шуда, қариб 22 ҳазор гектар заминҳои киштшавандаи ноҳияи Ёвон ва 20 ҳазор гектар заминҳои ноҳияҳои Хуросону А.Ҷомиро, ки то он вақт аксаран биёбони лабташнаи сӯзон, шӯразор ва туғайзорони қадамнорасида буданд,  боровар мекунад.  

Дар маросими кушодашавии нақби Бойғозӣ-Ёвон, ки ҷашни пуршукӯҳро мемонд, роҳбарияти ҳамонвақтаи кишвар, аз ҷумла котиби якуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Ҷаббор Расулов, раиси Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ Абдулаҳад Қаҳҳоров, собиқ аъзои Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии ҷумҳурӣ Нусратулло Абдулҳақов, Ғулом Алиев, Маҳмадулло Холов, Султон Эргашев, Владимир Никитин, намояндагони Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ, меҳмонони баландмартаба аз ҷумҳуриҳои Туркманистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон, чандин хабарнигорони воситаҳои ахбори дохиливу хориҷӣ ширкат варзиданд. Расми ифтитоҳи ин иншооти беҳамто чанд муддат дар сархатти расонаҳои хабарии ҷаҳон қарор гирифт.

Рӯзи 18 майи соли 1968 соати 9:07 оби ҷонбахши Вахш аз синаи қаторкуҳи Қаратоғ гузашта, ба шохобҳои навбунёди ноҳияи Ёвон ҷорӣ гардид. Ҳазорҳо нафар ин манзараро тамошо карда, ашки шодӣ мерехтанд.Одамон либосҳояшонро накашида, бо нидоҳои “об омад!”, “оби ҳаёт омад!”худашонро ба даруни об ҳаво медоданд.Дар он рӯзи пурнишот бахшида ба ин лаҳзаи деринтизор бо иштироки маъруфтариновозхонҳои ҷумҳурӣ Абдулло Назриев, Зафар Нозимов, Одина Ҳошимов, Ҷурабек Муродов, раққосаҳои машҳури замон Гавҳар Мирҷумъаева ва Қумрӣ Сафарова базми осмонкафе барпо шуд (филми мустанади “Утро Явана” (дар таҳияи Шоҳин Боев), ки дар Фонди Телевизиони “Тоҷикистон” маҳфуз аст, он лаҳзаҳои пурнишотро рӯи навор овардааст).

Бамаврид аст ёдовар шавем, ки 25 майи соли 1993 дар саргаҳи нақби Бойғозӣ-Ёвон 25-солагии фаъолияти иншооти мазкурбо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта шуд. 

Бо шодоб гардидани водӣ охири солҳои 60-ум ва ибтидои солҳои 70-уми асри гузашта садҳо нафар сокинони навоҳии Рӯдакӣ, Турсунзода, Рашт, Айнӣ, А.Ҷомӣва ғайраҳо ба ноҳияи Ёвон кӯчонида шуданд ва бояд гуфт, ки ин тадбир барои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ноҳия мусоидати фаъол намудааст (мувофиқи маълумоти баҳисобгирӣ соли 1968 аҳолии ноҳия 25 ҳазор нафар буд).

Ин обгузари беҳамто, илова ба сероб намудани водии Ёвон барои мардумони ин маҳал манфиати дигаре низ дошт: садҳо нафар дар сохтмони нақб иштирок карда, соҳибкасб шуданд, даҳҳо нафар ҷавонон бо мақсади обод намудани заминҳои киштшаванда ва шаҳрчаҳои дар оянда банақшагирифташуда дар техникуму омӯзишгоҳҳо таҳсил намуда, ҳунарҳои механизаториву бинокориро азхуд карданд.

Ғояи бунёди нақби мазкур ноҳияи Ёвонро ба марҳилаи гулгулшукуфӣ ворид намуд:соли 1964 сохтмони шаҳраки химикон (ҳоло кӯчаи Ҷомии шаҳраки Ёвон) оғоз гардид, дар давоми солҳои ҳафтодум дар ҳудуди ноҳия чандин корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, шаҳракҳои бинокорону кишоварзон, боғчаҳои кӯдакона, муассисаҳои иҷтимоии хушсохту замонавӣ бунёд ёфтанд ва ин водӣ ба арсаи ҳақиқии меҳнати зарбдор ва макони зиндагии шоиста мубаддал гашт.

Дар замони ҳокимияти шӯравӣ ноҳияи Ёвон дар миқёси ҷумҳурӣ яке аз ноҳияҳои пешқадами пахтакор маҳсуб меёфт. Баъд аз шодоб гаштани водӣ дар заминаи 16 колхози дар солҳои шастум фаъолиятдошта4 хоҷагии калони кишоварзӣ (совхозҳои “Ёвон-1”, “Ёвон-2”, “Ёвон-3” ва “Ёвон-4”) ташкил ёфта,соли аввал дар майдони 5000 га пунбадона, 4000 га сабзавот, зироатҳои полезӣ ва хӯроки чорво кишт карда шуд.

Кишоварзони ноҳия солҳои аввал аз заминҳои шодобгашта,илова бар сабзавоту полезиҳо,соли аввал (1968) 8 ҳазор тонна, солҳои сеюму чорум30 ва 38 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд. Ин нишондод тадриҷан боло рафта, дар нимаи дуюми солҳои 70-ум ба зиёда аз 40 ҳазор тонна расонида шуд ва соли 1981 дар ин соҳа нишондоди рекордӣ ба даст омад:пахтакорони ноҳия ба давлат беш аз  52 ҳазор тонна дурри гаронбаҳо супориданд.

Деҳқонони номдор Ҳукмиддин Фозилов (Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ), Маъмур Абдуллоев, Тоштемир Болтаев, Маҳмадӣ Абдулҳақов, Сафар Қурбонов, Абдулҳай Маханов, Субҳон Ҷурахонов, Розиқул Яриқулов, Пирмат Шамсиддинов, Эрдан Бердиев, Ҷура Қандиев, Шамсиддин Норматов, Ҳайталӣ Менглиқулов, Солеҳ Ашуров, Ҷумъа Солиев,Қара Ашуров, Менглиқул Файзов, Ғанӣ Ҳомидов, Шоҳмурод Холов, Саттор Ҷабборов, Насриддин Воҳидов, Лолахон Алиқулов, Мирзо Раҳматуллоев, Соябон Қарахонов, Ойболиқ Тошпулотовава боз чанд нафари дигар тавассути заҳматҳои пурмаҳсули худ бо унвони“Устоди пахта” мушарраф гардида, механизаторҳои моҳирҶӯгӣ Раҳимова,Бобо Солеҳов, Маҳмадсаид Камолов, Одинамоҳ Боймуродова, Мамалакат Мардоновава ғайраҳо бо мукофотҳои зиёди давлатӣ қадрдонӣ карда шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки собиқ раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳия (1957-1963) ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия (1965-1971) Зоир Халилов низ соли 1957 ба гирифтани унвони олии Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ мушарраф гардида буд.

Оби дарёи Вахш имкон дод, ки дар ноҳияи Ёвон соҳаи кишоварзӣ ба таври густурда рушд намояд. Дар баробари ҳосили фаровони пахта заминҳои зархези ин водӣ ба макони парвариши ҳама намуди сабзавоту ғалладонагиҳо ва токзору боғҳои сарсабз табдил ёфтанд. Себу ангур, помидору бодиринг, сабзиву пиёз, лаблабуву шалғам, караму сирпиёзи собиқхоҷагиҳои сабзавоткорӣ ва токпарварии ноҳия (дар ҳудуди имрӯзаи деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов) натанҳо барои таъминоти аҳолии ноҳия кифоят мекарданд, балки ҳамчун маҳсулоти содиротӣ ба берун аз ноҳияву ҷумҳурӣ низ интиқол дода мешуданд.

Бо таъсис ёфтани Раёсати сохтмонии №33 (1963), “Тоҷиккимсохтмон” (1966), маркази барқу гармидиҳӣ (1969), корхонаи таъмириюмеханикӣ (1972), корхонаи конструксияҳои оҳану бетонӣ (1973), корхонаи оҳакбарорӣ (1978), корхонаи кимиёвӣ (1978) вароҳи оҳани Тирмиз-Қӯрғонтеппа-Ёвон (1979) ноҳияи Ёвон ба ноҳияи агросаноатӣ мубаддал гашта, дар амри афзун гардидани иқтидори истеҳсолии ҷумҳурӣ саҳмгузор шуд. Корхонаҳои хурду бузурги дигаре, ки тайисолҳои ҳаштодуми асри гузашта дар ҳудуди ноҳия бунёд гардиданд, барои боз ҳам тараққӣ ёфтани иқтисодиёти ноҳия ва кишвар мусоидати бештар намуданд.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба ҷодаи сифатан нави тараққиёт ворид гардидани мамлакат шароити муносиб фароҳам овард.  Ин дастоварди беназир ҳофизаи таърихии халқи каёнинажодро бедор карда, дар зеҳни сокинони кишвар тафаккури тозаероба вуҷуд овардва дар як давраи кутоҳи таърихӣ шукӯҳу ҷалоли Ватан ва нуфузу эътибори миллати моро дубора эҳё намуд. 

Тавре ки медонем, Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии мо дар оғози зуҳури худ ба ҷанги таҳмилии дохилӣ рӯ ба рӯ омада, марҳилаи ҳалокатбореро аз сар гузаронд. Дар омади гап бояд гуфт, ки яке аз сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонҳанӯз ба мафҳум ва манфиати “истиқлолияти давлатӣ” ба хубӣ сарфаҳм нарафтани мардум буд. Барои миллате, ки муддати тӯлонӣ аз умури давлатдорӣ канор мондааст, дарк кардани арзиши озодӣ ва мустақилияти миллӣ дарҳол муяссар намегардад.

Бетартибиҳои оммавию муноқишаҳои дохилӣ дар оғози солҳои навадуми асри гузашта боис гаштанд, ки ноҳияи Ёвон низ дар радифи дигар манотиқи кишварамон ба хисороти зиёди ҷониву молӣ мувоҷеҳ гардад. Ин ҷанги бемаънӣ беш аз чорсад нафар сокинони ноҳияро қурбони моҷароҳо ва фитнаҳои гӯшношунид кард.

Дар ин давра аксар корхонаҳои саноатии ноҳия аз фаъолият бозмонданд, ки дар натиҷа сафи бекорон зиёд гардид, сатҳи зиндагии мардум паст шуд ва иқтисодиёти ноҳия ба маблағи милёнҳо сомонӣ зарар дид.

Хушбахтона, ақл бар ҷаҳолат ғолиб омад ва ин ҷанги бародаркушдар як муддати кутоҳ бо мусолиҳаи қувваҳои даргир анҷом пазируфт ва ниҳоят, баъди ба ваҳдат омадани халқи Тоҷикистон заминаҳои воқеии рушдунумӯи Ватани азизамон пайдо шуданд.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Ёвон сохта ба истифода дода шудани шаш корхонаи коркарди пахта, корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ,равған ва нонию қаннодӣ,“Намаки Ёвон”, “Комрон Агро Холдинг”, корхонаи муқтадири “Хуаксин Ғаюр семент”, фабрикаи “Ваҳдат”, “Фабрикаи мурғпарварии беҳамто”, корхонаҳои тозабунёди“Хуаҷиан Ғаюр Индастриал”, “Криолит”, “Ҷунгтсай Моҳир семент”,қитъаи Ваҳдат-Ёвон роҳи оҳани “Душанбе-Қӯрғонтеппа”,даҳҳо адад коргоҳҳои саноатии хурду миёна, 14 муассисаи таҳсилоти умумии нав, 25 бинои нави таълимӣ,муассисаҳои тиббӣ ва иншооти зиёди фарҳангию маишӣ ва тиҷоративу хизматрасонӣ барои баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ ва пешрафти иқтисодии ноҳия таъсири мусбат гузошт.

Таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ, истифода аз техникаву технологияи муосир ва ҳамкориҳои соҳибкорони ноҳия бо соҳибкорон ва ширкатҳои хориҷӣ барои тавсеа ёфтани соҳаи кишоварзии ноҳия низ заминаҳои боэътимод фароҳам оварданд. Соҳаҳои растанипарварӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ бомаром тараққӣ намуда, дар зарфи се соли охир ҳаҷми маҳсулоти кишоварзии ноҳия қариб ба андозаи 25 млн. сомонӣ афзоиш ёфт ва тибқи дурнамо то соли 2020 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии ноҳия боз то 10 фоизи дигар зиёд мегардад.

Ҳоло ноҳияи Ёвон ба ноҳияи саноатию аграрӣ табдил ёфта, бештар аз пештара ободу зебо гашта истодааст. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон12 ноябри соли 2014 ҳангоми боздид аз корхонаҳои истеҳсолӣ ва саноатии ноҳия қайд намуданд, ки: “Бо дарназардошти истифодаи васеи имконияту захираҳои мавҷуда дар зарфи 3-4 соли наздик ноҳияи Ёвон бояд ба яке аз ноҳияҳои бузурги саноатӣ табдил дода шавад”.

Воқеан ҳам ин ҳидояти Роҳбари давлат аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ва соҳибкорони бунёдкори маҳал амалан татбиқ шуд ва имсол ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатии дар ноҳия тавлидшаванда аз ҳаҷми маҳсулоти кишоварзии он зиёд гардид.

Пешрафту шукуфоии ноҳия, тағйироти куллӣ дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ ва болоравии сатҳи маърифати мардум аз ҷумлаи меваҳои шаҳдбори Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заҳматҳои фидокоронаи сокинони ин водии зархезанд.

Мавриди зикр аст, ки дар ин муддат хизматҳои фидокоронаи як зумра хизматчиёни давлатӣ ва кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардидаанд.

Муовини якуми раиси ноҳия Набизода Аскар Ашурбек, роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия Раҷабов Раҷабалӣ Шарифович, директори мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳия (собиқ муовини соҳавии раиси ноҳия) Умматзода Зумрад Қамбаралӣ, сардори Шуъбаи Агентии давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия (собиқ роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия) Сатторов Абулқосим Гурезович, мудири Бахши сармоягузорӣ ва амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Раҳимов Файзалӣ Раҷабалиевич, сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳия Бобоҷонов Ашуралӣ Бобоҷонович, муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳия Раҳматуллоева Раҷабмоҳ, собиқадори меҳнат ва табиби соҳибтаҷриба Ҷабборов Сафархон Асоевич, омӯзгори Литсейи ноҳия Олимов Абулҳай, директори Раёсати сохтмонии Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2 Сафархолов Муҳаммадамин, овозхони Ансамбли давлатии рақсии «Лола» Раҳмонов Сарабек, кишоварзони соҳибтаҷриба Камолов Мирзошариф ва Менглиқулов Илҳом бо медалҳои “Хизмати шоиста”, духтури ҷарроҳи Беморхонаи марказии ноҳия Шарипов Маҳмадшариф Ҷабборович, духтури амрози занонаи Беморхонаи мазкур Иззатуллоева Соҷида Қудратовна, дандонпизишки Маркази стоматологии ноҳия Набиев Ғаффор Саидович бо медалҳои “Шафқат”, собиқ раиси ноҳия Мирзобеков Холмурод бо Нишони “Шараф” (1999) ва медали “Хизмати шоиста” (2004) васобиқ муовини якуми раиси ноҳия Юсупов Ҷаҳонбек Аскарович бо нишони “Шараф” сарфароз гардонида шудаанд.  

Дар ин муддат як зумра фарзандони водӣ дар мақомот ва сохторҳои гуногуни марказии давлатӣ фаъолият намуда,баҳри таҳким бахшидан ба рукнҳои Истиқлолияти давлатӣ саҳми сазовор гузоштаанд, ки афроди зерин аз ҷумлаи онҳоянд:собиқ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (то соли 2000 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) Раҷаббек Қодиров, Сироҷ Муродов, Шама Пардаев, Қудрат Урунов, Саъдулло Бекназарзода, Давлат Бекназаров, Тоҷинисо Маҳмадова, Турахон Самадов ва вакили имрӯзаи мақоми мазкур Толибхон Азимзода, собиқ муовини аввали Сарвазири мамлакат Асадулло Ғуломов, собиқ муовиниВазири ҳолатҳои фавқулода Сангалӣ Музаффаров, кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобошозода Муҳаммадшариф Сангимурод (аз соли 2013 то инҷониб)Тағоев Сайдалӣ (2004-2014), Имомназар Каримиён (2013-2014), Бобокалонзода Қурбон Хол (аз соли 2010 то инҷониб), Зиёева Насиба Маҳмадовна (аз соли 2010 то инҷониб), Абдураҳимова Шаҳлова Оимгул Ортиқова, генерали мустаъфии соҳаи амнияти миллӣ Даврон Мирзоев, полковники мустаъфии соҳаи амнияти миллӣ Қутбиддин Сафархолов, кормандони мақомоти қудратӣ Давлат Бекназаров, Маҳмадраҳим Холов, Мирзобек Каримов, Маҳмадалӣ Қамаров, Маҳмуд Толибов, Қурбоналӣ Саидов, Умар Каримов, Ислом Нозимов, Холмурод Анаев, Муслиҳиддин Малахов, Миралӣ Ҷалолов, Мирзо Шарипов, Сироҷиддин Ашуров, Сабзалӣ Нозуков, Таваралӣ Абдуллоев, Сарабеки Ортиқ, Шарифбек Шарифзода, Илҳом Юсупов, Қузиқул Раҷабов, Авайдулло Убайдуллоев, Манучеҳр Нуров, Латиф Зокиров, Раҷабалӣ Иззатов,Сарабек Шарифов, Зулфиқор Шарипов, Равшан Сангов,Илҳом Эмомов, Ибтидо Холов, Анвар Ғуломов, Баҳром Юсупов, Саъдулло Ширинов, Шоҳин Юсупов, Музаффар Боймонов, Фаррух Собиров, инчунин, хизматчиён ва кормандони соҳаҳои гуногун Амир Раҳматуллоев, Тоҳир Баротов, Насрулло Содиқов, Нарзулло Бекназаров, Алимаҳмад Мирзоев, Қурбонгул Холова, Ҳомид Расулов, Баҳром Табаров, Абдулло Зиёев, Комил Раҷабов, Алибек Бекназаров,Қурбоналӣ Маҳмадов, Маҳмадсолеҳ Буриев, Сангимурод Раҷабов, Таваккал Ҳайитов, Садриддин Тураев, Нуралӣ Алиев, Маҳмадулло Носиров, Раҷабалӣ Сангов, Муҳаммад Бодаков, Илҳом Раҳмонов, Маҳмадназар Алиев, Зарина Ҳоҷиева, Мавзуна Бекназаровава боз якчанд нафар дигар.

Сокинони ноҳия иродаи матин ва қудрати бузурги созандагӣ доранд ва умед аст, ки ҳар фарди садоқат бар Ватан доштаи ин диёр дар оянда бо татбиқи нақшаҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам қавитар гардидани рукнҳои Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон саҳми бештар аз имрӯза хоҳад гузошт.