Табрикоти раиси ноҳияи Ёвон ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Posted on: 9 November 2020
  • By: korbar

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Бисту шаш сол пеш, яъне шашуми ноябри соли 1994 дар кишвари азизи мо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул карда шуд.

Ин санади тақдирсоз сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи навро дар Тоҷикистон муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ асоси боэътимод гузошт.

Мо хуб дар ёд дорем, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба буҳрони конститутсионӣ рӯ ба рӯ шуда буд. Дар натиҷаи риоя нагардидани талаботи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда чанд муддат рукнҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ шуда, бесарусомониҳои сиёсӣ ва хавфи парокандагии давлат ва миллати тоҷик ба миён омаданд.

Қобили зикр аст, ки дар ҳамон вазъияти начандон мусоид гурӯҳи кории Шӯрои Олии кишвар оид ба тартиб додани лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз моҳи апрели соли 1992 лои-ҳаи Конститутсияро барои муҳокимаи умум дар матбуоти даврӣ ба чоп расонид, вале мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ барои қабули ин санади муҳим имкон надод. 

Хушбахтона, таҳти роҳбарии Ҳукумати нав ва ҷидду ҷаҳди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи сиёсии кишвар ба эътидол оварда шуд ва Роҳбари давлат дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсаду мароми худро оид ба бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қатъиян эълон намуд, ки он роҳи минбаъдаи рушду такомули давла-ту давлатдории моро муайян кард.

Иҷлосияи ҳабдаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи қабули Конститутсияи навро баррасӣ намуд ва барои таҳияи он Комиссияи конститутсионӣ таъсис дод. Комиссия дар натиҷаи омӯзиши амиқи санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, хусусан, он ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи инсонро таъмин менамоянд, лоиҳаи Конститутсияи навро омода карда, ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошт ва соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ  қабул гардид.

Мувофиқи Конститутсияи нав ва дигар қонунҳову санадҳои қабулгардида дар мамлакат кӯшиши гузаронидани ислоҳоти сиёсӣ идома ёфт ва сохтори пештара барҳам хӯрда, сохтори нави сиёсии ҷамъият ба амал омад. Аз ҷумла, сохтори ҳокимияти иҷроия тағйир ёфта, тарзи идоракунии президентӣ ҷорӣ гардид ва ислоҳоти ҳокимияти қонунбарор ва судӣ гузаронида шуд.

Конститутсия санади таърихӣ ва муқаддаси ҳар давлату миллат буда, муносибатҳои муҳими ҷомеаро танзим мекунад ва ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат дода, асосҳои сохти ҷамъият, шакли идоракунӣ ва ташкили ҳудудии давлатро муайян менамояд.

Дар муқаддимаи Контитутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Мо, халқи Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, худро дар назди наслҳои гузашта, имрӯза ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».

Дар ин санади муҳим хусусиятҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, давлативу ҳуқуқӣ, милливу таърихӣ ва анъанаву суннатҳои мардуми кишварамон дарҷ ёфтаанд ва аз ҳамин ҷиҳат, Конститутсияи мо санади ифодакунанда ва ҷавобгӯи ормону орзуи халқи Тоҷикистон аст.

Тағйироте, ки дар ҷомеа рух медиҳанд, сари вақт ба ҳисоб гирифта шуда, бо назардошти онҳо ба Конститутсия иловаҳо ва таҳрири нав дохил карда мешаванд. Дар ин бора натиҷаи раъйпурсиҳои умумихалқие, ки 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 гузаронида шуданд, шаҳодат медиҳанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи инсонро арзиши олӣ эътироф намуда, ба принсипҳои озодӣ ва демократия устувор аст. Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи кишвари мо омили асосии ифодаи ҳадафҳо ва рушду такомули давлату давлатдорӣ гардида, дар таҳкими муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаи То-ҷикистон нақши муайянкунанда мебозад.

Конститусия барои густариши фаъолияти тамоми неруҳои сиёсӣ, ҳизбҳо, иттиҳодияҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ заминаи қонунӣ фароҳам оварда, дорои эътибори олии ҳуқуқӣ аст, ки дигар санадҳои қонунгузорӣ ба он мутобиқ карда мешаванд.

Аз ин ҷиҳат, ҳамаи сохторҳои ҳокимияти давлатии мамлакат меъёрҳои ҳуқуқии Конститутсияро ҳамчун дастурамал истифода намуда, барои таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ ва рушди озодонаи ҷомеи шаҳрвандӣ фаъолият мекунанд.

 

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳар шахсе, ки худро соҳибватан медонад, мафҳумҳои озодӣ, итиқлолият ва Конститутсия барои ӯ муқаддас аст. Бояд ҳар як шахси ватандӯст андешаву амали худро ба он равона созад, ки омодагӣ ба ҷашни дарпешистодаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави таъминоти волоияти Қонун, болоравии эҳсоси худшиносӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ мубаддал гардад.  

Бигузор, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамои халқи мо ба сӯи ҷомеаи озоду пешрафта бошад, риоя ва таъмини волояти қонун ҳамчун ҷузъи таркибии ҳаёти сокинони мамлакат боиси пешравиҳои нав ба нав ва боз ҳам баланд шудани арзишҳои олии инсонӣ гардад.

Бо ҳамин ниятҳои нек ва бо умедворӣ ба ояндаи дурахшон ҳамаи шуморо ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушиҳои рӯзгор ва дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ғайрату бурдборӣ ва комёбиҳо орзу менамоям.

 

Рӯзи Конститутсия муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!