СИЛСИЛА ВОХӮРИҲОИ РАИСИ НОҲИЯИ ЁВОН БО СОКИНОНИ ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТИ НОҲИЯ.

  • Posted on: 14 October 2021
  • By: korbar

Раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро рӯзи 13 октябри соли 2021 бо намояндагони сокинони деҳоти Чоргул вохӯрӣ ва мулоқот анҷом дод.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҷамъоварию супориши ҳосили пахта, ба сафҳои Артиши миллӣ сафарбар намудани ҷавонони синну соли даъватӣ ва дигар мавзӯъҳои рӯзмарра баррасӣ гардиданд.

Зикр карда шуд, ки як қатор хоҷагиҳои пахтакор дар ҷамъоварӣ ва ба нуқтаҳои қабул супоридани пахта ба ақибмонӣ роҳ дода истодаанд, ки ин боиси нигаронист. Фоизи ҳаррӯзаи супориши пахта дар деҳоти мазкур нисбат ба ҳисоби миёнаи ноҳия камтар мебошад.

Масъулин ва хоҷагиҳои пахтакор вазифадор карда шуданд, ки бо истифода аз рӯзҳои мусоиди офтобӣ ҳосили ба ранҷ парваридаро беталаф ҷамъоварӣ карда, ба корхонаҳои коркард супоранд.

Ба комиссариати ҳарбӣ, масъулини ҷамоат ва раисони маҳаллаҳо дастур дода шуд, ки дар масъалаи сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ масъулияти бештар зоҳир намоянд. Артиши миллӣ мактаби ҷавонмардист ва бояд ҷавонони даврони истиқлол ба хотири ҳифзи Ватан ва муқаддасоти он аз таълимоти чунин мактаб барканор намонанд.

Дар поёни вохӯрӣ чанд нафар аз сокинон ҷиҳати осон намудани мушкилоти ҷойдошта ба раиси ноҳия муроҷиат карданд.

Раиси ноҳия пас аз шунидани арзу дархостҳои иштирокдорон ба масъулин дастуру супоришҳо дод, то бо истифода аз ҳама имкониятҳо баҳри ҳаллу фасли проблемаҳои мавҷуда чораҷӯӣ намоянд.