ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ЁВОН МУҲТАРАМ САИДЗОДА ҶАМШЕД ҲАМРО

  • Posted on: 9 September 2021
  • By: korbar

ҳамдиёрони гиромӣ!

Бо камоли эҳтирому самимият Ҷашни пурифтихори миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамаи шумо табрик ва таҳният мегӯям.

Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвият додани пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд ва дар зарфи сӣ соли сипаригардида дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишварамон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардидаанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ аз имтиҳони сангини таърих сарбаландона гузашта, таҳти роҳбарии хирадмандонаи абармарди соҳаи сиёсат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо заҳмати содиқона сарзамини аҷдодии худро соҳибӣ карданд ва онро ободу пешрафта гардониданд.

Имрӯз давлати озоду соҳибихтиёри мо дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалати шоиста буда, ҷаҳониён иқдому ташаббусҳои сулҳҷӯёнаву созандаи онро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.

Агар таърихи 30-солаи даврони соҳибистиқлолии мамлакатро таҳқиқ намоем, аён мегардад, ки ин ҳама бурдбориҳо натиҷаи татбиқи сиёсати ҳадафмандона ва дурбинонаи ахтари иқболи мардуми кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар ҳақиқат ҳам, Пешвои миллат дар сарнавишти мардуми Тоҷикистон ба сифати ахтарест, ки дар шаби тору ноумедӣ пайроҳаи умедро равшан намуд,  дар айёми дилсардиҳо бо муҳаббати худ мардумро ба зиндагӣ дилгарм кард ва дар нобарориҳо иқболу барор бахшид.

Ин шахсияти бузурги таърихӣ бо рафтору кирдор ва фидокориҳои камназири хеш собит намуд, ки бузургии инсон на дар қувваи бозу, балки дар устувории иродаи ӯст ва шахси қавиирода дар пешорӯи мушкилиҳо ҳаргиз сархаму ноумед нашуда, баҳри ба соҳили мурод расидан пайваста талош мекунад.

Сӣ соли Истиқлолият ин сӣ қадами устувори Пешвои миллат дар роҳи таҳкими давлатдорӣ, шинохту эътирофи соҳибтамаддунии миллат, тақвияти эҳсоси ватандорӣ ва ифтихори миллии ҳар як фарди ватандор аст. Рисолатест, ки Роҳбари давлат тавонист онро дар назди таъриху миллат бо сари баланд иҷро намояд.

Ӯ ҳастии худро ба миллат бахшид, то миллаташ дар амон бошад, давлати миллии тоҷиконро побарҷо намуд, то тоҷик соҳибватан бошад, тамаддуни миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд, то миллат соҳибтамаддун бимонад.

Истиқлолияти давлатии кишвари мо дар давоми 30 сол возеҳан собит намуд, ки он эҳёкунандаи суннатҳои оламшумули миллат аст ва метавонад Тоҷикистонро тоҷ бар сар ниҳода, бар тахти шукӯҳу таҷаммул нишонад.

Бараъло мушоҳида мегардад, ки дар ин давра ҳар як гӯша ва ҳар як шаҳру ноҳияи мамлакат аз нигоҳи иқтисодиву иҷтимоӣ рушду такомул ёфта, тарҳу симои худро ба куллӣ дигар намудааст.

Ноҳияи Ёвон низ дар ин марҳилаи созандагиву бунёдкориҳо ба раванди бемисли рушд ворид шуда, ба комёбиҳои бемисл ноил гардид ва ба ҳадде тараққӣ кардаву иқтидорашро афзун намуд, ки назири онро дар гузашта сокинонаш ба ёд надоранд.

Таҷрибаи сисолаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Ёвон нишон медиҳад, ки дар ин муддат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз диди сохторию институтсионалӣ устувор гашта, тибқи муқаррароти муайяннамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” фаъолияти худро роҳандозӣ намуда, дар татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ муваффақона пешбурди корро таъмин намуда истодааст.

Муваффақият ва пешравиҳои ноҳияи мо, бозгӯи он воқеиятест, ки ташкили низоми мукаммали идоракунии давлатӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар пешрафти кишвар ва идоракунии самараноки захираҳои инсонӣ омили муҳим дар таҳкими мавқеи ҳокимияти давлатӣ маҳсуб меёбанд.

Натиҷаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Ёвон дар зарфи 30 соли истиқлолият, бори дигар раванди мушкилу пурпечутоби давлатсозиро пеши назар аён месозанд, собит менамоянд, ки ҳама гуна муваффақият натиҷаи талошҳои шахсиятҳоест, ки масъулияти роҳбариро дар ин ё он сатҳ ба дӯш доранд ва нерӯи ҷомеаро ба самти созандагӣ равона карда метавонанд.

Воқеан, иродаи устувору ватанхоҳона, нангу номуси баланди ватандорӣ ва ифтихори миллӣ устувортарин қувваи такондиҳанда дар роҳи бунёди давлатдории миллист, ки пайроҳаи аввалини он аз хона, кӯча ва маҳал оѓоз меёбад.

Ҳамдиёрони иззатманд!

Дастоварди муҳимтарини ноҳияи мо дар давоми 30 соли охир, ки аз файзи истиқлол муяссар гашт ин аз ноҳияи аграрӣсаноатӣ ба ноҳияи саноатӣаграрӣ табдил ёфтани он мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои кории хеш ба ноҳияи Ёвон, ки аз соли 1993 то инҷониб 18 маротиба анҷом пазируфтаанд, пайваста тазаккур медиҳанд, ки “Дар ин гӯшаи диёрамон имкониятҳои фарохи рушди соҳаи саноат мавҷуд аст ва истифодаи оқилонаи захираву имконоти мавҷуда барои пешрафти босуботи ноҳия ва кишвар шароити муносиб фароҳам меоранд”.

Роҳбари давлат ҳангоми мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Ёвон, ки 22 апрели соли 2016 зимни бакорандозии корхонаи “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал” баргузор шуд, бо итминон қайд намуданд, ки: “Ба шарофати ба кор оѓоз кардани корхонаҳои банақшагирифташуда, ноҳияи Ёвон ба яке аз марказҳои калонтарини саноатии кишварамон табдил меёбад”.

Воқеан ҳам, ин ҳидояти Пешвои миллат амалан татбиқ шуд ва имрӯз беш аз шаст фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳияи моро маҳсулоти саноатӣ ташкил медиҳад.

Дар натиҷаи рушди соҳаи саноат дар ноҳия ҳазорҳо ҷойи нави корӣ муҳайё гардида, сатҳу сифати зиндагии сокинон баланду беҳтар гардид.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Ёвон сохта ба истифода дода шудани шаш корхонаи коркарди пахта, корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, равѓан ва нонию қаннодӣ, корхонаҳои муқтадири “Намаки Ёвон”, “Хима Текстил”, “Хуаксин Ѓаюр семент”, “Ҷунгтсай Моҳир семент”, “Хуаҷиан Ѓаюр Индастриал”, “Криолит”, “ВаҳдатТекстайл”, фабрикаи мурѓпарварии “Беҳамто”, қитъаи ВаҳдатЁвони роҳи оҳани “Душанбе  Қӯрѓонтеппа”, даҳҳо адад коргоҳҳои саноатии хурду миёна, 18 муассисаи нави таҳсилоти умумӣ нав, 22 бинои нави таълимӣ, 274 синфхонаи иловагӣ, чандин муассисаи тиббӣ, 95 иншооти варзишӣ, 14 бинои нави китобхона, боғу гулгаштҳои истироҳатӣ ва садҳо иншооти тиҷоративу хизматрасонӣ барои ободу зебо шудани тарҳу симои шаҳраку деҳот, баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии сокинон, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ноҳия такони ҷиддӣ бахшид.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба истиқболи сазовор аз 30юмин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар давоми ду соли охир дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳот зиёда аз 350 иншооти гуногунтаъинот сохта ба истифода дода шуд, ки дар ин робита, ман ба соҳибкорон, сохтмончиён ва ҳамаи он нафароне, ки дар бунёди иншооти ҷашнӣ саҳмгузорӣ кардаанд, самимона изҳори сипос ва миннатдорӣ менамоям.

Дӯстони азиз!    

Пешрафту шукуфоии ноҳия, таѓйироти куллӣ дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ ва болоравии сатҳи маърифати мардум аз ҷумлаи меваҳои шаҳдбори Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Ноҳияи Ёвон чун ҳама шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистони маҳбубамон дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ахтари иқболеро пайдо намуд, ки бо анвори тобноки худ роҳи ояндаи некро равшан намуда, сокинони ин диёрро саодатманд мекунад. 

Ҳамдиёрони арҷманд!

Имрӯзҳо, ки мардуми шарафманди кишвари мо 30юмин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатиро бо ифтихору сарфарозӣ истиқбол мегирад, ҳар фарди худшиносро зарур аст, ки бо мақсади боз ҳам мустаҳкам гардидани рукнҳои ин арзиши пурқиммат, ба хотири ояндаи дурахшони миллат бо кору пайкори софдилона, бо донишу малака, бо садоқат ва ҳиссиёти шуълавари ватандӯстӣ қарзи фарзандии худро дар назди Тоҷикистони ба ҷон баробарамон шарафмандона адо намояд. 

Тазодҳои ҷаҳони имрӯза, бархӯрди тамаддунҳои мухталиф бо пайомадҳои хатарзои он ва ниҳоят вазъи сиёсии ноором дар чандин нуқтаҳои сайёра, алалхусус, Афғонистони ҳамсоя аз хурду бузурги кишвари мо беш аз ҳар вақти дигар ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва эҳсоси баланди ватандорию ватандӯстиро талаб менамояд.

Замони нав тақозо дорад, ки ҳар як марҳилаи таърихии халқу кишвар, аз ҷумла даврони эҳё ва ташаккулёбии Давлати навини миллӣ  амиқан омӯхта, дар асоси суннатҳои давлатсозии аҷдодӣ маърифати миллӣ сайқал дода шавад, зеро надонистани таърих ва мояи ибрат қарор нагирифтани таҷрибаҳои гузашта дар роҳи расидани миллат ба мақсадҳои бунёдкорона монеаҳои сангин эҷод мекунад. 

Пешвои миллати мо омӯхтани таърих ва таҷрибаҳои гузаштаро баҳри расидан ба ҳадафҳои олии давлатдорӣ шарти муҳимтарин ҳисобида, таъкид намудаанд, ки: “Имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз доранд. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом бирасонем”.

Аҳолии ноҳияи Ёвон  чун дигар сокинони мамлакат иродаи матин ва қудрати бузурги созандагӣ доранд ва умед аст, ки ҳар фарди садоқат ба Ватан доштаи ин диёр дар оянда низ бо татбиқи нақшаҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам қавитар гардидани рукнҳои Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон саҳми бештар аз имрӯза хоҳанд гузошт.

Бо ҳамин орзуи нек бори дигар 30юмин солгарди Истиқлоли давлатии кишвари азизамон Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам ба якояки шумо, ба аҳли хонадонатон ва ба ҳар як фарди шарафманди ноҳия муборакбод гуфта, ба Ватани биҳиштосоямон истиқлоли ҷовидона ва ба ҳар фарди шарафманди диёр бахту саодати ҳамешагӣ таманно мекунам.

30-юмин Ҷашни Истиқлол муборак бошад, ҳамдиёрони иззатманд!