12.10.2021 дар толори кохи фарҳанги ноҳия иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон вилояти Хатлон даъвати шашум баргузор гардид.

  • Posted on: 13 October 2021
  • By: korbar

Дар кори иҷлосия рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Ёвон аз 18 феврали соли 2019, № 344 “Дар бораи Барномаи бехатарии маҳсулоти  озуқавории ноҳияи Ёвон барои солҳои 2019-2023”

Ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони  халқи ноҳияи Ёвон оид ба илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, муҳофизати оила, кор бо занон, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Дархостҳои вакилӣ

Тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия оиди тағиротҳои кадри оиди аз мансабҳои мудири бахши иқтисод ва савдо, мудири бахши молия ва хоҷагидории дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудири бахши ҳифзи иҷтимоӣва аҳолӣ, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, директори Муассисаи давлатии варзишгоҳи  марказии ноҳия озод ва ба мансабҳои мудири бахши молия ва хоҷагидории дастгоҳи раиси ноҳия, мудири бахши ҳифзи иҷтимоӣ аҳолӣ, директори Муассисаи давлатии варзишгоҳи  марказии ноҳия  таъин, оиди кумакҳои молиявӣ ба шаҳрвандон, барои таъмири роҳҳо, барои таъмиру барқарорсозии шабакаҳои обёрӣ, барои рангу бор ва корҳои ободонӣ варзишгоҳи марказии ноҳия, барои иштироки варзишгарон дар тамринҳо, барои иҷроиши корҳои тоза ва рубучини кучаю майдонҳои ҳудуди ноҳия, барои хизматрасонии милитсия ва дигар хароҷотҳо қабул гардида дида баромада шуд.