ЁВОН: РОҲПАЙМОИИ ИДОНА БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ.

  • Posted on: 13 September 2021
  • By: korbar

9 сентябри соли 2021 дар кӯчаи ба номи М.Турсунзодаи шаҳраки Ёвон бо иштироки беш аз 11000 нафар сокинон ва зиёда аз 100 адад техникаи гуногунтаъинот Роҳпаймоии идона ба муносибати Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози Роҳпаймоӣ раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- Директори Агентии содироти назди Ҳукумати ҶТ Бобозода Шавкат ҳозиринро бо ин ҷашни пурифтихори миллӣ муборакбод гуфтанд.

Роҳпаймоии сокинони ноҳияи Ёвон нишони барҷастаи садоқати онҳо ба Ватан ва Истиқлолияти давлатӣ буд. Дар чеҳраи ҳар як иштирокдори чорабинии пуршукӯҳу шаҳомат ғуруру ифтихори бузурги миллӣ ва фараҳу шодмонии бениҳоят ҳувайдо буд.