ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ ДУШМАНИ СУЛҲУ СУБОТАНД.

  • Posted on: 30 July 2021
  • By: korbar

28 июли соли 2021 дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон таҳти раёсати раиси Шӯро- прокурори ноҳияи Ёвон Шарифзода Маҳмуд Иззатулло ҷаласаи  Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ёвон доир гардид, ки дар кори он раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро низ ширкат варзид.

Дар ҷаласаи Шӯро масъалаи “Фаъолияти ваколатдори мақомоти давлатӣ вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои террористию экстремистӣ” мавриди баррасӣ муҳокима қарор гирифт.

Вобаста ба мавзӯи баррасишаванда маърӯзаи ваколатдори калони фаврии шуъбаи дар ноҳияи Ёвонбудаи Раёсати КДАМ ҶТ дар ноҳияи Ёвон капитан Назаров Алишер шунида шуд.

Дар музокираи масъала аъзои Шӯро, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва раиси ноҳияи Ёвон иштирок карда, оид ба роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгар ибрози андеша карданд.

Қайд гардид, ки ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ душмани сулҳу суботанд ва аз ҳамин ҷиҳат мубориза бо онҳо вазифаи ҳар як фарди солимфикри ҷомеа мебошад.