Маҷлиси ҷамъбастӣ аз рӯи натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия
15 октябри соли 2020 дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон таҳти раёсати раиси ноҳия муҳтарам Саидзода Ҷ.Ҳ. маҷлиси ҷамъбастӣ аз рӯи натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар давоми соли равон баргузор гардид, ки дар он намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон- мудири шуъбаи назорати дастгоҳи раиси вилоят Маҳмадалиев Шавкат иштирок дошт.
Тавре ки аз ҳисоботи муовини раиси ноҳия Саидзода Г.Г. маълум гардид, масъулини соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар ин давра тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, ба муваффақиятҳои зиёд ноил гардидаанд.
Дар ин давра нақшаи қисми даромади андозҳои буҷети давлатӣ, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, дар ҳаҷми 105,9 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 175 млн. 377,9 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлатӣ 185 млн. 662,0 ҳазор сомонӣ ворид гашт, ки ин нисбат ба нақша 10 млн. 284,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 1 октябри соли равон 6 млн. 950,5 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол ба андозаи 520,8 ҳазор сомонӣ кам гардидааст. Ҳоло аз андозҳои давлатӣ ҶДММ “Фирӯз- 1111” дар ҳаҷми 2,7 млн сомонӣ, идораи беҳдошти замин ва обёрӣ 865,8 ҳазор сомонӣ, корхонаи истифодабарию сохтмонии оби нӯшокӣ 51,9 ҳазор сомонӣ ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” 197,9 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд.
Кишоварзони ноҳия дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба қадри 862,0 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки аз он 658 млн. 388,8 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби растанипарварӣ ва 203 млн. 671,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби чорводорӣ аст.
Тибқи ҳисоботи оморӣ то 9-уми октябр ба корхонаҳои коркард ва қабули пахта 14 ҳазору 103,8 тонна пахта (бо вазни холис) супорида шудааст, ки ин баробари 56,5 фоизи дурнамо буда, ҳосилнокӣ ба ҳар як гектар 12,8-сентнерӣ рост меояд.
Ба ҳолати 1 октябр 814 га замин шудгор гардида, дар майдони 535 га кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст, ки аз он 288 га сабзавот (аз ҷумла 204 га пиёз, 40 га сабзӣ, 20 га карам, 24 га дигар намуди сабзавот) ва 247 га юнучқа мебошад. Шудгоркунӣ ва кишти тирамоҳӣ идома дорад.
Тайи нуҳ моҳи соли равон дар ноҳия ба маблағи 1 млрд. 117 млн. 988 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 28 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра корхонаҳои «Хуаксин Ғаюр семент» 265 ҳазору 70 тонна ва «Ҷунгтсай Моҳир семент» 143 ҳазору 990 тонна сементро ба маблағи умумии 17 млн. 250 ҳазор сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот намудаанд. Дар назар аст, ки дар оянда аз ҳисоби фабрикаи дӯзандагии «Ваҳдат» содироти дастпӯшакҳои коргарӣ, либосҳои тагпӯши кӯдакона ва аз фабрикаи мурғпарварии «Беҳамто» содироти панҷаи мурғ ба роҳ монда шавад.
Масъулини соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, кор бо занон ва оила, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, кор бо ҷавонон, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин давра ба дастовардҳои муайяне ноил гардида, ҷиҳати таъмини фаъолияти бонизоми соҳаҳои мазкур андешидани тадбирҳоро идома дода истодаанд.
Масъулини соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, кор бо занон ва оила, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, кор бо ҷавонон, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин давра ба дастовардҳои муайяне ноил гардида, ҷиҳати таъмини фаъолияти бонизоми соҳаҳои мазкур андешидани тадбирҳоро идома дода истодаанд.
Раиси ноҳия ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон натиҷаҳои индавраинаи рушдро натиҷагирӣ намуда, бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани корҳо ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.
Чуноне ки аз таҳлилҳо бармеояд, дар баробари муваффақиятҳои бадастомада, дар фаъолияти ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия камбудиву норасоиҳо низ ҷой доранд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки масъулини соҳаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, роҳбарони гурӯҳҳои корӣ оид ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар давоми нуҳ моҳи соли равон хулосаҳои дуруст бароварда, баҳри татбиқи саривақтӣ ва босифати сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни пурифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳама шароиту имкониятҳо истифода мебаранд.