ИҶЛОСИЯИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ЁВОН.

  • Posted on: 29 December 2020
  • By: korbar

29 декабри соли 2020 дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати шашум) баргузор гардид, ки дар кори он намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам иштирок намуданд.

Зимни баррасии масъалаи асосӣ раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро дар бораи натиҷаҳои тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2020 ҳисобот доданд.

Зикр гардид, ки дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2020 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳия ба 2 млрд. 483 млн. 89,2 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 74 млн. 684,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад (маҳсулоти саноатӣ: 1 млрд. 452,9 млн. 892 ва маҳсулоти кишоварзӣ: 1 млрд. 30,3 млн. сомонӣ). Дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба миқдори 27 млн. 663 ҳазор сомонӣ бештар мебошад.

Дар ин давра музди миёнаи кор 1245 сомонӣ баробар гардида, дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 8,0 сомонӣ зиёд шудааст. Мавриди зикр аст, ки дар ин муддат 389 ҷойи кори доимӣ ва 2718 ҷойи кори муваққатӣ муҳайё гардидааст.

Нақшаи қисми даромади андозҳои буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба қадри 104,4 фоиз таъмин гардида, ба буҷети давлатӣ 233 млн. 655,7 ҳазор сомонӣ ворид гашт.

Ба ҳолати 1 декабри соли 2020 қарзи корхонаю муассисаҳо аз ҳисоби андозҳо (бо дарназардошти бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ) 6,3 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол ба маблағи 1,1 млн. сомонӣ кам гардидааст.

Қисми хароҷоти буҷаи маҳаллӣ 95,0 фоизро ташкил дода, 107 млн. 461,2 ҳазор сомонӣ аз худ гардидааст.

Қарзи музди меҳнат 3 млн. 679984,54 сомониро ташкил медиҳад (аз ҳисоби корхонаҳои “Тоҷикхимпром”: 344 ҳазору 992,82 сомонӣ ва “Талко Кемикал” 3 млн. 334991,72 сомонӣ).   

Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ 132,4 млн. сомониро ташкил дода, нисбатан 3,03 млн. сомонӣ зиёд гардидааст. Муомилоти мол ба 317,0 млн. сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51 млн. 335,7 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

Тибқи маълумотҳо аз ҷониби бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ба соҳаҳои кишоварзӣ 28,4 млн. сомонӣ, ба соҳибкорон 38,6 млн. сомонӣ ва ба дигар истеъмолкунандагон 44,9 млн сомонӣ, ҷамъ 111,9 млн сомонӣ қарзҳои кутоҳмуддат ва дарозмуддат дода шудааст.

Айни замон дар ноҳия 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда аз ин ҳисоб 52,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ 47761,2 тонна ғалла (бо ҷуворимаккаи дон), 86894,1 тонна сабзавот, 40088,4 тонна полезӣ, 25425,8 тонна пахта, 10182,1 тонна мева ва 9462,0 тонна ангур истеҳсол карда шудааст.

Дар майдони 9105 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки аз ин 5581 га ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 3524 га ба бахши аҳолӣ рост меояд. Аз кишти такрорӣ 12442,0 тонна ғалла, 18280,0 тонна сабзавот ва 7898,0 тонна полезӣ ҷамъоварӣ гардидааст.

Дар ин давра хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия ба хориҷи кишвар 3919,5 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда, нақшаи солонаро ба андозаи 101,8 фоиз иҷро намуданд.

Чорводорон 11663,8 тонна гӯшт, 27930,3 тонна шир, 7 млн. 774,6 ҳазор дона тухм, 78,2 тонна асал ва 339,7 тонна пашм истеҳсол шудааст, ки нисбатан 1635,4 тонна гӯшт, 717 тонна шир, 331,6 ҳазор дона тухм, 2,3 тонна асал ва 9,3 тонна пашм зиёд мебошад.

Соли чорум аст, ки дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 1 млрд. сомониро ташкил медиҳад. Қобили зикр аст, ки маҳсулоти саноатии дар ноҳия истеҳсолшаванда якчанд маротиба ҳамчун маҳсулоти беҳтарин дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷоизаҳо дониста шудаанд.

Қобили зикр аст, ки танҳо тайи ду соли охир дар ноҳия 16 корхонаву коргоҳҳои нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, истеҳсоли 9 номгӯи маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, аз қабили халтаҳои полиэтиленӣ, криолит, кислотаи сулфат, алюмини фтордор, каогулянт, ротбанд, рангҳои шусташавандаи эмулсионӣ, маҳсулотҳои ширӣ, консерваҳо, либоси мактабӣ ва армстронг ба роҳ монда шудааст.

Дар ин давра аз корхонаи «Хуаксин Ғаюр семент» ба миқдори 296 ҳазору 343 тонна ва аз корхонаи «Чжунгтсай Моҳир семент» ба миқдори 166 ҳазору 640 тонна семент ба маблағи умумии 203 млн. 246,3 ҳазор сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот гардида, имрӯзҳо содироти маҳсулот идома дорад.

Сохтмончиёни ноҳия дар ин давра ба маблағи 13 млн. 998,6 ҳазор сомонӣ корҳои пудратиро ба иҷро расонида, баистифодадиҳии фондҳои асосиро ба 20 млн. 554,8 ҳазор сомонӣ баробар намуданд.

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд намудани 341 иншоот ба нақша гирифта, то ин ҷониб 280 иншоот ба истифода дода шудааст, ки ин баробари 82,1 фоизи нақша мебошад.

Бо мақсади таъмини рушди соҳаи маориф дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 22, 41 ва 67 се бинои иловагӣ (дар маҷмӯъ иборат аз 16 синфхона), инчунин 7 синфхонаи дигар дар назди муассисаҳои таълимии рақамҳои 17 ва 64 бунёд ёфта, имрӯз дар назди МТМУ № 72 як бинои иловагӣ иборат аз 4 синфхона ва ду утоқи корӣ бо саҳми иттиҳодияҳои динӣ, инчунин, боз 8 бинои иловагӣ ва 19 синфхонаи нав дар назди 7 муассисаи мавҷуда идома дорад.

Пас аз анҷоми соли таҳсили 2019-2020 аз 3123 нафар хатмкардагон 1598 нафар ё худ, 51,1 фоизи онҳо ба донишгоҳу донишкадаҳо, 440 нафар (14 фоиз) ба коллеҷу литсейҳои касбӣ ва 429 нафар (13,7 фоиз) ба курсҳои кӯтоҳи ҳунаромӯзӣ дохил шуданд. Дар маҷмӯъ 2467 нафар ё худ, 80 фоизи хатмкардагони синфи 11 алҳол таҳсили касбу ҳунар карда истодаанд, ки 1056 нафар, яъне 42 фоизи онҳо духтаронанд. Қобили зикр ва шоистаи таҳсин аст, ки аз 1531 нафар духтарон- хатмкардагони синфи 11-соли гузашта имрӯз 69 фоизи онҳо таҳсили худро дар ин ё он муассисаи касбӣ идома дода истодаанд.

Дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз ноҳияи Ёвон 38 нафар ширкат варзида, 10 нафари онҳо ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври ниҳоӣ 2 нафар соҳиби ҷойҳои дуюм (дар номинатсияҳои адабиёти бачагона ва адабиёти классикӣ), 1 нафар соҳиби ҷойи сеюм (дар номинатсияи адабиёти классикӣ) ва 2 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ (дар номинатсияи адабиёти муосир) гардиданд.

Бо мақсади марҳила ба марҳила сохта ба истифода додани биноҳои нотамоми беморхонаи марказии ноҳия аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани 30 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шуда, имсол 4 млн. сомонӣ ҷудо гардидааст. Бо истифода аз ин маблағҳо дар заминаи комплекси нотамоми беморхонаи ноҳия барои шуъбаҳои қалб, шикастабандӣ ва осеббардорӣ бинои дуошёна омода гардида истодааст. Инчунин, аз ҳисоби буҷаи маҳал барои аз таъмир баровардани бинои асосии беморхонаи марказӣ 1,3 млн. сомонӣ ҷудо гардидааст ва айни ҳол дар ин самт низ корҳо идома ёфта истодаанд.

Бо мақсади самаранок ба роҳ мондани тадбирҳои пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ ва мубориза бар зидди коронавируси нави Сovid-19 то имрӯз аз буҷаи маҳал зиёда аз 857,3 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Дар ин давра дар ноҳия 7306 нафар кӯдак таваллуд шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 385 нафар зиёд мебошад.

Таре ки раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия қайд карданд, ки бо вуҷуди мушкилоту душвориҳои маълум рушди иқтисодию иҷтимоии маҳал дар сатҳи дилхоҳ таъмин гардид, ки дар ҷода саҳми соҳибкорон назаррас аст.

Дар музокираи масъалаи асосии иҷлосия чанд нафар вакилон ва муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода А. иштирок варзида, изҳори боварӣ намуданд, ки тамоюли рушди ноҳия дар соли 2021 низ таъмин карда хоҳад шуд.

Пас аз баррасии масъалаҳои дигар, аз ҷумла тасдиқи буҷети ноҳия барои соли 2021, иҷлосия чоруми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати шашум) ба кори худ анҷом бахшид.

Пас аз иҷлосия дар ҳузури вакилон ва фаъолони ноҳия ба 10 нафар иштирокчиён ва ғолибони даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ифтихорномаву сипосномаҳо ва туҳфаҳои пулии раиси ноҳияи Ёвон (ба маблағи умумии 23500 сомонӣ), инчунин, ба 60 нафар гирандагони стипендияҳои раиси ноҳияи Ёвон маблағҳои стипендия тақдим карда шуд (маблағи стипендия барои як нафар дар як сол 1800 сомониро ташкил медиҳад. То имсол ба 32 нафар хонандагони фаъол стипендияи раиси ноҳияи Ёвон дода мешуд ва маблағи солонаи он ба 800 сомонбаробар буд).