ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ҚАДРДОНӢ КАРДА ШУДАНД. 

  • Posted on: 27 October 2020
  • By: korbar

Имсол дар ноҳияи Ёвон зиёда аз 2000 нафар довталабон дар даври якум ва 756 нафар довталабон дар даври дуюми (ноҳиявии) Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок намуда, донишу малакаи худро санҷиданд.

26 октябр дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон бо иштироки раиси ноҳия Саидзода Ҷамшед Ҳамро маросими туҳфасупорӣ ба ғолибони даври ноҳиявии Озмуни мазкур баргузор гардид, ки зимни он 39 нафар ғолибон, инчунин, 8 нафар иштирокчиёни фаъъоли чорабинӣ бо диплому сипосномаҳо ва туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Тавре ки раиси ноҳия зикр намуд, Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз ҷумлаи иқдомҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба такомули ҷаҳонбинии насли наврас ва тақвият бахшидан ба завқи бадеии тамоми қишрҳои аҳолӣ равона гардидааст. Озмун дар давоми дусоли баргузории худ нишон дод сокинони ноҳия ба мутолиа ва эҷоди осори бадеӣ шавқу рағбати зиёд доранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки афроди эҷодкор ва ба хондану азёд кардани намунаҳои назму наср рағбатдоштаро дастгирӣ ва қадрдонӣ намояд.

Ёдрас мешавем, ки 10 нафар намояндагони ноҳияи мо дар даври вилоятии Озмуни мазкур ғолиб омада, ба даврӣ ниҳоӣ, ки то 10 декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад, роҳхат гирифтаанд.

Ба онҳо дар даври ҷумҳуриявии Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” муваффақият ва комёбиҳо таманно мекунем.