НОМАИ ШОДБОШӢ

  • Posted on: 10 November 2020
  • By: korbar

Кормандони милитсия, кулли собиқадорони соҳаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик аз номи мардуми шарафманди ноҳияи Ёвон самимона табрику муборакбод намуда, бароятон саломатию сарбаландӣ ва барори кор таманно дорам.

Ҳамаи мо медонем, ки мақомоти милитсия дар Тоҷикистон дар шароити ниҳоят вазнину душвор фаъолияти худро оғоз намуд. Дар тӯли солҳои фаъолияти худ ба уҳдаи кормандони мақомоти корҳои дохила вазифаҳои беҳад мураккаб гузошта шуда, аз онҳо маҳорату ҷасорати махсус ва меҳнати содиқонаю софдилонаро талаб карда шудааст. Дар ноҳияи Ёвон низ дар чунин шароит барои ҳифзи мардум аз ҷинояткорону вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ ташкил ёфтани мақомоти корҳои дохила аз он дарак медиҳад, ки заминаҳои аввалини моддӣ барои ҳифзи зиндагии осоиштаи мардум буданд ва дар ин соҳа тадриҷан кадрҳои соҳибмаълумоту ботаҷриба ба воя мерасиданд.

Барои пойдории Тоҷикистони азизамон, аз ҷумла беҳтарин кормандони шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Ёвон низ ҷони худро қурбон намуданд, ки хотираи онҳо дар дилҳои мо абадӣ боқӣ мемонад.

Дар назди милитсия вазифаҳои муҳиму масъулиятноки тақвияти низоми ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини осоишу амнияти онҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дар ин раванд вусъати беш аз пеши мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, аз ҷумла зуҳуроти барои ҳаёти ҷомеа таҳдидовар ва хатарнок ба мисли нашъамандӣ, пешгирии фаъолияти ташкилотҳои экстремистии динӣ меистанд.

Итминон дорам, ки аз афсарони баландрутба то хизматчиёни қаторӣ минбаъд низ барои ҳифзи тартибот, таъмини зиндагии осоиштаи мардум, пуштибонии сулҳу субот ва таҳкими волоияти қонун дар ҷомеа нерӯи ҷисмонӣ, маҳорати касбӣ ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани азизамон беғаразона ва бо дасту дили пок ва содиқонаву софдилона хизмат менамоянд.

Бо ҳамин умедҳо бори дигар ҳамаи Шумо кормандони бонангу номуси милитсияро бо иди касбиатон табрик гуфта, дар адои хизмати пуршарафу пурмасъулиятатон ба манфиати давлат ва халқи Тоҷикистони азиз саломатӣ, азму иродаи қавӣ ва барору комёбӣ орзу дорам.