Шод бош, эй дӯст, омад Меҳргон, Шодмонӣ оварад бар дӯст он.

  • Posted on: 16 October 2020
  • By: korbar

16 октябри соли 2020 дар Боғи “Ғалаба”-и шаҳраки Ёвон ба муносибати ҷашни Меҳргон чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинӣ маҳсули заҳмати деҳқонони ноҳия, ҳунарҳои дастии донишҷӯёни коллеҷҳо ва литсейҳои касбии техникӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ, фаъолзанони шаҳраки Ёвон ба маъраз гузошта шуд, ки бинандаҳо ба онҳо баҳои баланд доданд. Муовини раиси ноҳия Саидзода Г.Г. зимни табрикоти хеш аз ҷумла зикр намуд, ки “Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, дар натиҷаи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардидан ва густариш ёфтани як қатор арзишу суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ, аз он ҷумла яке аз пуршукуҳтарин ҷашнҳои ниёгонамон- иди Меҳргон барои ҳар як сокини мамлакат боиси ифтихору сарфарозист. ... Аз ин рӯ, пас аз ғунучини ҳосил барои баргузор кардани ҷашну шодӣ ва истироҳати кишоварзон замони муносиб будааст. Мувофиқи ойини гузаштагонамон дар рӯзҳои ҷашни Меҳргон маросимҳои зиёде сурат мегирифтанд, зеро дар давраҳои бостон шуғли аксарияти одамон кишоварзӣ буд. Чунонки сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ниёгони мо дар ин рӯз сару либоси идонаи арғувонӣ мепӯшиданд ва ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик мекарданд. Барномаи консертии ансамбли тарона ва рақси “Субҳи Ёвон” ба ин чорабинии пуршукӯҳ ҳусни матлаъ бахшид.