СОҲАИ САНОАТИ НОҲИЯИ ЁВОН

  • Posted on: 29 July 2021
  • By: korbar

“Бо шарофати ба кор оғоз кардани корхонаҳои банақшагирифташуда ноҳияи Ёвон соли ҷорӣ (соли 2016 дар назар аст) ба яке аз марказҳои калонтарини саноатии кишварамон табдил меёбад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар ноҳияи Ёвон барои таъмини рушди бемайлони ин соҳаи сердаромад диққати махсус дода мешавад, ки мақсад аз он афзун намудани самаранокии корхонаҳои саноатӣ, васеъ намудани бозори фурӯши маҳсулот ва муҳайё намудани ҷойҳои корӣ мебошад. Истеҳсоли маҳсулоти саноатии корхонаҳои ноҳия асосан дар заминаи ашёи хоми маҳаллӣ роҳандозӣ гардидааст.

Саноатчиёни ноҳияи Ёвон дар давоми солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати кишвар ва рушди босуботи ин соҳаи пурманфиат тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуда, ба дастовардҳои беназир ноил гардиданд.

Агар то давраи Истиқлолият дар ҳудуди ноҳия асосан панҷ корхонаи саноатӣ фаъолият менамуд, имрӯз бо дастгирии Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо ташаббусҳои бунёдкоронаи соҳибкорон теъдоди корхонаву коргоҳҳои истеҳсолии хурду бузурги истеҳсолӣ аз 44 адад расидааст.

Дар ин муддат, корхонаҳои азими “Маркази барқугармидиҳӣ”, “Тоҷиккимсаноат”, “Намаки Ёвон”, истеҳсоли равғани растании “Мармарӣ”, “Ғаюр”, “Хима текстил”, “Пахтаи Ёвон”, “Ист-коттон НФР”, “Тоҷхим”, “Тиҷорати Сорбон”, “Хуаксин Ғаюр семент”, “Ваҳдат Текстайл”, “Рамзи Аминҷон”, “Сзинян Инхай Хуанфантсюй дар Тоҷикистон”, “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал”, “Чжунгтсай Моҳир семент”, “Моҳир пластик” “Талко Кемикал”, “Фабрикаи мурғпарварии беҳамто”, “Кипарис-2010”, чандин корхонаҳои хурд ва як қатор коргоҳҳо оид ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи мардум бунёд ёфта, ҳаҷм ва номгӯи маҳсулоти саноатӣ чандин маротиба афзун гардид.

Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ноҳияи Ёвон ба яке аз ноҳияҳои саноатӣ табдил ёфта, шумораи корхонаю коргоҳҳо ба 44 адад расидааст. Имрӯзҳо дар ноҳия зиёда аз 65 номгӯи маҳсулотҳои саноатӣ истеҳсол гардида истодааст. Давоми чор соли охир истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия ба беш аз 1 млрд сомонӣ расонида шуд ва дар солҳои 2017–2020 ҳиссаи саноат даристеҳсоли маҷмӯи маҳсулот мутаносибан 60,2 ва 59,7 фоизро ташкил дод. Бо андешидани тадбирҳои муассир дар давоми соли 2020 истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ ба 1 млрд. 562 млн. 218 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба соли 2019 19 млн. 326 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин сол аз корхонаи «Хуаксин Ғаюр семент» ба миқдори 330 ҳазору 871 тонна ва аз корхонаи «Чжунгтсай Моҳир семент» ба миқдори 203 ҳазору 190 тонна семент ба маблағи умумии 237 млн. 30,4 ҳазор сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот гардид. 

Имрӯзҳо дар ноҳия якчанд номгӯи маҳсулотҳои саноатии воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, аз қабили семент, гачкартон, криолит, кислотаи сулфат, фториди алюмин, оҳаки сохтмонӣ, оҳаки хлорнок, ротбан, қубур ва новаҳои оҳану бетонӣ, халтаҳои полиэтиленӣ, риштаҳои пахтагин ва  рангкардашуда, гушти мурғ, дастпӯшакхои коргарӣ ва дигар маҳсулотҳо истеҳсол гардида истодаанд.

Дар поён оид ба якчанд корхонаҳои истеҳсолии ноҳия, ки дар таъмини даромаднокии буҷаи маҳал нақши сазовор доранд, мухтасаран дода мешавад.

 

ҶСК “МАРКАЗИ БАРҚУ ГАРМИДИҲИИ ЁВОН”

Ин корхона нахустин иншооти азими саноатии ноҳия аст, ки сохтмонаш соли 1961 оғоз гардида, се агрегати он бо иқтидори 180.000 кВт/соат нерӯи барқмутаносибан солҳои 1969, 1970 ва 1971 ба кор дароварда шудаанд.Мақсад аз бунёди корхона бо қувваи барқ ва буғ таъмин намудани корхонаи “Тоҷиккимсаноат” ва додани оби гарм ба манзилҳои истиқоматии шаҳраки Ёвон буд.

     Маркази барқу гармидиҳии Ёвондар давоми солҳои 1991-1998 530 млн. кВт/соат нерӯи барқ ва 1 млн. 982 ҳазор Гкал энергияи гармӣ истеҳсол намуда, аз соли 1998 то соли 2007, бинобар сабаби набудани эҳтиёҷот ба қувваи гармӣ аз фаъолият бозмонда буд.

     Соли 2007 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази барқу гармидиҳииЁвон ба тобеиятиШиркати саҳҳомии холдингии кушодаи «БарқиТоҷик» ва «Истгоҳҳои обтаъминкунии Кофарниҳон-Ёвон» аз тавозуни ҶСК «Тоҷиккимсаноат» ба тавозуни КВД «Ширкати алюминии Тоҷик» (бо ҳуқуқи идоракунии хоҷагидорӣ) гузаронида шуданд.

Дар натиҷаи корҳои барқарорсозӣ охири соли 2007 ва аввали соли 2008 деги буғии №1 ватрубинаи №1-и корхона фаъол гардиданд ва ҳамон сол ба миқдори 11 млн. 091 ҳазор кВт/соат қувваи барқ истеҳсол карда шуд.

Корхона аз моҳи феврали соли 2008 то имрӯз аз лиҳози набудани мизоҷон ва мавҷуд набудани сӯзишворӣ (гази табиӣ ва мазут) фаъолияти истеҳсолӣ надорад.

Маркази барқу гармидиҳии Ёвон соли 2009 мутобиқи қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун зерсохториШСХК «Барқи Тоҷик» ба Ҷамъияти саҳҳомии кушода табдил дода шудааст.

Айни ҳол корхона бо 2 агрегати истеҳсолкунандаи нерӯи барқ (бо иқтидори истеҳсоли 120 МВт дар як соат), 3 деги буғӣ (бо иқтидори истеҳсоли 1260 тонна буғ дар як соат), Дастгоҳи обгармкунии тавоноияш 800 м3 дар як соат, инчунин, «Истгоҳҳои обтаъминкунии Кофарниҳон-Ёвон» бо 3 пойгоҳи обкашӣ (бо иқтидори кашонидани 2700 м3 об дар як соат) омодаи хизматрасонӣ ҳастанд. 

Алҳол шумораи мутахассисон ва кормандони ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии Ёвон» 116 нафарро ташкил медиҳад.

Вазифаи директории Маркази барқу гармидиҳии Ёвонро дар давоми солҳои гуногун шахсони зерин ба зимма доштанд: Аллаёров Н., Варварский В.С., Швартс Ю.И., Кравченко В.И., Гайдукевич В.В., Пожидаев А.Д., Орифов А.И., Набиев В.Н. (1989-1993), Ниёзов А.Н. (1993-1999), Валиев Н.Ш. (1999-2007), Аҳадов А. А. (2007-2019), аз 2019 то ҳоло ин масъулият ба зиммаи Воҳидзода Н. гузошта шудааст.

 

ҶСК “ТОҶИККИМСАНОАТ”

Захираи маъданҳои табиии ноҳия- намаки ошии Тутбулоқ, оҳаксанги Пусхур, инчунин, қувваи барқи НОБ-и Норак ва гази табии Осиёи Миёна асоси пайдоиши идеяи таъсисдиҳии корхонаи “Тоҷикимсаноат” гаштаанд.Зикр намудан бамаврид аст, ки соли 1957 гурӯҳи кории Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо мақсади омӯхтани имкониятҳои саноатии қисмати ҷанубии Тоҷикистон ба кишвари мо, аз он ҷумла ба ноҳияи Ёвон омада, бунёди шаҳраки Ёвон, корхонаи кимиёвӣ, Маркази барқу гармидиҳӣ, минтақаи саноатӣ, нақби обгузари Бойғозӣ-Ёвон ва дигар иқтидорҳои истеҳсолии маҳалро ба нақша гирифта буд.

Соли 1965 аллакай лоиҳаи аввалини бунёди корхона дар ду навбат таҳия карда, соли 1970 сохтмони он ғоз гардидааст (лоиҳаи мазкур панҷ маротиба дар давоми солҳои 1966, 1971, 1972, 1973 ва 1976 такмил дода шудааст).

Иттиҳодияи истеҳсолии “Электрохимиявӣ”-и Ёвон дар натиҷаи заҳмати ҳаштсолаи мутахассисони ватаниву хориҷӣ 29 декабри соли 1978 ба фаъолият оғоз карда, аввалин маҳсулоти гаронбаҳои худ- гипохлориди калсийро истеҳсол намуд.

Дар сохтмони ин корхонаи муқтадир намояндагони ҳама халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мутахассисони маҳаллӣ, аз ҷумла Аскар Шоев, Ҳайдар Мусоев, Бозор Каримов, Владимир Усенко, Григорий Миронец, Анатолий Агафонов, Саидмаҳмуд Раҳмонов,Владимир Буцин, Абдураҳим Хушвахтов, Лидия Голованова, Аскар Рустамов, Андрей Михайловский, Раҷабалӣ Қодиров, Абдулмаҷид Самадов, Маҳмадулло Ҷабборов, Роз Рудолф, Ким Михайл, Муҳаммадамин Сафархолов, Мирзоҳаёт Муҳиддинов, Насиб Сурхаев, Ҷунайдулло Буриев, Гулбой Тағоев, Давлӣ Норов, Зиёқул Раҳимов, Саид Ҷабборов, Асомиддин Аҳмадов, Таваккал Қодиров ва садҳо нафар коргарони матинирода саҳмгузорӣ кардаанд.

Миёнаи солҳои 80-уми асри гузашта давраи пурмаҳсултарини фаъолияти корхона маҳсуб меёбад. Ҳарчанд ки ҳаҷми лоиҳавии истеҳсоли содаи каустикӣ 100 ҳазор тонна муқаррар гардида буд, корхона танҳо дар соли 1987 тавонист нишондиҳандаи рекордӣ нишон дода, 78 ҳазор тонна ин намуди маҳсулотро истеҳсол намояд.

Бо пароканда гардидани Иттиҳоди Шӯравӣ, сар задани ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва вайрон гардидани роҳи оҳани “Тирмиз-Қӯрғонтеппа-Ёвон” дар қитъаи Лойқасой (дар натиҷаи боришоти пайдарпайи баҳори соли 1996 8,7 км қитъаи мазкури роҳи оҳан харобгардида буд, ки он  моҳи ноябри соли 2001 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор карда шуд) фаъолияти корхонаи “Тоҷиккимсаноат” хеле суст ва нокифоя гардид.

Соли 1985 Иттиҳодияи истеҳсолии “Электрохимиявӣ” мутобиқи фармоиши Вазорати саноати кимиёи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба Иттиҳодияи истеҳсолии “Тоҷикхимпром” ва соли 1999 дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҶСШК “Тоҷикимсаноат” табдил дода шудааст.

Соли 1991 бинобар сабаби қатъ гардидани фаъолияти коргоҳи “Хладон” иқтидори истеҳсолии корхона дар самти истеҳсоли хлор ва содаи каустикӣ паст фаромад. Миқдори нокифояи хлори истеҳсолшаванда барои истеҳсоли маводи безараркунанда истифода мешуд ва боқимондаи он ба ҷумҳуриҳои Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон содирот мегардид.

Соли 2002 бо мақсади аз ҳолати буҳронӣ баровардани корхона дар заминаи он ҶСП “Тоҷик-Кипр Кимиё” ташкил гардид, вале мутаассифона, аз ин тадбир натиҷаи дилхоҳ ба даст наомад.Соли 2003 нисбат ба соли 2001 истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти содиротии корхона- содаи каустикӣ 285 тонна, хлори моеъ 1222тона ва оҳаки хлордор 404 тонна кам гардид.

Аз ҳамин лиҳоз, соли 2005 фаъолияти ҶСП“Тоҷик-Кипр Кимиё” қатъ гардид ва соли 2008 корхона аз тарафи Ширкати “Миру Мир Лимитед” хусусӣ гардонида шуд ва то ҳоло дар тавозуни он қарор дорад. Ин корхона аз соли 2010 инҷониб бо номи ҶСК “Тоҷиккимсаноат” фаъолият дорад.

Қобили зикр аст, ки корхонаи азими “Тоҷикимсаноат” дар тӯли беш аз 25 сол баҳри пешрафту ободонии ноҳия, ғанӣ гардидани буҷаи маҳал ва муҳайё намудани ҷойҳои корӣ нақши бемисл дошт (теъдоди мутахассисону коргарони он то ба5200 нафар расида буд). Маҳсулоти истеҳсолии корхона асосан аз гипохлориди калсий, гипхлориди натрий, содаи каустикӣ, хлори моеъ, оҳаки хлордор, белизна ва намакоб иборат буд (айни ҳол ҶСК “Тоҷикимсаноат” корхонаи “Намаки Ёвон”-ро бо намакоб ва минтақаи саноатии ноҳияро бо об таъмин мекунад).

Ба туфайли таъсисёбии ин корхона дар ҳудуди ноҳия корхонаҳои азиме ба монанди Маркази барқу гармидиҳӣ, механикию таъмирӣ, оҳакбарорӣ, коргоҳи коркарди намак (“Рассольпром”), иншооти иҷтимоии “Тоҷиктелеком”, Маркази саломатии ноҳиявӣ, Беморхонаи марказӣ, “Шаҳраки Химикон” (кӯчаи А.Ҷомӣ) бунёд гардида, инфрасохтори шаҳраки Ёвон мукаммал гардонида шудааст.

Дар назар дошта шудааст, ки дар ояндаи наздик бо дастгирии шарикони рушди Тоҷикистон дар заминаи ҶСК “Тоҷиккимсаноат” корхонаи нави замонавӣ оид ба истеҳсоли маводи кимиёвӣ таъсис дода шавад (дар ин самт корҳои балоиҳагирӣ оғоз гардида, аллакай лоиҳаи аввалин ба маблағи зиёда аз 111 млн. доллари ИМА таҳия карда шудааст).

 

КОРХОНАИ ҶДММ “НАМАКИ ЁВОН”

Сохтмони корхонаи “Намаки Ёвон” ҳанӯз соли 1981 оғоз ёфта, вобаста ба буҳрони сиёсиву иҷтимоии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва нобасомониҳои оғози солҳои навадуми асри гузаштаи ҷумҳурӣ ба муддати дароз тӯл кашид ва ниҳоят аз баракати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 декабри соли 1995 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд.

Ашёи хоми “Намаки Ёвон” аз Кони намаки собиқ деҳаи Тутбулоқ (воқеъ дар ҳудуди деҳоти ба номи Г.Юсуфова), ки дар масофаи 14 км дуртар аз корхона ҷойгир шудааст, баъди ба намакоб табдил додан ба воситаи қубурҳо дастрас гардонида мешавад.

Солҳои 2007-2009 даврони авҷи фаъолияти корхона ба ҳисоб меравад:дар он давра ҳамасола беш аз 6000 тонна намаки йоднок истеҳсол гардида, ба фурӯш бароварда мешуд. Азбаски ки талаботи дастгоҳҳои истеҳсолӣ ба нерӯи барқзиёд буду хароҷоти зиёдротақозо мекард, роҳбарияти корхона соли 2012 таҷҳизоти нави чиноиро дар истеҳсолот ворид намуда, ҳаҷми хароҷотро маҳдуд сохтанд. Айни замон ҳаҷми солонаи истеҳсоли намаки корхона баробари 500-600 тонна аст, ки он асосан дар бозори дохилӣ ба муомилот бароварда, ба Ҷумҳурии Қирғизистон низ содирот карда мешавад. Мувофиқи шартномаи байни корхона ва ҷониби харидор шурӯъ аз моҳи августи ин сол маҳсулоти корхона ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон низ содирот карда хоҳад шуд.

Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаи “Намаки Ёвон” дар давоми фаъолияти беш аз 20-солаи он зиёда аз 45 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Корхона соли 2006 аз ҷониби соҳибкор Нозимов Ф. хусусӣ гардонида шудааст.

ҶДММ “МАРМАРӢ” (собиқ ҶСП “АТО”)

   Корхонаи равғанкашии “Мармарӣ” (АТО) соли 2001 дар маркази ноҳия бо саҳми соҳибкори муваффақ Бобоев Тоштемур таъсис ёфта, соли 2009 ба ҳудуди деҳоти Даҳана (назди корхонаи “Намаки Ёвон”) кӯчонида шудааст.

Корхона бо дастгоҳҳо ва технологияи муосир муҷаҳҳаз гардида, дар як шабонарӯз иқтидори коркарди 100-120 тонна пунбадона, 50-60 тонна лӯбиё, 60 тонна тухми офтобпараст ва қобилияти истеҳсоли то 15 тонна равған, 50 тона кунҷора ва 25 тонна пучоқи пунбадонаро дорад. Ашёи хоми истифодашаванда, яъне пунбадонааз корхонаҳои коркарди пахтаи ватанӣ ва лӯбиёву тухми офтобпараст аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон дастрас карда мешаванд. Равғани хушсифат ва дигар маҳсулоти истеҳсолии корхона дар бозори истеъмолии кишвар харидорони зиёд дорад.

Қобили қайд аст, ки моҳи августи соли 2012 Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории хеш ба ноҳияи Ёвон бо фаъолияти корхонаи мазкур шинос шуда, дар расми ифтитоҳи коргоҳи эктраксионии он ширкат варзид.

   Ҳоло ин корхона аз ҷониби ҶДММ “Мармарӣ” харидорӣ гардида, дар ин корхона зиёда аз 100 нафар мутахассисону коргарон фаъолият доранд, ки музди маоши онҳо ба ҳисоби миёна 1500 сомониро ташкил медиҳад.

ҶДММ “ҒАЮР”

Корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти мазкур бо маблағи 3 млн. 200 ҳазор сомонӣ соли 2007 дар заминаи корхонаи оҳакбарорӣ сохта шуда, аз соли 2011 бо истифода аз ангишт бо иқтидори истеҳсоли 400 тонна семент дар як шабонарӯз кор мекунад. Ҳоло дар ин корхона беш аз 100  нафар мутахассисону коргарон ба шуғл фаро гирифта шудаанд.

Корхона тадриҷан ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуда, дар соли 2020 ин нишондиҳандаро ба 44534 тонна семент расонд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 2195 тонна зиёд мебошад. Имрӯзхо дар корхонаи мазкур истеҳсоли оҳаки сохтмонӣ низ ба роҳ монда шудааст.

Роҳбарии ҶДММ “Ғаюр”-ро соҳибкори ҷавон Ғуломов Акмал ба зимма дорад.

ҶДММ “ТОҶХИМ” (собиқ “Истиқлол-2010”

Ҳаҷми зиёди истеҳсоли пахта дар маҳал боис гардид, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар ҳудуди ноҳия шаш корхонаи коркарди пахта сохта ба истифода дода шавад.

Яке аз чунин корхонаҳо ҶДММ “Тоҷхим” мебошад, ки соли 2010-ум аз тарафи соҳибкори ватанӣ Авзалов Умед бо иқтидори коркарди 35 ҳазор тонна пахта дар як сол барои 60 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Бояд гуфт, ки то таъсисёбии ин корхона дар ҳудуди шаҳраки Ҳаёти Нав чунин муассисаи бузурги саноатӣ мавҷуд набуд. Бо ташкил гардидани ҶДММ “Тоҷхим” сокинони шаҳраки мазкур имкон пайдо намуданд, ки ба ғайр аз фаъолияти кишоварзию чорводорӣ ба фаъолияти саноатӣ низ машғул шаванд. Фаъолияти корхона барои хизмат расонидан ба пахтакорони ноҳия нигаронида шудааст.

Корхонаи мазкур аз ҳосили пахтаи соли 2020 ба миқдори 883 тонна нахи соф, 1320 тонна пунбадона, 51,2 тонна тибит ва 25,6 тонна торак ва 12,8 тонна торак истеҳсол намуда, дар рушди соҳаи саноати ноҳия саҳми босазо гузоштааст.

ҶДММ “ХИМА-ТЕКСТИЛ”

Корхонаи «Хима-текстил», ки соли 2010 аз ҷониби ҶДММ “Корпоратсияи Хима” (сарвараш Ҳаёев Исматулло) бо буридани лентаи рамзӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз намудааст, корхонаи  силсилаи  пурраи  коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ (ресандагӣ, бофандагӣ ва дӯзандагӣ) ба шумор меравад.

Таҷҳизоти корхона, аз он ҷумла хатҳои технологии худкор, 48 дастгоҳи асосӣ ва 25 дастгоҳи ёрирасон, ки барои истеҳсоли риштаҳои маҳину шоназада пешбинӣ гардидаанд, аз Ширкати “Марзоли”-и Италия ворид карда шудаанд. Риштаҳои пахтагии корхона, ки барои истеҳсолоти кешбофӣ (трикотажӣ) ва бофандагӣ нигаронида шудаанд, пурра ҷавобгӯи стандартҳои муосир буда, дар бозори ҷаҳонӣ харидорони зиёд дорад.

Дар ин корхона наздики 200 нафар мутахассисону коргарон фаъолият менамоянд, ки 45 нафари онҳоро занону духтарони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Кормандон бо хӯроки гарм ва шароити мусоиди корӣ таъмин буда, музди маоши моҳонаи онҳо ба ҳисоби миёна 860 сомониро ташкил медиҳад. Чор адад нақлиёти мусофиркаш ба таври мунтазам ба аҳли кормандони ҶДММ “Хима текстил” хизмат мерасонанд.

ҶДММ “ХУАКСИН ҒАЮР СЕМЕНТ”

Ба кор даромадани корхонаи “Хуаксин Ғаюр семент”, кинатиҷаи ҳамкориҳои соҳибкорони маҳаллӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, ба рушди иқтисоди миллӣ, тавсеа ёфтани ташаббусҳои созандаи соҳибкорони маҳал ва афзун гардидани ҳаҷми сармоягузории хориҷӣдар ноҳия такони ҷиддӣ бахшид. 

Ин корхонаи азим, ки дар як сол иқтидори истеҳсоли 1 млн. тонна сементро дорад, бо ибтикори соҳибкори муваффақ Акбар Асадулло дар ҳамкорӣ бо ширкати Ҷумҳурии Мардумии Чин бо харҷи 100 млн. доллари ИМА бунёд гардида, 29 августи соли 2013 бо буридани лентаи рамзӣ аз тарафи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар расми кушодашавии он Роҳбари давлат суханронӣ карда, аз ҷумла изҳор дошт, ки: “Имрӯз бо оғози баҳрабардории ин корхонаи замонавии бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз дар самти амалишавии нақшаҳои неку созандаи мо, аз ҷумла доир ба истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда, афзунгардонии имкониятҳои иқтисоди миллӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ қадами ҷиддии навбатӣ гузошта шуд”.

Корхонаи мазкур айни замон пурмаҳсул фаъолият дошта, дар коргоҳҳои он зиёда аз 382 нафар коргарону мутахассисони маҳалливу чинӣ кору фаъолият намуда истодаанд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти он дар соли 2020 беш аз як миллион тонна сементи хушсифатро ташкил дода аз он зиёда аз 300 ҳазор тонна ба хориҷи мамлакат содирот гардидааст.

Корхонаҳои “Хуаксин Ғаюр семент”, “Ғаюр” ва “Хуаксин Ғаюр Суғд семент” (воқеъ дар ноҳияи Б .Ғафурови вилояти Суғд, ки низ бо ташаббуси А.Асадулло сохта шудааст), на танҳо воридшавии сементро ба ҷумҳурӣ қатъ намуданд, балки имкон фароҳам оварданд, ки маҳсулоти баландсифати ватанӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шавад.

ҶДММ “ВАҲДАТ Текстайл” (собиқ ВАҲДАТ)

     Фабрикаи дӯзандагӣ ва бофандагии “Ваҳдат Текстайл” бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсоли ҷӯробу либосҳои бачагона ва рангубори ришта бо маблағи 71,8 млн. сомонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Илҳом Мирзоев бунёд ёфта, марҳилаи якуми он соли 2014 бо иқтидори истеҳсоли 4 млн. 800 ҳазор ҷуфт ҷӯроб дар як сол ба кор дароварда шудааст. Ҷӯробҳои хушсифати ин корхона аллакай дар дохил ва хориҷи кишвар, алалхусус, дар Федератсияи Россия харидорони зиёд пайдо намудаанд.

Марҳилаи дуюми фабрика, ки ба рангу бор намудани риштаҳои пахтагӣ барои 40 ҷойи корӣ нигаронида шудааст, дар арафаи ҷашни Наврӯзи соли 2016 ба кор андохта шуд. Коргоҳи рангубори ришта бо харҷи 23,9 млн. сомонӣ бунёд гардида, дар як сол иқтидори рангу бор намудани 2400 тонна риштаро дорад.

Барои ба фаъолият оғоз намудани марҳилаи сеюми корхона, яъне коргоҳи истеҳсоли либосҳои бачагона, коргоҳи истеҳсоли дастпӯшакҳои коргарӣ ва либосҳои тагпӯши кӯдакона дастгоҳҳо ва таҷҳизоти зарурӣ ворид гардида, соли 2020 истеҳсоли либосҳои мактабӣ ва соли ҷорӣ истеҳсоли дастпӯшакҳои коргарӣ ба истеҳсолот шурӯъ намуда, то охири соли ҷорӣ истеҳсоли либосҳои тагпӯши кӯдакона низ ба роҳ монда хоҳад шуд.

Ҳоло дар коргоҳҳои рангубори ришта, дӯзандагӣ ва кешбофии ин фабрика беш аз 140 нафар мутахассисону коргарон ба шуғл фаро гирифта шудаанд, ки аксарияти онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд.

ҶДММ “Мадина 1”

ҶДММ «Мадина 1» соли 2015 бо иқтидори коркарди 25 ҳазор тонна пахта дар як сол барои 80 ҷойи корӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Чоргул сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Корхонаи мазкур аз ҳосили пахтаи соли 2020 ба миқдори 654,1 тонна нахи соф, 1003 тонна пунбадона, 38,9 тонна тибит ва 19,4 тонна торак истеҳсол намуда, дар рушди соҳаи саноати ноҳия саҳми босазо гузоштааст.

           Айни замон роҳбарии корхонаро Раҷабов Қ. бар уҳда дорад.        

ҶДММ “СЗИНЯН ИНХАЙ ХУАНФАНТСЮЙ

ДАР ТОҶИКИСТОН”

Корхонаи коркарди пахтаи “Сзинян Инхай Хуанфантсюй дар Тоҷикистон”, ки иқтидори коркарди 50 ҳазор тонна пахтаро дар як сол дорад, моҳи декабри соли 2015 аз тарафи як Ширкати чиноӣ барои 80 ҷои корӣ дар ҳудуди шаҳраки Ҳаёти Нав сохта ба истифода дода шудааст. 

Корхона дар мавсими имсолаи фаъолияти худ аз ҳосили пахтаи 2020 беш аз 616,8 тонна нахи соф 1046,7 тонна пунбадона ва 20,6 тонна торак истеҳсол намуда, дар таъмини буҷаи маҳал нақши босазо гузошт.

Дар назар дошта шудааст, ки дар оянда дар заминаи корхонаи коркарди пахтаи “Сзинян Инхай Хуанфантсюй” коргоҳҳои ресандагӣ, рангуборкунӣ, бофандагӣ ва дӯзандагӣ бунёд гардида, нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ коркард шавад.

ҶДММ “ХУАҶИАН ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ”

Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал”22 апрели соли 2016 дар зарфи камтар аз якуним сол бо саҳми муштараки соҳибкори маҳаллӣ Акбар Ғуломов ва соҳибкорони чиноӣ дар майдони 5,2 га бо харҷи беш аз 130 млн. сомонӣ (баробар ба 18 млн. доллари ИМА) сохта ба истифода дода шудааст.

Дар расми кушодашавии ин корхонаи муқтадир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, дар яке аз биноҳои барҳавои он бо иштироки масъулони вазорату кумитаҳои дахлдори ҷумҳурӣ, роҳбарият ва масъулони соҳаи саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва сокинони ноҳия мулоқот орост.

Иқтидори истеҳсолиикорхона баробари 10 ҳазор дона варақаҳои гаҷӣ дар як шабонарӯзва 2,5 млн. дона дар як сол буда, дар коргоҳҳои он барои 200 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё гардидааст. Ҷиҳати мукаммалсозии хатти истеҳсолӣ як коргоҳи махсусгардонидашудаи корхона профилҳои гуногун истеҳсол менамояд, ки ин навъи маҳсулот дар корҳои сохтмонӣ ҷузъи зарурии варақаҳои гаҷӣба ҳисоб меравад.

Дар ҳудуди корхонаи “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал” як ташхисгоҳи мукаммал бо 26 дастгоҳи муосири ташхиси масолеҳи сохтмонӣ ташкил гардида, барои таҳлилу ташхис намудани масолеҳи сохтмонии худӣ ва дигар корхонаҳои ватанӣ шароит фароҳам овардааст.

Президенти мамлакат дар расми кушодашавии корхона барои дар муҳлати кутоҳ ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонию муҷаҳҳазгардонӣ ба мутахассисону коргарони маҳаллӣ ва сармоягузорони кишвари дӯсту ҳамсоя- Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳори сипос намуда, иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти бунёди корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ ибратбахш арзёбӣ кард. Дар баромади Сарвари давлат аз ҷумла қайд гардид, ки: “Ба фаъолият шурӯъ намудани корхона бо истифода аз технологияҳои муосир ва бо дарназардошти талаботи бозор истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридотро таъмин намуда, барои содироти ин намуди масолеҳи сохтмон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои мазкур иқтидори саноатии мамлакатро, хусусан, дар самти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ, тақвият бахшида, барои муҳайё гаштани садҳо ҷойҳои нави корӣ шароити муносиб фароҳам овард.

ҶДММ “ҶУНГТСАЙ МОҲИР СЕМЕНТ”,

ҶДММ “МОҲИР ПЛАСТИК” ва сохташавандаи “МОҲИР”

Сохтмони ин корхонаҳо аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Баҳриддин Ҷурахонов ва ширкати хитоии “Ҷунгтсай семент” моҳи ноябри соли 2014 дар майдони 12 га оғоз ёфта, бо харҷи 957,6 млн. сомонӣ дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расид.

Илова ба истеҳсоли семент, дар заминаи корхонаи мазкур коргоҳи истеҳсоли халтаҳои семент, қубур ва новаҳои обгузари бетонӣ бунёд карда шудаанд.

Иқтидори истеҳсолии корхони сементбарорӣ дар як сол 1,2 млн. тонна семент, 20 млн. дона халтаҳои плиетиленӣ ва дар як шабонарӯз истеҳсоли 70 метри қубур ва 70 метр новаҳои обгузарро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, дар базаи корхонаҳои мазкур имрӯзҳо сохтмони корхонаи истеҳсоли гачкартон бо иқтидори коркарди 200 ҳазор тонна гаҷ, истеҳсоли 30 млн. метри мураббаъ гаҷкартон ва гаҷкартон барои сақф (600 х 600 мм) дар як сол идома дорад, ки дар нимаи дуюми соли 2022-юм ба истифода дода хоҳад шуд. Ҳамзамон, дар корхона дар як сол 70 ҳазор тонна ғурагач (шпаклевка) истеҳсол карда хоҳад шуд. Масоҳатаи корхона 6,33 гектар ва маблағгузории умумии лоиҳа 35 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Дар корхона 150 ҷойи доимии корӣ муҳайё мегардад.

ҶДММ “Талко Кемикал” 

Корҳои балоиҳагирии корхонаи муқтадири “Талко Кемикал” дар ҳудуди деҳоти Чоргул дар масоҳати 15,4 га соли 2008 шурӯъ шуда, сохтмони он соли 2010 аз тарафи Ширкати “СНМС”-и Ҷумҳурии мардумии Чин оғоз гардидааст.

Мақсад аз бунёди ин корхона таъмин намудани Ширкати алюминии Тоҷик бо ашёи хоми маҳаллӣ, инчунин, ба хориҷи кишвар содирот кардани маҳсулоти криолит, фториди алюмин ва кислотаи сулфат мебошад.

Мутобиқи лоиҳа корхона дар як сол иқтидори истеҳсоли 12 ҳазор тонна криолит, 18 ҳазор тонна фториди алюмин, 100 ҳазор тонна кислотаи сулфат ва 75 ҳазор тонна гаҷи сохтмонӣ дошта, соли 2018 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки 560 ҷойи кори доимӣ таъсис ёфт.

КОРХОНАҲОИ ХУРДИ ИСТЕҲСОЛӢ

Дар баробари корхонаҳои номбаргардида дар замони соҳибистиқлолии мамлакат дар ҳудуди ноҳия корхонаҳои хурду миёнаи зиёде низ таъсис ёфта, барои афзун гардидани ҳаҷми маҳсулоти саноатии ноҳия ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ мусоидати фаъол намудаанд.

Ин ҷо метавон чанде аз онҳоро номбар намуд, ки тайи солҳои охир бо истеҳсол ва пешниҳод намудани маҳсулоти ба талаботи бозор ҷавобгӯ ба рушди соҳаи соҳибкорӣ ҳиссаи арзанда гузоштаанд:

ҶДММ “Муаллими Файзалӣ” (оид ба истеҳсоли гаҷхок, пеноблок, ғишти бетонӣ, дару тирезаҳои чӯбин ва пластикӣ- 23 ҷойи корӣ);

ҶДММ “Ёсини Ёвон” (оид ба истеҳсоли ғишти пухта ва консерваҳо- 22 ҷойи корӣ);

ҶДММ “Тоҷметпласт” (оид ба истеҳсоли конструксияҳои филизӣ ва таъмири воситаҳои асосии истеҳсолот- 15 ҷойи корӣ);

ҶДММ “Тоҷик НФС Махат” (оид ба истеҳсоли зарфҳои оҳанӣ барои нигоҳдории маҳсулоти нафтиву газӣ- 29 ҷойи корӣ);

ҶДММ “Сангу шағали Ёвон сохтмон” (оид ба истеҳсоли қуму шағал- 11 ҷойи корӣ);

ҶСП “Усто” (оид ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ- 18 ҷойи корӣ);

ҶДММ “Кавсар” (оид ба истеҳсоли карбос- 8 ҷойи корӣ);

ҶДММ “Сабр” (оид ба истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ- 11 ҷойи корӣ);

ҶДММ “Ҳабибуллои Фирӯз” (оид ба истеҳсоли мебели хонаву корхона- 12 ҷойи корӣ);

ҶДММ “Муқим 1” (оид ба истеҳсоли бомпӯшҳои азбестӣ 6- ҷойи корӣ )

ҶДММ “Тиҷорати Сорбон” (оид ба истеҳсоли маҳсулотҳои ширӣ- 9 ҷойи корӣ) ва дигар корхонаҳои хурду миёна.