Дар Пактиё бар асари таркиш 3 корманди Раёсати амнияти миллии Афғонистон кушта шуданд

  • Posted on: 4 December 2020
  • By: korbar

ДУШАНБЕ, 04.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар шаҳри Гардези музофоти Пактиё бар асари таркиш на кам аз 3 корманди Раёсати амнияти миллии Афғонистон кушта ва 19 сокини осоишта маҷруҳ шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Тулуъ нюс» хабар медиҳад.

Тавре намояндаи расмии музофоти Пактиё Абдулраҳмон Мангал гуфт, ин ҳодиса бар асари таркиши мошини ҳомили маводи тарканда, ки ҳадафи он патрули муштараки неруҳои амнияти  Афғонистон буд, рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, ба бозорҳо ва корхонаҳои маҳалли таркиш хисороти зиёд расидааст.