Натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳияи Ёвон дар нимсолаи аввали соли 2017

  • Posted on: 30 July 2017
  • By: admin

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳалаии ҳокимияти давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда, дар доираи дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, дар доираи таҷлили 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон дар давоми шашмоҳаи аввали соли 2017 баҳри пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия,  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум тадбирҳои муайянеро ба сомон расонид.  
Бо мақсади ба аҳолӣ расонидани мазмуну муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, дар давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо фарогирии 56 нафар хизматчиёни давлатӣ 3 вохӯрӣ, бо фарогирии 4160 нафар кормандони соҳаи маориф 130 вохӯрӣ, бо фарогирии 2530 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо 76 вохӯрӣ, бо фарогирии зиёда аз 17700 нафар сокинони шаҳраку деҳот 194 вохӯрӣ гузаронида шуд. 
Доир ба мавзӯи мазкур дар рӯзномаи ноҳиявии “Субҳи Ёвон” 63 маротиба маводу мақолаҳо чоп гардида, дар миёни аҳолӣ зиёда аз 15000 нусха варақаҳои таблиғотӣ ва буклетҳо паҳн карда шуданд.   
Дар маҷмӯъ, то имрӯз ҷиҳати баррасии нуктаву хулосаҳои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 430 маротиба чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд, ки дар онҳо беш аз 28500 нафар сокинон иштирок намуданд. Баргузории чунин чорабиниҳо дар ноҳия идома ёфта истодааст.   
Аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид қабул гардидани пешниҳоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз ҷониби сокинони ноҳия бо сарфарозӣ истиқбол гирифта, баҳри тарғибу ташвиқи ин иқдоми наҷиб корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ дар миёни аҳолӣ ба роҳ монда шудаанд. 

Маълумоти муфассал