НАМОЯНДАГОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ ДАР ДОИРАИ ТАҶЛИЛ АЗ «СОЛИ ҶАВОНОН» БА НОҲИЯИ ЁВОН САФАР НАМУДАНД

  • Posted on: 22 September 2017
  • By: korbar

Рӯзҳои 19 ва 20-уми сентябри соли равон 42 нафар намояндагони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар доираи таҷлил аз «Соли ҷавонон» ба ноҳияи Ёвон сафар намуда, аз нақби обгузари «Парчасой», корхонаҳои саноатии «Моҳир семент», «Ғаюр Индастриал» ва дигар ҷойҳои таърихӣ боздид намуда, бо урфу одат ва зисту зиндагии сокинон аз наздик ошноӣ пайдо карданд. Дар Кохи фарҳанги ба номи Т.Хушвахтов намоишномаи театри халқии ноҳия таҳти унвони «Дом» манзур гардид, ки аз ҷониби аҳли нишаст хеле хуш пазируфта шуд. Консерти ҳунармандони бахши фарҳанг «Шоми ҷавонӣ», ки ба истиқболи меҳмонон созмон дода шуд, диданӣ ва пурмуҳтаво буд. Дар рафти ин чорабинии хотирмон бо ҷалби хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии ноҳия аксияи «Китоб мехонем» баргузор гардид. Дар анҷоми ин чорабиниҳо дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мулоқоти раиси ноҳия Амирбеки Темур бо намояндагони ҷавонони кишвар доир гардид.