Хонандагони мактаб-интернати ноҳияи Ёвон туҳфаҳои арзанда гирифтанд

  • Posted on: 14 September 2017
  • By: korbar

Роҳбарияти ноҳияи Ёвон дар доираи иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ниёзмандон ҳамеша ба таълимгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳия кумаку ғамхорӣ мекунад. Ин дафъа дар арафаи ҷашни Истиқлолият ҳамаи 78 нафар духтарони муассиса аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сару либоси чакан туҳфа гирифтанд. Соли гузашта раиси ноҳия ҳангоми таҷлили ҷашни Наврӯз барномаи консертии хонандагони ин муассисаро тамошо карда, ба он баҳои баланд доданд буданд, натиҷаи ҳунарварӣ ва санъатдӯстии онҳост, ки ин туҳфаҳои барояшон арзишмандро аз дасти раиси фарҳангпарвари ноҳия ҳадя гирифтанд. Духтарони хуштолеи мактаб-интернат ният доранд, ки ба нишони қадрдонӣ ба ин илтифоти роҳбари ноҳия бо як барномаи рангини консертӣ посух бидиҳанд.
Маъмурияти мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон ҳамеша аз ғамхориҳои раиси ноҳия арзи сипос менамояд.