Табрикоти раиси ноҳияи Ёвон бахшида ба ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Posted on: 6 September 2017
  • By: korbar

Ҳамдиёрони гиромӣ!
Имрӯзҳо дар саросари кишвари азизамон, аз он ҷумла дар ноҳияи мо ҷашни бузург ва мубораку муқаддас- 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил гардида истодааст.
Ин ҷашни пуршукӯҳро ба ҳамаи шумо ва дар шахсияти шумо ба тамоми сокинони ноҳия табрик ва таҳният гуфта, таманно дорам, ки дар фазои истиқлоли ҷовидонаи Ватан ҳамеша шодкому пирӯз бошед.
Боиси ифтихори ҳамаи мост, ки дар ин рӯзи фараҳбахш меҳмононони иззатманд аз ноҳияи Уздаи Ҷумҳурии Беларус- муовини раиси комитети иҷроияи ноҳияи Узда Борисевич Вера Николаевна, сардори раёсати меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии комитети иҷроияи ноҳияи Узда Цупа Надежда Анатольевна, сардори шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои комитети иҷроияи ноҳияи Узда Пожах Наталья Ивановна ва директори муассисаи истеҳсолӣ- фаръии “Базаи озмоишии ба номи Котовский” Шкляревский Анатолий Николаевич барои иштирок дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба ноҳия мо ташриф овардаанд. Аз номи ҳамаи шумо, шахсан аз номи худам меҳмонони муҳтарамро самимона шодбош ва хуш омадед мегӯям.
Аслан, бисту шаш сол дар назди таърих муддати кутоҳ аст, вале миллати тоҷик бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар ҳамин давраи кутоҳи таърих таҷрибаи давлатсозиву давлатдории пешрафтаи ҷаҳонӣ, омилҳои сиёсиву таърихӣ ва фарҳанги миллиро дар марҳилаҳои гуногуни таърихи халқамон омӯхта, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибистиқлолу тавоно муаррифӣ намояд.
Ҷумҳурии мо дар давоми 26 соли соҳибистиқлолии худ узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид, ЮНЕСКО ва чандин созмонҳо ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ гашта, барои кору таҳсилот ва зиндагиву фароғати сокинонаш заминаи мусоид фароҳам овард. Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон дар таърихи миллати мо саҳифаи тозаеро боз намуда, ба оғози як давраи сифатан нави ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ асос гузошт.
Дар ин муддат мушкилоту монеаҳои зиёди ҷомеаи навин бартараф шуда, се ҳадафи стратегӣ: таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан, таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат самтҳои асосии сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтанд.
Бараъло мушоҳида мегардад, ки дар ин давра ҳар як гӯша ва ҳар як шаҳру ноҳияи мамлакат, аз он ҷумла ноҳияи мо симои худро ба куллӣ тағйир дода, аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ рушду такомул ёфтааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи корхонаи азими саноатии “Криолит” рӯзи 5 сентябри соли 2016 барҳақ қайд карданд, ки: “Дар натиҷаи азму талошҳои мунтазами Ҳукумати мамлакат ва тадриҷан амалӣ гардидани иқдомҳои созанда ҷиҳати рушди соҳаи саноат ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар замони Истиқлолият ба як маркази бузурги саноатӣ табдил ёфт”.
Воқеан ҳам, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Ёвон сохта ба истифода дода шудани шаш корхонаи коркарди пахта, иншооти зиёди истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, равған ва нонию қаннодӣ, корхонаҳои азими “Намаки Ёвон”, “Комрон Агро Холдинг”, “Хуаксин Ғаюр семент”, “Моҳир семент”, “Ғаюр Индастриал”, “Криолит”, фабрикаҳои дӯзандагии “Ваҳдат” ва мурғпарварии “Беҳамто”, қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани “Душанбе-Қӯрғонтеппа”, даҳҳо адад коргоҳҳои саноатии хурду миёна, 16 муассисаи таҳсилоти умумии нав, 22 адад биноҳои нави таълимӣ, муассисаҳои тиббӣ ва иншооти зиёди фарҳангию маишӣ ва тиҷоративу хизматрасонӣ барои баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ ва пешрафти иқтисодии ноҳия таъсири мусбат гузошт.
Ба туфайли фаъолияти босамари соҳаҳои саноату сохтмон ва кишоварзӣ танҳо дар давоми 5 соли охир даромади буҷаи ноҳия аз 30 млн. 785 ҳазор сомонӣ (соли 2012) ба 484 млн. 483 ҳазору 252 сомонӣ расида, дар 7 моҳи соли равон ба 81 млн. 130,6 ҳазор сомонӣ баробар гаштааст.
Мавриди зикр аст, ки ноҳияи Ёвон дар зарфи чанд соли охир аз ноҳияи аграрӣ-саноатӣ ба ноҳияи саноатӣ-аграрӣ табдил ёфт. Соли 2016 маҷмӯи маҳсулоти саноатии дар ноҳия тавлидёбанда, аз ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ бештар гашта, ба 849 млн. сомонӣ ва дар ҳафт моҳи соли равон ба 601,6 млн. сомонӣ расонида шуд. Дар давоми ҳафт моҳи соли 2017 корхонаҳои саноатии ноҳия 324,3 ҳазор тонна семент, 12 ҳазору 400 дона гачкартон, 2 млн. 69 ҳазору 604 ҷуфт ҷӯроб, 149,1 тонна риштаи рангкардашуда, 715,4 тонна риштаҳои пахтагин ва 340 тонна намак ба хориҷи кишвар содирот намудаанд.
Агар дар давоми соли 2016 маҷмӯи маҳсулоти саноатии ба хориҷи кишвар содиротшуда маблағи 87,9 млн. сомониро ташкил медод, ин рақам дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ба 153,2 млн. сомонӣ баробар гардидааст.
Фаъолияти босамари соҳаҳои саноату сохтмон, кишоварзию чорводорӣ ва баланд гардидани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ боиси таҳким ёфтани соҳаҳои мактаб ва маориф, тандурустӣ ва фарҳанг, варзиш ва ҳифзи иҷтимоии ноҳия гардидааст.
Рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоӣ барои поён рафтани сатҳи камбизоатӣ, дастгирӣ ёфтани ниёзмандону муҳтоҷон ва баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинони ноҳия мусоидати фаъол намуда истодааст.
Қобили зикр аст, ки дар партави сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Ёвон соли 2014 бо ноҳияи Уздаи вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус ва соли 2015 бо шаҳри Хуан Шии музофоти Хубэйи Ҷумҳурии Мардумии Чин бародаршаҳр гашта, бо мақсади ба роҳ мондани муносибатҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисодиёт, савдо, илму техника ва фарҳанг бо ин шаҳрҳо созишномаҳои ҳамкориро ба имзо расонд. Дар пайи ин иқдомҳои созанда якчанд маротиба боздиди ҳайатҳои кории ҷонибҳо аз шаҳру ноҳияҳои якдигар сурат гирифта, дар ҳудуди шаҳраки Ҳаёти Нави ноҳия корхонаи пахтатозакунӣ сохта шуд ва ҳоло дар заминаи ин корхона коргоҳҳои коркарди нахи пахта бунёд ёфта истодаанд.
Тавассути бунёд гардидани корхонаву коргоҳҳои нав ва бакорандозии корхонаҳои азфаъолиятбозмонда дар давоми солҳои 2016 ва муддати сипаригаштаи имсол бо мақсади ҳарчи бештар ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ дар ноҳия қариб 3000 ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, сатҳи некӯаҳволии сокинон ба таври назаррас боло рафтааст.
Айни замон бо ҷалби шарикони рушди Тоҷикистон дар ноҳия 6 лоиҳаи сармоягузорӣ: “Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва инфрастуктураи ҷамоавӣ” (навбати дуюм), “Лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захирараҳои обӣ”, “Лоиҳаи таъмини аҳолии шаҳраки Ёвон бо оби ошомиданӣ”, “Лоиҳаи таъмиру барқарорсозии роҳҳо ва пулҳои автомобилгарди шаҳраки Ёвон”, “Лоиҳаи беҳтаргардонии хизматрасонии коммуналӣ ва коркарди партовҳои сахти маишӣ”, “Лоиҳаи бунёди силсилакоргоҳҳои ресандагӣ, бофандагӣ ва рангуборкунӣ” мавриди татбиқ қарор доранд, ки маблағи умумии онҳо 39 млн. 502 ҳазору 800 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Аз таҳлили мухтасари вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳия аён мегардад, ки соҳаҳои хоҷагии халқи маҳал тайи 26 соли сипаригашта мушкилоти зиёдеро пушти сар намуда, ба дастовардҳои беназир ноил гардидаанд.

Бояд зикр намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадорони меҳнати ноҳия баҳри устувор намудани сохти конститутсионии давлат, таҳким бахшидан ба рукнҳои Истиқлолияти давлатӣ, таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ноҳия саҳми арзанда гузоштаанд.
Воқеан, аҳолии ноҳияи Ёвон чун дигар сокинони мамлакат иродаи матин ва қудрати бузурги созандагӣ доранд ва бо итминон метавон гуфт, ки ҳар фарди садоқат бар Ватан доштаи ин диёр дар оянда низ бо татбиқи нақшаҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам қавитар гардидани рукнҳои Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон саҳми бештар аз имрӯза хоҳанд гузошт.
Истиқлолият қутбнамоест, ки моро ба сӯйи асолати милливу ифтихори ватандорӣ роҳнамоӣ карда, барои расидан ба рӯзгори ободу осуда ва ҷомеаи мутамаддин ҳидоят менамояд ва аз ин нуқтаи назар, мо бояд шукри ин неъмати бебаҳоро ба ҷо оварда, бо мақсади боз ҳам қавитар гардидани рукнҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон нерӯ, ғайрат ва ҳиммати хешро дареғ надорем.
Бори дигар меҳмонони иззатманд ва ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик ва муборакбод гуфта, ба ҳамагон хушбахтӣ, тансиҳатӣ, осмони софу беғубор, рӯзии фаровон ва ба кишвари азизамон истиқлолияти ҷовидона орзу менамоям.

Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ муборак бошад!