БА СОЛИ 2022 БО КАДАМҲОИ УСТУВОР ВА ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА.

  • Posted on: 10 January 2022
  • By: korbar

7 январи соли 2022 дар Кохи фарҳанги ба номи Т.Хушвахтов аз рӯи натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ёвон дар соли 2021 ҷаласа баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон оид ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ- Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Шавкат ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон- муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам иштирок намуданд

Раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро гузориши муовини якуми раиси ноҳияро оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи дар соли 2021 натиҷагирӣ намуда, барои ислоҳи он мушкилоту норасоиҳое, ки дар соли сипаригашта дар фаъолияти соҳаҳо ҷой доштанд, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон низ зимни баррасии масъала суханронӣ карда, изҳори боварӣ намуданд, ки заҳматкашони ноҳия ба соли 2022 бо қадамҳои созандаву устувор ворид мешаванд.

Дар поёни ҷаласа озмуни “Беҳтаринҳо” ҷамъбаст ва ба деҳоту шаҳрак, кӯчаву маҳалла ва оилаҳои беҳтарин диплому туҳфаҳо, инчунин, ба як қатор фаъолон сипосномаву туҳфаҳои Агентии содироти назди Ҳкумати ҶТ, Вазорати нақлиёт ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуд.