Заҳматҳо бе подош намонданд.

  • Posted on: 15 January 2021
  • By: korbar

Дар ҷаласаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба натиҷаҳои рушд дар соли 2020, ки бо иштироки раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, намояндаи Ҳукумати ҶТ- Директори Агентии содироти назди Ҳукумати ҶТ Бобозода Шавкат ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон- муовини раиси вилоят Сулаймонзода Акрам рӯзи 15 январи соли 2021 дар Кохи фарҳанги ноҳия баргузор гардид, ба муовини раиси ноҳияи Ёвон Саъдуллозода Неъматулло, ки ба кори дигар гузашт, барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи хизмати давлатӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ташаббускориҳояш, инчунин ба раиси Ҷамоати деҳоти Даҳана барои расидани ӯ ба синни нафақа  Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Ҳамчунин, дар поёни ҷаласа саҳм ва заҳмати софдилонаи як қатор роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон ва раисони маҳаллаҳо, ки соли гузашта баҳри рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия ба сомон расонидаанд, бо ифтихорномаву сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда шуд.

Масъулин ва омӯзгороне, ки дар баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва омода сохтани иштирокчиёни ин озмуни бонуфуз ҳиссаи сазовор гузоштаанд, бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои пулии раиси ноҳияи Ёвон сарфароз гардонида шуданд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пештар иштирокчиён ва ғолибони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” низ ба қадрдонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мушарраф гардида буданд.

Дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур аз 10 нафаре, ки аз ноҳияи Ёвон роҳхат ёфта буданд, 2 нафар бо сабаби беморӣ ширкат варзида натавонистанд. Аз 8 нафар иштироккунанда 3 нафар соҳиби ҷойҳои намоён (ҷойи 2-юм- 2 нафар, ҷойи 3-юм- 1 нафар) ва 2 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷмӯан ба иштирокчиёну ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст-2020” қариб 100 ҳазор сомонӣ тақдим намудааст.