МАЪЛУМОТИ  МУХТАСАР оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ёвон дар давоми соли 2020

  • Posted on: 15 January 2021
  • By: korbar

Дар давоми соли 2020 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳия ба 2 млрд. 702 млн. 115,5 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба соли 2019-ум 82 млн. 382,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 млрд. 562 млн. 218 ҳазор сомонӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ба 1 млрд. 139 млн. 897,5 ҳазор сомонӣ баробар гардид. Дар қиёс бо соли 2019 ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 19 млн. 326 ҳазор сомонӣ бештар мебошад. Дар ин давра музди миёнаи кор 1263 сомониро ташкил додааст.

 

Иҷрои  буҷет

Нақшаи қисми даромади андозҳои буҷети давлатӣ, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба қадри 103,4 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 248 млн. 164,5 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлатӣ 256 млн. 565,5 ҳазор сомонӣ ворид гашт, ки ин нисбат ба нақша 8,4 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра 6 намуди андозҳо иҷро нагардид, ки инҳо андоз аз фоида (97,9%), андоз аз арзиши иловашуда (85,2%), андози иҷтимоӣ (85,7%), андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард (55,7%), боҷи давлатӣ (97,7 %) ва дигар пардохтҳои ҳатмии умумии маҳаллӣ (80,5%) мебошад.

Ба ҳолати 1 декабри соли 2020 қарзи корхонаю муассисаҳо аз ҳисоби андозҳо (бо дарназардошти бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ) 6,3 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол ба маблағи 1,0 млн. сомонӣ кам гардидааст.

 

Хизматрасонии пулакӣ ва савдо

Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ 149,6 млн. сомониро ташкил дода, нисбатан 7,0 млн. сомонӣ зиёд ва муомилоти мол ба 352,5 млн. сомонӣ расида, нисбат ба соли 2019 50,0 млн. сомонӣ кам гардидааст. Тибқи маълумотҳо аз ҷониби бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ба соҳаҳои кишоварзӣ 32,8 млн. сомонӣ, ба соҳибкорон 44,1 млн. сомонӣ ва ба дигар истеъмолкунандагон 45,7 млн сомонӣ, ҷамъ 122,8 млн сомонӣ қарзҳои кутоҳмуддат ва дарозмуддат дода шудааст.

Айни замон дар ноҳия 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда аз ин ҳисоб 53,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

 

Кишоварзӣ

Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама бахшҳои хоҷагидори ноҳия ба 1 млрд. 139 млн. 897,5 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки аз он 745 млн. 908,0 ҳазор сомонӣ ба соҳаи растанипарварӣ ва 393 млн. 989,5 ҳазор сомонӣ ба соҳаи чорводорӣ рост меояд.

Дар ин давра 64 хоҷагии ёрирасони корхонаҳои кишоварзӣ, 71 адад дигар намуди хоҷагидорӣ ва 1 адад хоҷагии таълимии таҷрибавии “Ёвон-1”, 4524 хоҷагиҳои деҳқонӣ (аз он 2037 хоҷагии пахтакор) фаъолият доштанд.

Аз тарафи хоҷагиҳои кишоварзӣ дар майдони 22483 гектар зироат кишт карда шудааст, ки ин баробари 100,0 фоизи нақша мебошад.

Аз майдонҳои кишти имсола 6980 га ғалла ва лӯбиёгиҳо (аз он 6233 га гандум, 241 га ҷуворимаккаи дон, 386 га ҷав, 115 га дигар намуди ғалладонагиҳо), 217,5 га картошка, 1790 га сабзавот (аз он 828 га пиёз), 1081 га полезӣ, 11594 га зиротатҳои техникӣ (аз он 11024 га пахта ва 830,5 га зироатҳои хӯроки чорво) мебошад.

Ҳосилнокии ғалладонагиҳо ба ҳисоби миёна 35,5 сентнерро ташкил дода, дар қиёс бо соли гузашта 2,4 фоиз зиёд гардидааст.

Тибқи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020 дар давоми 5-сол 84 га боғу токзорҳои нав бунёд гардида (аз он 70 га боғ ва 14 га токзор), 66 га боғу токзори куҳна барқарор карда шудааст. Имсол бошад, 11,0 га боғи нав бунёд гардида, 6 га боғҳои куҳна аз нав барқарор карда шуданд. Алҳол дар ноҳия ҳамагӣ 646 га боғ ва 794 га токзорҳои мевадиҳанда мавҷуд аст ва дар майдони 1,8 га хоҷагии деҳқонии ниҳолпарварӣ фаъолият дорад.

Хоҷагидорон то 1 январи соли 2021 25395,8 тонна пахта (бо вазни холис) ҷамъоварӣ карда, ба нуқтаҳои қабул супоридаанд, ки ин баробари 101,8 фоизи дурнамо буда, ҳосилнокӣ ба ҳар як гектар 23,0-сентнерӣ рост меояд.

Дар майдони 9105 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки аз ин 5581 га ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 3524 га ба бахши аҳолӣ рост меояд. Аз кишти такрорӣ 12442,0 тонна ғалла, 18280,0 тонна сабзавот ва 7898,0 тонна полезӣ ҷамъоварӣ гардидааст.                                                 

Дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ 47761,4 тонна ғалла (бо ҷуворимаккаи дон), 87435,5 тонна сабзавот, 40219,3 тонна полезӣ, 25395,8 тонна пахта, 10182 тонна мева ва 9462,0 тонна ангур истеҳсол карда шудааст.

Дар ин давра хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия ба хориҷи кишвар 3919,5 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда, нақшаи солонаро ба андозаи 101,8 фоиз иҷро намуданд.

Дар ноҳия 98945 сар чорвои калон (аз он 48865 сар модагов), 184994 сар бузу гӯсфанд, 247466 сар паранда, 6115 сар асп, 4430 оилаи занбӯри асал  парвариш ёфта истодааст.

Дар ин давра 13453,9 тонна гӯшт, 49762,9 тонна шир, 7 млн. 964,8 ҳазор дона тухм, 78,2 тонна асал ва 403,8 тонна пашм истеҳсол шудааст, ки нисбатан 1875,4 тонна гӯшт, 1271,9 тонна шир, 456,8 ҳазор дона тухм, 0,2 тонна асал ва 24,4 тонна пашм зиёд мебошад.

Чорводорон барои омодагӣ ба фасли сармо 45069 тонна ё худ 116,0 фоиз хошоки дурушт захира намудаанд, ки ин нисбатан 69 тонна зиёд мебошад. Захираи хӯроки ширадори чорво 5000 тоннаро ташкил медиҳад, ки ин баробари 135,0 фоизи дурнамо буда, нисбатан 1845 тонна зиёд аст.

Алҳол 22000 га замин шудгор гардида (97,9 фоиз), дар майдони 7215 га кишти барвақтӣ ва тирамоҳӣ гузаронида шудааст, ки аз он 664,3 га сабзавот (аз ҷумла 523,3 га пиёз, 54 га сабзӣ, 63 га карам ва 25 га дигар сабзавотҳо), 26,5 га картошка ва 450 га юнучқа мебошад. 

 

 

Суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа

Ба ҳолати 1 январи соли 2021 15 ҳазору 613 нафар нафақахӯр (аз ин 2 иштирокчиёнии ҶБВ, 38 нафар хизматчии ҳарбӣ, 8 нафар маъюбони байналмилал, 11 нафар иштирокчиёни бартарафсозии садамаи Стансияи атомии “Чернобил”) ба қайд гирифта шудааст. Талаботи моҳонаи нафақахӯрон 4 млн. 863,8 ҳазор сомониро ташкил дода, ба ҳар як нафақахӯр ба ҳисоби миёна 311,5 сомонӣ рост меояд.

Пардохти нафақапулиҳо таввасути кортҳои пластикии «Амонатбонк» амалӣ шуда, айни ҳол нафақапулии моҳи декабри соли 2020 пардохт гардида истодааст.

 

Саноат ва энергетика

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 млрд. 562млн. 218 ҳазор сомонӣ (101,9 %) расонида шуд, ки нисбат ба соли 2019-ум 19,3 млн. сомонӣзиёд мебошад.

Соли гузашта аз корхонаи «Хуаксин Ғаюр семент» ба миқдори 330 ҳазору 871 тонна ва аз корхонаи «Чжунгтсай Моҳир семент» ба миқдори 203 ҳазору 190 тонна семент ба маблағи умумии 237 млн. 30,4 ҳазор сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот гардида, имрӯзҳо содироти маҳсулот идома дорад. Дар оянда аз ҳисоби фабрикаи дӯзандагии «Ваҳдат» содироти дастпӯшакҳои коргарӣ, либосҳои тагпӯши кӯдакона ба роҳ монда хоҳад шуд.

Аз 44 корхонаи саноатии мавҷуда 36-тои он фаъолият доштанд. Дар ин давра, ба истиснои корхонаҳои мавсимӣ, бо сабабҳои гуногун 8 корхонаю коргоҳҳо фаъолияти истеҳсолӣ накардаанд, ки барои аз ҳисоботҳои оморӣ баровардани онҳо ба нозироти андоз ва шуъбаи Агентии омор дар ноҳия мактубҳои расмӣ ирсол гардида, соли сипаригардида собиқ корхонаи оҳангудозии ҶДММ “Чжунда” аз ҳисоботи оморӣ хориҷ карда шудааст.

Дар ин давра аз тарафи соҳибкорони инфиродӣ 3 коргоҳи хурд барои 10 ҷойи корӣ, коргоҳи истеҳсоли пахтаи кӯрпабоби ҶДММ “ПМТ Мададгор” бо 18 ҷойи корӣ ва коргоҳи дӯзандагии филиали ҶДММ “Ваҳдат Текстайл” барои 26 ҷойи корӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.

  • ба маблағи 10 млн. 44 ҳазор сомонӣ корҳои таъмирӣ гузаронида шуданд.

Дар ин давра 462,76 млн. кВт.с неруи барқ қабул карда шудааст, ки аз ин 402,01 млн. кВт.с барқи фоиданок ва 12,98 фоиз талафот аст. Маблағи ҳисобкардашуда 170 млн. 912,6 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз аҳолӣ 17 млн. 628,5 сомониро ташкил дода, аз он 160 млн. 763,8 ҳазор сомонӣ ё ин ки 94,1 фоиз ва аз аҳолӣ 17 млн. 172,6 ҳазор сомонӣ ё худ, 97,41 фоиз ҷамъоварӣ шудааст.

Тазаккур бояд дод, ки бо насб гардидани таҷҳизоти замонавии каммасраф ва амалӣ намудани дигар чорабиниҳо талафоти неруи барқ ба қадри 0,12 % коҳиш ёфтааст.      

Ҳаҷми қарздорӣ аз ҳаққи истифодабарии неруи барқ ҳамагӣ 50,4 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2019-ум 10,1 млн. сомонӣ афзоиш ёфтааст. Қарздорӣ асосан аз ҳисоби корхонаҳои ҶСК «Тоҷикхимпром» (30,1 млн. сомонӣ), идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ (19,9 млн. сомонӣ), «Хима Текстил» (874,3 ҳазор сомонӣ), обу ташноб (316,8 ҳазор сомонӣ), корхонаи истеҳсолию сохтмонии оби нӯшокии деҳот (134 ҳазор сомонӣ) ва аз аҳолӣ (2,8 млн. сомонӣ) ба миён омадааст.

Дар асоси Барқияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 14 декабри соли 2020, № 1/233, амри дахлдори раиси ноҳияи Ёвон оид ба истифодаи оқилонаву сарфакоронаи неруи барқ, истифодаи босамари заминҳои наздиҳавлигӣ ва риояи чораҳои пешгирикунандаи бемории сироятии Covid-19 қабул гардида, ба ҳар як хонаводаи ҳудуди ноҳия (наздики 33000) муроҷиатнома дастрас гардонида шуд ва бо мақсади иҷрои муқаррароти он гурӯҳҳои корӣ дар ҳар як маҳалли аҳолинишин корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд.

 

Сохтмон ва меъморӣ

Дар давоми соли 2020 ҳаҷми сармоягузории асосӣ  43 млн. 639,4 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нисбатан 12,5 млн. сомонӣ кам мебошад.

 Корҳои пудратӣ ба маблағи 17 млн. 890,9 ҳазор сомонӣ иҷро шуданд, ки ин нисбат ба соли қаблӣ 33,4 млн. сомонӣ камтар аст.       

Фондҳои асосӣ ба маблағи 22 млн. 815,5 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуданд, ки ин дар қиёс бо соли 2019-ум 779,78 млн. кам мебошад.

Соли гузашта дар масоҳати 32895 метри мураббаъ манзилҳои шахсии истиқоматӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд, ки ин нисбат ба соли пешин 9218 метри мураббаъ бештар аст.

 

Нақлиёт ва алоқа

Масофаи умумии роҳҳои автомобилгарди ноҳия 453,6 км-ро ташкил медиҳад, ки аз он 79,5 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта мебошад. Барои таъмиру нигоҳдории роҳҳо дар давоми соли 2020 аз буҷаи маҳал ба муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 1 млн. 643,6 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, дар 2,8 км таъмири асосӣ, 166,2 км таъмири ҷорӣ гузаронида, 2 пул ва 2 қубури зери роҳҳои автомобилгард аз таъмири ҷорӣ бароварда, ба миқдори 100 фоиз маводи зидди лағжиш захира карда шудааст.

Роҳҳои автомобилгарди ноҳия асосан солҳои 70-80-уми асри гузашта сохта шуда, бинобар сабаби гузаштани муҳлати истифодабарии онҳо, ба таъмири куллӣ ниёз доранд.

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бо ташаббуси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва соҳибкорони маҳаллӣ дар масофаи 13,1 км роҳҳои мошингард таъмири асосӣ, дар 62,2 км сангфаршкунӣ ва дар 4,7 км таъмири ҷорӣ гузаронида шуда, 9 пули гуногунандоза таъмиру бунёд ва 9 қубури зери роҳ азнавсозӣ гардиданд, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ маблағи дар ин самт харҷгардида 3 млн. 391,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Имрӯзҳо барқарорсозии пули калонҳаҷми маркази ноҳия ва корҳои соҳилмустаҳкамкунии он, ки дар натиҷаи омадани сел соли 2014 ба куллӣ аз байн рафта буд, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Мувофиқи лоиҳаи тасдиқгардида маблағи барқарорсозии пули мазкур 23 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Дар давоми соли 2020 ҳаҷми боркашонӣ ба 1467,6 ҳаз. тонна (100,1%), гардиши боркашонӣ ба 74110 ҳазор тонна/км (113,6%) ва мусофиркашонӣ ба 3650 ҳазор нафар (100,02%), гардиши мусофиркашонӣ ба 82063  ҳазор нафар/км (146,2%) баробар гардид.

Шумораи аҳолие, ки аз алоқаи мобилӣ истифода мебаранд, зиёда аз 70 ҳазорро ташкил медиҳад. Беш аз аз 100 нафар сокинони ноҳия истифодабарандаи фаъоли Интернет дар провайдери оператори миллӣ мебошанд.

 

Меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 2456 нафар  барои пайдо  кардани ҷойи корӣ  муроҷиат карданд, ки аз онҳо 1261 нафар занон мебошанд. Аз теъдоди умумии муроҷиаткардагон 1677 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуда, аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳо 1673 нафар бо ҷойҳои кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин  гардиданд.  

Дар ин давра 14 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ бо  пешниҳоди 1973 ҷойи корӣ гузаронида шуд, ки дар онҳо 174 корхона ва 2357 корҷӯй иштирок намуданд ва 297 нафар ба ҷойи кор роҳхат гирифта, 236 нафар, аз ҷумла 122 нафар занон бо кор таъмин шуданд. Барои рушди соҳибкории шахсони бекор ба 48 нафар ба маблағи 183800 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст.  

Музди миёнаи меҳнати моҳонаи кормандон ба 1263,65 сомонӣ баробар гардид, ки ин дар қиёс бо соли 2019-ум 23,83 сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 1,9 фоизро ташкил медиҳад.

Қарзи музди меҳнат ба ҳолати 01.12.2020 маблағи 3 млн. 865545,3 сомонӣ боқӣ монда, нисбат ба аввали соли гузашта 2 млн. 717453 сомонӣ зиёд гардидааст. Қарздорӣ аз ҳисоби корхонаҳои ҶСК “Тоҷикхимпром” 343616,78 сомонӣ ва ҶДММ “Талко Кемикал” 3 млн. 521928,53 сомониро ташкил медиҳад.

   Тибқи пурсиши хонаводагӣ шумораи муҳоҷирони меҳнатии дар хориҷи кишвар қарордошта 8636 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 8144 нафар мардҳо ва 492 нафар занонанд. Соли гузашта 29 хоҷагии муҳоҷирони экологӣ бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд.

Муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар тариқи бонкҳо 47,7 млн. доллари ИМА фиристодаанд, ки ин нисбатан 25,3 млн. доллар кам аст.

 

Зимистонгузаронӣ

Бо мақсади иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 24 апрели соли 2020,  № 125, вобаста ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, № 199 «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» қарори раиси ноҳияи Ёвон аз 28 апрели соли 2020, № 850 қабул ва нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, аз ҳисоби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ситод таъсис дода шудаст. 

Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳои дахлдори ноҳиявӣ низ дар асоси қарори мазкур қарор ва фармоишҳои худро қабул намуда, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ сипарӣ намудани фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодаанд.

Дар ҷаласаҳои ҳармоҳаи ситоди ноҳиявӣ рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо баррасӣ ва ҳисоботи шахсони масъул шунида шуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Барои дар сатҳи зарурӣ сипарӣ намудани тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 ба соҳаҳои маориф ҷудо намудани 649076 сомонӣ, тандурустӣ 48000 сомонӣ ва коммуналӣ 18000 сомонӣ пешбинӣ шуда, дар соҳаи тандурустӣ захираи 48 тонна ангишт, 38 м3 ҳезум, омодасозии 14 адад генератор, 84 печкаҳои аловӣ, 292 адад печҳои барқӣ, 600 литр сӯзишвории дизелӣ ва шишабандии  125  м2; дар муассисаҳои соҳаи маориф захираи 1037 тонна ангишт, 1037 м3 ҳезум, омодасозии 65 адад генератор, 1044 печҳои аловӣ, 213 адад печҳои барқӣ, 6637 литр сӯзишвории дизелӣ ва шишабандии 639  м2; дар соҳаи роҳдорӣ захираи 1100 м3 маводи зидди лағжиш, 3 тонна ангишт, 6 м3 ҳезум; дар соҳаи чорводорӣ захираи 39704 тонна хошоки дурушт, 3702 тонна хӯроки ширадори чорво ва аз таъмир баровардани 18 кашар, 12 фермаи калони чорво ва 1 мурғхона ба нақша гирифта шуда, ба соҳаҳои маориф 676 ҳазор сомонӣ (104,1%), тандурустӣ 51,4 ҳазор сомонӣ (107,1%) ва коммуналӣ 18 ҳазор сомонӣ (100%) ҷудо гардидааст.

Дар муассисаҳои соҳаи маориф 1346 тонна ангишт (129,7%), 1037 м3 ҳезум (100%) ва 6637 литр сӯзишвории дизелӣ (100%); дар соҳаи тандурустӣ 52,3 тонна ангишт (109%), 38 м3 ҳезум (100%), 736 литр сӯзишвории дизелӣ (122%); дар соҳаи роҳдорӣ 1100 м3 маводи зидди лағжиш (100%), 3000 литр сӯзишворӣ (100%), 3 тонна ангишт (100%), 6 метри мукааб ҳезум (100%); дар соҳаи чорводорӣ 12 оғилхона (100%), 18 кашар (100%) ва 1 мурғхона аз таъмир бароварда шуда, ба миқдори 45069 тонна (114%) хошоки дурушт ва 5000 тонна (135%) хӯроки ширадор захира гардида, мавриди истифода қарор доранд.

Барои таъмини аҳолӣ бо маводи сӯхт 28 нуқтаи фурӯши ангишт ва 30  нуқтаи фурӯши гази моеъ фаъолият дошта, ҳамзамон, ин мавод аз ҷониби соҳибкорони алоҳида тариқи сайёр (мошинҳо) ба фурӯш бароварда мешавад.

Дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳия тариқи ройгон 180 тонна ангишт ҷудо гардидааст, ки имрӯзҳо дастрас намудани он аз кони ангишти “Айнӣ”-и ноҳияи Варзоб идома дорад.

 

Маориф ва илм

Соли гузашта дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 22, 41 ва 67 се бинои иловагӣ (дар маҷмӯъ иборат аз 16 синфхона), инчунин 7 синфхонаи дигар дар назди муассисаҳои таълимии рақамҳои 17 ва 64 бунёд ёфта, имрӯз дар назди МТМУ № 72 як бинои иловагӣ иборат аз 4 синфхона ва ду утоқи корӣ бо саҳми иттиҳодияҳои динӣ, инчунин, боз 8 бинои иловагӣ ва 19 синфхонаи нав дар назди 7 муассисаи мавҷуда идома дорад. Пеш аз оғози соли таҳсили 2020-2021 бо мақсади таъмири муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ 1 млн. 697 ҳазору 349 сомонӣ (аз ҷумла аз ҳисоби буҷаи маҳал 1 млн. 293 ҳазору 847 сомонӣ, аз ҳисоби волидони хонандаҳо 372 ҳазору 400 сомонӣ ва аз ҳисоби сарпарастон 311 ҳазор сомонӣ) равона гардид, ки ин дар қиёс бо соли гузашта 72 ҳазору 851 сомонӣ зиёд аст.

Пас аз анҷоми соли таҳсили 2019-2020 аз 3123 нафар хатмкардагон 1598 нафар ё худ, 51,1 фоизи онҳо ба донишгоҳу донишкадаҳо, 440 нафар (14 фоиз) ба коллеҷу литсейҳои касбӣ ва 429 нафар (13,7 фоиз) ба курсҳои кӯтоҳи ҳунаромӯзӣ дохил шуданд. Дар маҷмӯъ 2467 нафар ё худ, 80 фоизи хатмкардагони синфи 11 алҳол таҳсили касбу ҳунар карда истодаанд, ки 1056 нафар, яъне 42 фоизи онҳо духтаронанд. Қобили зикр ва шоистаи таҳсин аст, ки аз 1531 нафар духтарон- хатмкардагони синфи 11-соли гузашта имрӯз 69 фоизи онҳо таҳсили худро дар ин ё он муассисаи касбӣ идома дода истодаанд.

Аз 4294 нафар хатмкардагони синфи 9-ум 3306 нафари онҳо (77 фоиз) ба синфи 10 гузашта, 634 нафар (14,7 фоиз) ба коллеҷу литсейҳои касбӣ ва 111 нафар (2,6 фоиз) ба курсҳои кӯтоҳмуддати ҳунаромӯзӣ дохил шудаанд. Фарогирии духтарон ба зинаи сеюми таҳсил 79 фоиз ё худ, 1591 нафарро ташкил додааст, ки ин дар қиёс бо соли таҳсили сипаригашта 2,4 фоиз зиёд мебошад.

Ҳоло дар ҳама муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 59085 нафар хонанда, аз он 28760 нафар духтарон таҳсил мекунанд, ки ба онҳо 2514 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 1287 нафар занон дарс медиҳанд. Дар давоми соли таҳсили ҷорӣ 56 нафар омӯзгорони нав дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ба кор қабул гардида бошанд ҳам, ҳоло норасоии кадрӣ 7 нафарро ташкил медиҳад (забони русӣ- 3 нафар, забони англисӣ 4 нафар).  

Дар ноҳия 7 муассисаи таҳсилоти томактабӣ 1203 нафар ва дар 55 макркази инкишофи кӯдакони назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1313 нафар кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ин дар маҷмӯъ 10,2 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳоло дар кӯчаи Ҷомии шаҳраки Ёвон як муассисаи нави томактабии хусусӣ бунёд гардида истодааст, ки дар давоми семоҳаи якуми соли 2021 пурра ба истифода дода хоҳад шуд.

Соли гузашта 22 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар олимпиадаҳои вилоятӣ сазовори ҷойҳои намоён гардида, 8 нафар хонандагони синфи 11 дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ ширкат варзиданд ва аз онҳо 2 нафар соҳиби ҷойҳои сеюм ва медалҳои биринҷӣ шуданд.

Дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 38 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони касбу кори гуногун аз рӯи 5 номинатсия фаъолона ширкат варзида, 10 нафари онҳо ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври ниҳоӣ, ки 17 декабри соли ҷорӣ ҷамъбаст карда шуд, 2 нафар соҳиби ҷойҳои дуюм (дар номинатсияҳои адабиёти бачагона ва адабиёти классикӣ), 1 нафар соҳиби ҷойи сеюм (дар номинатсияи адабиёти классикӣ) ва 2 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ (дар номинатсияи адабиёти муосир) гардиданд.

Дар асоси “Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Ёвон барои солҳои 2021-2025”, ки нав таҳия гардидааст, то соли 2025 бунёди 2 муассисаи нави таҳсилоти умумӣ (дар деҳаҳои Чашмасор-2-и деҳоти ба номи Ҳ. Ҳусейнов ва Кӯлободи деҳоти Чоргул), 13 бинои нави таълимӣ дар назди муассисаҳои мавҷуда барои 3775 ҷойи нишасти иловагӣ, инчунин, сохта ба истифода додани 3 муассисаи нави томактабӣ (дар деҳаҳои Меҳристони деҳоти ба номи Ҳ. Ҳусейнов, Қирғизободи деҳоти Обшорон ва Бӯстони деҳоти ба номи Г. Юсуфова) пешбинӣ гардидааст. Дар сурати бунёди муассисаҳои томактабии нав, инчунин таъмир ва ҷиҳозонидани кӯдакистонҳои мавҷуда, фарогирии кӯдакони синни томактабӣ зиёд гардида, аз 1203 нафар то соли 2025 ба 3416 нафар расонида мешавад.

 

Тандурустӣ ва кор бо занон

Дар 97 муассисаи давлатӣ ва 4 муассисаи хусусии соҳаи тандурустии ноҳия 1879 нафар кормандон фаъолият доранд, ки аз ин 247 нафар духтурон ва 1038 нафар кормандони миёна, 425 нафар кормандони хурд ва 173 нафар кормандони гуногун мебошанд.

Бо мақсади марҳила ба марҳила сохта ба истифода додани биноҳои нотамоми беморхонаи марказии ноҳия аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани 30 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шуда, соли гузашта 4 млн. сомонӣ ҷудо гардидааст. Бо истифода аз ин маблағҳо дар заминаи комплекси нотамоми беморхонаи ноҳия барои шуъбаҳои қалб, шикастабандӣ ва осеббардорӣ бинои дуошёна омода гардида истодааст.

Инчунин, аз ҳисоби буҷаи маҳал барои аз таъмир баровардани бинои асосии беморхонаи марказӣ 1,3 млн. сомонӣ ҷудо гардидааст ва айни ҳол дар ин самт низ корҳо идома ёфта истодаанд.

Дар давоми соли 2020 дар деҳаи Яккатути деҳоти Даҳана бо саҳми маҳал бинои нави бунгоҳи тиббӣ, дар деҳаи Навободи деҳоти Ситораи Сурх як маркази саломатии деҳотӣ ва дар маҳаллаи Саъдии Шерозии шаҳраки Ёвон як бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуд. 

Бо мақсади таъсис додани шуъбаҳои сироятӣ барои калонсолон ва кӯдакон (дар заминаи комплекси нотамом ва як бинои алоҳида) ба маблағи 8 млн. сомонӣ сметаи хароҷотӣ таҳия гардида, дар ин самт корҳо идома доранд.

Соли сипаригашта дар ҳама шуъбаҳои беморхона 20926 нафар беморон бистарӣ гардонида шуданд, ки ин дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2019-ум 1117 нафар кам аст. 

Бо мақсади самаранок ба роҳ мондани тадбирҳои пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ ва мубориза бар зидди коронавируси нави Сovid-19 то имрӯз аз буҷаи маҳал зиёда аз 857,3 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Шумораи сироятёфтагони бемориҳои шадиди роҳи нафас дар маҷмӯъ 83 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 76 нафар баъд аз барқарор намудани сиҳатияшон мураххас шуда, 7 нафар аз бемории илтиҳоби шуш ва бемориҳои ҳамрадиф фавтидаанд.

Рӯзи 20 май туҳфаҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми 49,6 тонна маводи ғизоӣ, доруворӣ ва ашёи беморхонагӣ, инчунин, рӯзи 21 май кумакҳои раиси ноҳияи Ёвон ба маблағи 23700 сомонӣ (маводи ғизоӣ) ба табибон ва дигар кормандони соҳаи тандурустии ноҳия дастрас гардонида, рӯзи 22 май аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба оилаҳои 7 нафар сокинони ноҳия, ки аз бемории сирояти шадиди роҳҳои нафас фавтидаанд, маводи ғизоӣ ба маблағи умумии 11220 сомонӣ расонида шуд.

Рӯзи 18 августи соли гузашта бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ ва дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба табибон ва ҳамшираҳои шафқати муассисаҳои тиббии ноҳия дар ҳаҷми 71164 сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳал кумакҳои яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд.  

Аз 22 апрел то 31 декабри соли 2020 бригадаҳои мутахассисони беморхонаи марказӣ ва шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ 1 млн. 533 ҳазору 850 маротиба аз рӯи усули хона ба хона корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, 7 млн. 130 ҳазору 558 маротиба амалиёти муоинаи тиббии сокинон доир карданд ва 9226 нафар беморони соматикиро ба қайд гирифта, ба онҳо табобат таъйин намуданд.   

 Мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Шуъбаи дезинфексияи профилактикӣ ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар якҷоягӣ 230 бинои корхонаву муассисаҳо, бозорҳо, нуқтаҳои савдо, инчунин, панҷ маротиба кӯчаву хиёбонҳои шаҳраки Ёвон ва 8552 манзили истиқоматии сокинонро бо истифода аз маҳлулҳои «Алмадез» ва гипохлориди калсию натрий безарар гардонида, 195 ҳазору 433 маротиба бо аҳолӣ корҳои инфиродии фаҳмондадиҳӣ гузарониданд ва 33 ҳазору 245 нусха варақаҳои иттилоотиро ба мардум дастрас намуданд.

Дар ин давра дар ноҳия 8208 нафар кӯдак таваллуд шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 408 нафар зиёд мебошад.

Дар ин давра 992 нафар вафот кардаанд, ки аз он 784 нафар калонсолон, 208 нафар кӯдакону наврасони то 18-сола ва 141 нафар кӯдакони то 1-сола мебошанд. Нишондиҳандаи фавт дар қиёс бо соли 2019-ум 152 нафар зиёд гардидааст.

Ба шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ тайи ин муддат 60142 нафар беморон муроҷиат намудаанд, ки ин нисбатан 1954 нафар бештар мебошад.

Соли гузашта ҳамагӣ 1163 нафар гирифторони бемориҳои сироятӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки ин дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2019-ум 78 нафар кам аст.

Аз тарафи Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии ноҳия фаъолияти 40 нуқтаи савдои маводи хӯрока ва 2 муассисаи хизматрасонии маишӣ, бинобар сабаби ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набуданашон муваққатан боздошта, ба миқдори 16,5 тонна маҳсулоти ғизоии муҳлатгузашта аз муомилот гирифта шудааст. Дар ин давра, мутобиқи хулосаҳои дахлдор, муассисаҳо ва соҳибкороне, ки талаботи санитарӣ-эпидемиологиро риоя накардаанд, ба маблағи зиёда 106 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ гардидаанд.

Бо мусоидати Маркази таълимии калонсолон ва литсейҳои касбии техникии ноҳия дар ин давра зиёда аз 100 нафар занону духтарони бекор ба касбомӯзӣ ҷалб гардидаанд. Ҳоло 939 нафар духтарони ноҳия дар макотиби олии кишвар, аз ҷумла 47 нафар тибқи квотаи Президентӣ таҳсил карда истодаанд. 

Алҳол аз шумораи умумии занони ноҳия, ки зиёда аз 124 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, 189 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва 23599 нафар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият доранд ва 89 нафар, аз ҷумла 2 нафар (50 фоиз) вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, 16 нафар (40 фоиз) вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва 71 нафар вакилони маҷлисҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд, ки ин дар қиёс бо интихоботи гузашта 46 нафар зиёд аст. 

Бо мусоидати Маркази таълимии калонсолон ва литсейҳои касбии техникии ноҳия дар ин давра зиёда аз 100 нафар занону духтарони бекор ба касбомӯзӣ ҷалб гардидаанд. Ҳоло 939 нафар духтарони ноҳия дар макотиби олии кишвар, аз ҷумла 47 нафар тибқи квотаи Президентӣ таҳсил карда истодаанд.

 

Фарҳанг

Дар ноҳия 42 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 1 кохи фарҳанг, 4 хонаи фарҳангӣ, 7 толори деҳотӣ, 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона, 26 китобхонаи деҳотӣ, 1 осорхона ва 1 мактаби санъати бачагона ба аҳолӣ хизмати фарҳангӣ расонида истодаанд.

Дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 28 китобхона фаъолият дорад, ки дар онҳо 149 ҳазору 481 нусха китоб маҳфуз аст. Аз ин шумора 46 ҳазору 157 нусха китобҳо бо  забони давлатӣ, 90 ҳазору 212 нусха китобҳо бо забонҳои русӣ ва 13 ҳазору 112 нусха китобҳо бо дигар забонҳо мебошанд. Имсол ба китобхонаҳои оммавии ноҳия 789 нусха адабиёти тозанашр ворид карда шуд, ки маблағи он 23 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар давоми соли гузашта аз ҳисоби буҷаи маҳал барои Кохи фарҳанг 80 ҷуфт либоси саҳнавӣ харидорӣ шуда, барои ба навор гирифтани филми мустанади “Фарҳанги суннатии тоҷик” 10500 сомонӣ ҷудо гардид.

Бахши фарҳанги ноҳия соли гузашта бахшида ба ҷашну санаҳои таърихӣ 13 барномаи фарҳангӣ доир намуда, бо пешниҳоди якчанд барнома дар чорабиниҳои сатҳи вилоятию ҷумҳуриявии “Сайри гули лола”, “Таронаи Ваҳдат” (бахшида ба 5500-солагии Саразми бостонӣ), “Рӯзи меҳр” (бахшида ба ҷашни Меҳргон) ширкат варзиданд.

Бо мақсади муаррифӣ кардани мавзеъҳои таърихӣ ва ҷойҳои тамошобоби ҳудуди ноҳия дар сомонаи интернетии соҳаи сайёҳии ноҳия мунтазам маводҳо ба нашр расонида мешаванд.

Дар ноҳия фарогирии барномаҳои телевизионии шабакаи аввал (ТВТ) 100 фоиз, «Сафина» (ТВС) 100 фоиз, «Ҷаҳоннамо» 97,8 фоиз ва «Баҳористон» 89 фоизро ташкил дода, 1 шабакаи барномаи якуми радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон, радиои “Фарҳанг” ва радиои Садои Душанбе дар истифодаи аҳолӣ қарор доранд.

 

 

Ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Ба ҳолати 1 ноябри соли 2020 тибқи нишондиҳандаҳои оморӣ 39,9 фоизи аҳолии ноҳия ҷавонон, яъне афроди аз 14 то 30 сола мебошанд. Шумораи ҷавонони дар ҳайатҳои роҳбарикунанда фаъолиятдошта 125 нафар, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 20 нафар ва вакилони ҷамоатҳо 40 нафарро ташкил медиҳад.

Айни замон дар ноҳия 244 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 1 мактаб, 1 варзишгоҳ, 37 толор, 4 ҳавзи шиноварӣ, 196 майдонча ва якчанд иншооти махсуси варзишӣ мавриди истифода қарор доранд, ки ҷавонону наврасон пайваста дар онҳо машқу тамрин мекунанд. Дар ин давра бо саҳми соҳибкорон дар ноҳия 5 майдончаи варзишӣ (дар шаҳраки Ҳаёти Нав-2, деҳоти Норин-2, деҳоти Обшорон-1 адад) бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Ҷиҳати зоҳир намудани таваҷҷуҳи бештар ба ҷавонони лаёқатманд 9 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия бо стипендияҳои Президентӣ, 5 нафар бо стипендияҳои раиси вилояти Хатлон, 60 нафар бо стипендияҳои раиси ноҳия ва 20 нафар бо стипендияҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия сарфароз гардонида шудаанд.

Имсол дар ноҳия 17 мусобиқаи сатҳи ноҳиявӣ ва 15 мусобиқаи дохилимактабӣ доир гардида, дар онҳо 1231 нафар, аз он ҷумла 155 нафар занону духтарон ширкат варзиданд.

Варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ ширкат варзида, сазовори 61 медал, аз ҷумла 22 медали тилло, 14 медали нуқра ва 36 медали биринҷӣ гардиданд.

Мавриди қайд аст, ки тими футболи ноҳия- “Моҳир” бо дастгирии молиявии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва роҳбарияти ҶДММ “Чжунгтсай Моҳир семент” дар соли ҷорӣ аввалин маротиба дар қатори 12 тими футболи кишвар дар Лигаи якуми футболи ҷумҳурӣ ширкат варзида, дар ҷамъбаст соҳиби ҷойи 6-ум гардид.

Алҳол бо мақсади тарғиби захираҳои сайёҳӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳон дар ноҳия 5 меҳмонхона, 6 тарабхона, осорхонаи кишваршиносӣ, 28 китобхонаи оммавӣ, 27 нуқтаи хизматрасонии бонкӣ, 28 ҳоҷатхонаи сарироҳӣ ва 2 нуқтаи фурӯши армуғонҳо фаъолият доранд.

Соли гузашта дар шаҳраки Ёвон Маркази иттилоотии сайёҳӣ таъсис дода, харита ва хатсайри сайёҳӣ таҳия ва дар ҷойҳои мувофиқ насб карда шуданд. Имкониятҳои сайёҳӣ дар сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мунтазам интишор меёбанд.

Шумораи умумии сайёҳоне, ки аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии ноҳия дидан менамоянд, сол аз сол зиёд гардида, дар давоми солҳои 2019 ва 2020  2660 нафарро ташкил дод, ки аз он 427 нафар сайёҳони хориҷӣ ва 1955 нафар сайёҳони дохилӣ мебошанд.

 

Дин, танзими анъана ва ҷашну маросим

Мувофиқи ҳисоботи омории комиссияҳои доимии ҷамоатҳои  шаҳраку деҳот дар ин давра 2149 тӯйи домодию арӯсӣ, инчунин, дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, яъне бе забҳи чорво ва оростани дастурхон 169 маросими чил ва 156 маросими сол баргузор шуда, 7 ҳолати вайрон гардидани талаботи Қонуни болозикр ба қайд гирифта шудааст.

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо дастгирии соҳибкорону саховатмандон ба мактаб-интернат, хонаи пиронсолон, маркази минтақавии “Умед”, қисми низомии 6593 ва қишри ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла иштирокчиёни ҶБВ, собиқадорон, пирони барҷомонда, ятимону маъюбон, инчунин, табибон ба маблағи умумии зиёда аз 1,5 млн. сомонӣ кумакҳои моддию молиявӣ расонида шуданд.

Дар ноҳия 1 масҷиди ҷомеи марказӣ, 10 масҷиди ҷомеъ ва 164 масҷиди панҷвақта ҳуқуқи фаъолият дошта, алҳол бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии Covid-19 амал намекунанд. Фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ зери назорати сохтору мақомоти марбута қарор дорад. 

 

Вазъи нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ

Аз 393 ҷинояти дар ин давра бақайдгирифташуда (нисбат ба соли 2019-ум 143 ҳолат бештар) 88,5 фоизи онҳо ошкор гардидаанд. Ҳолатҳои кушодашавии ҷиноятҳо дар қиёс бо ҳамин давраи соли сипаригашта 2,4 фоиз кам шудааст.

 

Муроҷиати шаҳрвандон ва коргузорӣ

Дар давоми соли 2020 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 5289 шаҳрвандон тариқи хаттӣ муроҷиат намудаанд. 

Аз шумораи умумии муроҷиатҳои воридшуда 8-то ба воситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва 117-то ба воситаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст.

Аз шумораи умумии муроҷиатҳои хаттӣ 5133-тои он (97,0 фоиз) мавриди баррасӣ қарор гирифтааст ва ба шаҳрвандон дар доираи муқаррароти қонунгузорӣ посух ва тавсияҳо дода, қисме аз муроҷиатҳо қонеъ гардонида шуданд. Алҳол 156 муроҷиати шаҳрвандон дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.

 

Даъват ба сафҳои Артиши миллӣ

Нақшаи иҷрои даъвати ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавсимҳои баҳорӣ ва тирамоҳии соли 2020 ба қадри зиёда аз 100 фоиз иҷро гардида, 458 нафар шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда шуданд.

Қабл аз мавсими даъвати баҳорӣ 90 нафар ва дар мавсими тирамоҳӣ 140 нафар дар курси ронандагии назди Ташкилоти мададгори мудофиа бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

 

Омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Бо мақсади истиқболи арзанда аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёди 341 адад ба нақша гирифта шуда, аз он то ин ҷониб 280 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст, ки ин 82,1 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Аз иншооти баистифодадодашуда 277 адади он ба ҳисоботи оморӣ ворид гардидааст, ки ин баробари 81,2 фоизи нақша мебошад.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2018, № 510 то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмир ва азнавсозии бинои беморхонаи марказии нохия (банди 137) ва барқарорсозии бинои шабакаҳои обтаъминкунии шаҳраки Ёвон (банди 138) пешбинӣ гардидааст. Бо ин мақсад чораҳои дахлдор амалӣ гардида, то имрӯз корҳои муайяне ба сомон расонида шудааст. Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати марҳила ба марҳила ба анҷом расонидани сохтмони комплекси нотамоми беморхонаи марказии ноҳия, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани 30 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд.

  Дар ин робита, аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ то соли 2019 маҷмӯан 15,4 млн. сомонӣ ва дар давоми соли 2020 аз маблағҳои пешбинигардида 4,1 миллион сомонӣ, ҷамъ 19,5 млн. сомонӣ ҷудо гардида, дар қисмати азнавсозишудаи комплекси нотамом шуъбаҳои алоҳида ҷойгир кунонида шуданд ва айни замон корҳои сохтмонӣ дар шуъбаҳои қалб, шикастабандӣ ва осеббардорӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Бо мақсади беҳтар намудани таъминоти аҳолии шаҳраки Ёвон бо оби нӯшокӣ аз семоҳаи сеюми соли 2016 инҷониб Лоиҳаи нави таъминоти оби нӯшокӣ бо маблағи 5,8 млн. доллари ИМА (аз он 60 фоиз маблағи грантӣ) татбиқ гардида истодааст. Бо татбиқ гардидани лоиҳаи мазкур бинои шабакаҳои обтаъминкунии шаҳраки Ёвон таъмиру тармим карда хоҳад шуд. 

Мутассифона, оғози корҳои сохтмонӣ дар се иншоот: биноҳои нави шуъбаи маорифи ноҳия, маркази таҳсилоти иловагӣ ва маркази рушди истеъдодҳо, ки дар асоси Барномаи давлатии рушди маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021 ба нақша гирифта шуданд, ба таъхир афтода, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтани онҳо ғайриимкон гардида истодааст.

Ҷиҳати истиқболи сазовор аз ҷашни мазкур то ин ҷониб дар 26 деҳаву маҳалла, инчунин, дар шафати 2,5 км роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи Душанбе-Ёвон ва зиёда аз 3,5 км роҳҳои дохили шаҳраки Ёвон чароғҳои равшанидиҳанда насб гардида, намои берунии 35 бинои маъмурӣ, тарабхонаҳо ва дигар иншоотҳо бо истифода аз чароғакҳои ороишӣ равшан ва чароғон карда шуда, дар ин самт корҳо идома доранд.

Бо мақсади ҷорӣ намудани технологияҳои муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва усулҳои нави ҷамъоварӣ ва беҳтар намудани вазъи экологии ноҳия Лоиҳаи инвеститсионӣ, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пешниҳод гардида, аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дастгирӣ ёфтааст, алҳол амалӣ гардида истодааст. Татбиқи Лоиҳа мазкур 4 млн. долларро дар бар гирифта, аз ин 2 млн. доллар маблағи грантӣ ва 2 млн. доллар қарзи имтиёзноки дарозмуддат мебошад. Мутобиқи нақшаи пешбинигардида, то ин ҷониб 477 қуттии партовҷамъоварии гуногунҳаҷм ва 8 техникаи соҳавӣ ба корхонаи коммуналӣ ворид гардидааст.    Дар сурати ба пуррагӣ амалӣ гардидани Лоиҳаи мазкур, ки моҳи майи соли 2021 дар назар дошта шудааст, сатҳ ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, ин омил ба беҳтар гардидани вазъи экологии ноҳия мусоидат менамояд.

Соли гузашта бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ, саҳми маҳал ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар деҳаи Оби Мукии деҳоти Обшорон ба масофаи зиёда аз 2,5 км, дар деҳаи Тутаки деҳоти ба номи Ҳ. Ҳусейнов ба масофаи 4 км, дар деҳаи Ҳаштуми Март ва дар шаҳраки Ҳаёти Нав ба масофаи 1900 метр, дар деҳаи Навободи деҳоти Ситораи Сурх ба масофаи 400 метр ва дар деҳаи Ғарави деҳоти Даҳана ба масофаи 1 км хатҳои интиқоли оби ошомиданӣ кашида шуд.

 

Хотима

Дар давоми соли 2020 сокинони ноҳия дар ду маъракаи сиёсӣ: интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони маҳаллӣ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, ба тарафдории вакилони арзанда овоз доданд. Дар ҳудуди ноҳия аз 4 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон 2 нафар (50%) ва аз 40 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон 16 нафар (40%) занон ва 36 фоиз ҷавонон вакил интихоб шуданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар оянда низ аз ҳама шароиту имкониятҳо истифода бурда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки фармонҳо ва дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рӯзгори ҳамватанон амалӣ гардида, ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол гирифта шавад.