Г у з о р и ш оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ёвон дар давоми нуҳ моҳи соли 2020

  • Posted on: 15 October 2020
  • By: korbar

Масъулин ва кормандони соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва кишоварзии ноҳия дар доираи сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини рушди бонизоми ноҳия ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинон тадбирҳои муайянеро роҳандозӣ намуда, ба як қатор дастоварду муваффақиятҳо ноил гардиданд.

Дар ин давра нақшаи қисми даромади андозҳои буҷети давлатӣ, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, дар ҳаҷми 105,9 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 175 млн. 377,9  ҳазор сомонӣ ба буҷети давлатӣ 185 млн. 662,0 ҳазор сомонӣ ворид гашт, ки ин нисбат ба нақша 10 млн. 284,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи  қисми  даромади буҷети ноҳия аз ҳисоби андозҳо ба қадри  111,0 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 149 млн. 353,1 ҳазор сомонӣ ба буҷети ноҳия 165 млн. 390 ҳазор сомонӣ ворид гашт, ки ин аз нақша 15 млн. 984,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра 5 намуди андозҳои давлатӣ ба маблағи 22 млн. 813,7 ҳазор сомонӣ иҷро нагардид.

Андоз аз арзиши иловашуда- ба ҷойи 24,0 млн. сомонӣ ба буҷет 12,4 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки ин баробари 51,9 фоиз буда, аз нақша 11,5 млн. сомонӣ камтар аст.

Андоз аз фоида- ба ҷойи 19,2 млн. сомонӣ ба буҷет 18,3 млн. сомонӣ (95,6 фоиз) ворид гардид, ки аз нақша 836,8 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Андози иҷтимоӣ- ба ҷойи 39,6 млн. сомонӣ ба буҷет 34,8 млн. сомонӣ (87,9 фоиз) ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 4,8 млн. сомонӣ кам аст.

Андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард- ба ҷойи 10,5 млн. сомонӣ 5,2 млн. сомонӣ (49,5 фоиз) ба буҷет ворид карда шуд, ки ин аз нақша 5,3 млн. сомонӣ кам аст.

Инчунин, як намуди андози маҳаллӣ- андоз аз воситаҳои нақлиёт ба ҷойи 2,6 млн. сомонӣ ба буҷет 2,3 млн сомонӣ ворид карда шуд, ки ин баробари 88,6 фоизи нақша мебошад.

Қисми хароҷоти буҷаи маҳаллӣ ба қадри 90,0 фоиз иҷро гардида, 86 млн. 771,1 ҳазор сомонӣ азхуд карда шудааст. Аз ин ҳисоб ба мақомоти маҳаллӣ 3 млн. 366,7 ҳазор сомонӣ (84,0 %), ба соҳаҳои мудофиа 559,5 ҳазор сомонӣ (95,0%), мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 377,9 ҳазор сомонӣ (93,0%), маориф 54 млн. 45,5 ҳазор сомонӣ (87,0%), тандурустӣ 18 млн. 825  ҳазор сомонӣ (97,0%), ҳифзи иҷтимоӣ 85,3 ҳазор сомонӣ (100%), хоҷагии манзилию коммуналӣ 2 млн. 36,9 ҳазор сомонӣ (96,0%), фарҳанг ва варзиш 1 млн. 98,4  ҳазор сомонӣ (74,0%), кишоварзӣ 156,7 ҳазор сомонӣ (75,0%), нақлиёт ва коммуникатсия 1 млн. 95,2 ҳазор сомонӣ (98,0%) ҷудо гардида, дигар хароҷотҳо 1 млн. 637,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар корхонаю ташкилотҳои буҷетӣ 52,8 млн. сомонӣ музди меҳнат ҳисоб карда шудааст, ки маблағи андози иҷтимоии он 13 млн. 794,8 ҳазор сомониро  ташкил  медиҳад.

Дар ин давра корхонаҳои буҷетӣ андози иҷтимоиро пурра пардохт намудаанд.

Бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 1 октябри соли равон 6 млн. 950,5 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол ба андозаи 520,8 ҳазор сомонӣ кам гардидааст. Ҳоло аз андозҳои давлатӣ ҶДММ “Фирӯз- 1111” дар ҳаҷми 2,7 млн сомонӣ, идораи беҳдошти замин ва обёрӣ 865,8 ҳазор сомонӣ, корхонаи истифодабарию сохтмонии оби нӯшокӣ 51,9 ҳазор сомонӣ ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” 197,9 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд.

Дар давоми нуҳ моҳи соли 2020 аз ҳисоби маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо 6,7 млн. сомонӣ ба буҷа ворид гардида, ба 1504 субъекти андозсупорандагони қарздор ба маблағи 18,5 млн. сомонӣ огоҳинома дода шуд ва аз ин ҳисоб 8,4 млн. сомонӣ ба буҷа газаронида шуд.

Нисбати 174 андозсупорандагони қарздор 235 қарори маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо ба маблағи 8,0 млн. сомонӣ қабул гардида, аз ин ҳисоб 6,7 млн. сомонӣ ба буҷет ворид карда шуд.

Дар ин давра нисбати 262 нафар вайронкунандагони қонунгузории андоз протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 664,4 ҳазор сомонӣ  тартиб дода, 358,7 ҳазор  сомонӣ ба буҷа ворид карда шуд.

Дар рафти ҷаласаҳои ситоди ҷамъоварии андозҳо нисбати раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки ба пардохти андозҳои давлатӣ хунукназарӣ менамоянд, мунтазам чораандешӣ карда мешавад.

Сардори раёсати молия Гулаев Ф. ва сардори нозироти андоз Ализода Б. бояд ба дарёфти сарчашмаҳои нави андозбандӣ ва аз ин ҳисоб, барои иҷрои саривақтии нақшаи андозҳо диққати ҷиддӣ диҳанд.

Кишоварзони ноҳия дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба қадри 862,0 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки аз он 658 млн. 388,8 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби растанипарварӣ ва 203 млн. 671,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби чорводорӣ аст.

Хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ширкатҳои соҳаи кишоварзӣ мувофиқи ҳисоботи оморӣ дар майдони 22483 га зироат киштаанд, ки ин баробари 100,0 фоизи нақшаи пешбинишуда аст. Аз майдони умумии кишт 6233 га зироатҳои ғаллагӣ, 217,5 га картошка, 1790 га сабзавот (аз он 828 га пиёз), 1081 га полезиҳо, 11594 га зироатҳои техникӣ (аз он пахта 11024 га) ва 1240 га зироатҳои хӯроки чорво мебошад.

Аз майдони 6980 га ғалла 47761,2 тонна ҳосил истеҳсол карда шуд, ки ба ҳар гектар 35,5 сентнер рост меояд ва ин аз дурнамо 0,5 сентнер зиёд аст.

Ба ҳолати 1 октябри соли 2020 дар бахши хоҷагидорӣ 24253 тонна ғалла (ҳосилнокӣ 34,7-сентнерӣ), 44732 тонна сабзавот (ҳосилнокӣ 246-сентнерӣ), 26495 тонна полезӣ (ҳосилнокӣ 241,5-сентнерӣ), 3723 тонна картошка (ҳосилнокӣ 171,2-сентнерӣ), 5048 тонна мева (ҳосилнокӣ 35,5-сентнерӣ) ва 4258 тонна ангур (ҳосилнокӣ 33,3-сентнерӣ) ҷамъоварӣ шудааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 526 тонна ғалла, 281 тонна сабзавот, 2 тонна мева, 341 тонна ангур зиёд, 3789 тонна полезӣ ва 26 тонна картошка кам истеҳсол гардидааст.

Дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ бошад, аз рӯи ҳисобот 47 ҳазору 761,2 тонна ғалла (бо ҷуворимаккаи дон), 6247 тонна картошка, 85 ҳазору 894,1 тонна сабзавот, 40 ҳазору 88,4 тонна полезӣ, 10 ҳазору 82,1 тонна мева, 9362 тонна ангур, 7518,7 тонна гӯшт, 22 ҳазору 507,8 тонна шир, 5 млн. 857,9 ҳазор дона тухм, 222,2 тонна пашм ва 63,1 тонна асал истеҳсол шудааст, ки аз рӯи меъёри истеъмол ба 1 нафар аҳолии ноҳия 201,2 кг ғалла (бо маккаи дон), 26,3 кг картошка, 361 кг сабзавот, 168,8 кг полезӣ, 42,4 кг мева, 39,4 кг ангур, 31,6 кг гӯшт, 94,7 литр шир, 24,6 дона тухм ва 2,6 кг асал рост меояд. 

Истеҳсоли ғалла дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов 343 тонна, Обшорон 387 тонна ва Ситораи Сурх 294 тонна; сабзавот дар деҳоти Ситораи Сурх 217 тонна, Чоргул 273 тонна ва Даҳана 239 тонна; картошка дар деҳоти Ситораи Сурх 64 тонна, Обшорон 53 тонна, Даҳана 71 тонна ва Г. Юсуфова 87 тонна; мева дар деҳоти Норин 38 тонна кам гардидааст. Ҳамчунин, хоҷагиҳои деҳоти Ситораи Сурх, Даҳана ва Обшорон нисбат ба ҳисоби миёнаи ноҳия аз 15,4 то 20,5  фоиз камтар пахта супоридаанд.      

Ҳоло дар саҳро пахта фаровон аст ва бинобар ҳамин хеле зарур аст, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид ҳосили боқимонда ҳарчӣ зуд ҷамъоварӣ карда шавад. 

Тибқи ҳисоботи оморӣ то 9-уми октябр ба корхонаҳои коркард ва қабули пахта 14 ҳазору 103,8 тонна пахта (бо вазни холис) супорида шудааст, ки ин баробари 56,5 фоизи дурнамо буда, ҳосилнокӣ ба ҳар як гектар 12,8-сентнерӣ рост меояд.  

Алҳол хоҷагиҳои пахтакори ҳудуди деҳоти Г. Юсуфова дар сафи пеш қарор дошта, то имрӯз ба нуқтаҳои қабул ва коркард 1011,1 тонна пахта супоридаанд, ки 73,7 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.

Аз таҳлилҳо мушоҳида мегардад, ки рафти пахтасупорӣ дар деҳоти Ситораи Сурх, Обшорон ва Даҳана суст буда, ҳамагӣ аз 33 то 42 фоизро ташкил медиҳад.

Дар мавсими ҷорӣ дар майдони 9214 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки аз ин 5070 га ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 4145 га ба бахши аҳолӣ рост меояд. То имрӯз аз кишти гузаронидашуда 12 ҳазору 442,0 тонна ғалладона, 18 ҳазору 280 тонна сабзавот ва 7898 тонна полезӣ ҷамъоварӣ гардидааст.      

Имсол дар ноҳия 11,0 га боғи нав бунёд карда шудааст, ки ин баробари 100 фоизи дурнамо мебошад.

Филиалҳои бонкҳои дар ноҳия амалкунанда мувофиқи дархостҳои аз хоҷагиҳои кишоварзӣ воридгашта ба онҳо 23 млн. 295,2 ҳазор сомонӣ қарз додаанд.

Дар ин давра хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия 3919,5 тонна маҳсулотҳои кишоварзиро ба хориҷи кишвар содирот намудаанд, ки ин баробари 101,8 фоизи нақшаи пешбинигардида мебошад.

Ҳоло дар ҳамаи бахшҳои чорводорӣ 95 ҳазору 880 сар гов (аз он 48864 сар модагов), 180 ҳазору 601 сар бузу гӯсфанд, 316 ҳазору 18  сар паранда, 6222 сар асп, 4430 оилаи занбӯри асал парвариш меёбад. Чорводорон то ин замон 18 ҳазору 650 сар гӯсола ва 66 ҳазору 898 сар барраю бузғола гирифтаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1837 сар гӯсола ва 832 сар барраю бузғола зиёд мебошад.

Дар давоми 9 моҳи соли равон 45 ҳазору 69 тонна хошоки дурушт ва 5000 тонна хошоки ширадор захира гардидааст, ки ин дар қиёс бо соли гузашта 69 тонна хошоки дурушт ва 3327 тонна хошоки ширадор зиёд буда, ба ҳар саршумори шартӣ 15,2-сентнерӣ воҳиди хӯрока рост меояд ва ин аз нақша 0,6 сентнер зиёд аст. Ҷамъоварӣ ва захираи хӯроки ширадор идома дорад.

Чорводорони ноҳия ба ҳолати 1 октябри соли 2020 аз 100 сар модагов 63 сар гӯсола, аз 100 сар меш 93 сар барраю бузғола гирифтаанд. Ширдушӣ ба як сар модагов 1884 кг, пашм аз ҳар сар гӯсфанд 2,7 кг ва тухмгирӣ аз як сар мокиён 87 донаро ташкил медиҳад.

Ба ҳолати 1 октябр 814 га замин шудгор гардида, дар майдони 535 га кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст, ки аз он 288 га сабзавот (аз ҷумла 204 га пиёз, 40 га сабзӣ, 20 га карам, 24 га дигар намуди сабзавот) ва 247 га юнучқа мебошад. Шудгоркунӣ ва кишти тирамоҳӣ идома дорад.

Мутаассифона, рафти шудгор ва кишти тирамоҳии зироатҳо дар деҳоти Обшорон, Ситораи Сурх ва Даҳана нокифоя ба роҳ монда шуда, аз ҳисоби миёнаи ноҳия аз 2 то 6 фоиз камтар аст.

Бо мақсади таъмини рушди бомароми соҳаи кишоварзӣ ва ислоҳи камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта, сардори раёсати кишоварзӣ Ёқубзода С., раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва сарварони хоҷагиҳои деҳқониро зарур аст, ки ҳар як соату фурсати муносибро истифода бурда, пахтаи дар саҳро бударо беталафот ҷамъоварӣ намоянд, дурнамои нақшаи шудгор ва кишти тирамоҳии зироатҳо, аз он ҷумла кишти пиёзи барвақтиро дар вақташ иҷро намуда, барои татбиқи қарорҳои барномавӣ оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ чораҳои таъсирбахш андешида, ба ин васила дар таъмини барномаи озуқавории мамлакат саҳми муносиб гузоранд.

Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2006, №1775 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ», мувофиқи нақшаи пешбинишуда дар давоми нуҳ моҳи сипаришуда дар ноҳия 83 хоҷагии нави деҳқонӣ таъсис дода, теъдоди умумии онҳо ба 4524 адад расонида шудааст.

Дар самти риояи талаботи Кодекси замин ва дигар санадҳои марбута, дар ин давра 188 ҳолати вайроншавии қонунгузорӣ ошкор гардида, ба онҳое, ки муқаррароти қонунгузориро риоя накардаанд, ба маблағи 83 ҳазору 11 сомонӣ ҷарима муқаррар карда шудааст, 167 ҳолати қонуншиканӣ бартараф карда, 4 мавод барои чораҷӯӣ ба прокуратураи ноҳия пешниҳод гардидааст.

Ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти кумитаи идораи замини ноҳия (раисаш Сайидмуродзода Х.) бояд ченак ва назорати кишти зироатҳои тирамоҳӣ дар шаҳраку деҳоти ноҳия ҷиддӣ назорат карда, диққати муҳандисони заминсози ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба назорати истифодабарии мақсадноки замин дар хоҷагиҳои деҳқонӣ равона гардад.

           

Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия барои бо оби полезӣ таъмин намудани беш аз 21 ҳазору 243 га заминҳои корами обӣ бо 10 адад ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об шартнома баста, аз оғози мавсими обрасонӣ ба онҳо дар ҳаҷми 164 млн. 737 ҳазор метри мукааб (ба маблағи 3 млн. 294 ҳазор сомонӣ) оби полезӣ додааст.

Аз заминҳои корами обии ноҳия беш аз 50 фоиз ё худ, 11 ҳазору 147 гектари онҳо тавассути 13 пойгоҳ, ки дар онҳо 60 дастгоҳи обкашӣ насб карда шудааст, обёрӣ карда мешаванд.

Дар ин давра 16,9 км шохобҳо (каналҳо) бо харҷи 193,8 ҳазор сомонӣ аз лою гил тоза карда, бо маблағи 68,0 ҳазор сомонӣ корҳои таъмирӣ ва барқарорсозии қубурҳо ва новаҳои обгузар, шохобҳо ва болопӯш намудани пойгоҳҳои обкашӣ ба сомон расонида, аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ ҳолати мелиоративии 140 га замин бо маблағи 150,0 ҳазор сомонӣ беҳтар гардонида шудааст. 

Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об барои истифодаи оби полезӣ 1 млн. 302,7 ҳазор сомонӣ пардохт намудаанд. Бояд гуфт, ки масъалаи ҷамъоварии маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ аз тарафи ассостсиатсияҳо қаноатбахш набуда, боиси афзоиши қарзҳои идора аз истифодабарии қувваи барқ, музди меҳнати кормандон ва андозҳои давлатӣ гаштааст.

Ҳоло идораи давлатии бехдошти замин ва обёрии ноҳия дар назди нозироти андоз ба маблағи 227,4 ҳазор сомонӣ ва ҶСШК “Барқи тоҷик” 15 млн. 421,7 ҳазор сомонӣ қарздор мебошад.

Қарздории ассостсиатсияҳои обрасон бошад, дар назди идора ба ҳолати 1 октябр 6 млн. 383,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин боиси нигаронист.  

Вобаста ба ҳолати мавҷуда сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия Мирзоев Ҳ.-ро зарур аст, ки дар ҳамокрӣ бо АИО чорабиниҳои тирамоҳию зимистонаро ҳарчӣ зудтар иҷро намуда, шабакаҳои обрасонӣ заҳбуру заҳкашҳо ва дигар иншооти гидротехникиро ба мавсими нави обрасонӣ омода созанд.

Алҳол дар ноҳия 15 ҳазору 434 нафар нафақахӯр, аз он ҷумла 2 нафар иштирокчиёнии ҶБВ, 38 нафар хизматчиёни ҳарбӣ, 8 нафар маьюбони байналмилал ва 10 нафар иштирокчиёни садамаи Стансияи атомии “Чернобил” ба қайд гирифта шудаанд. Шумораи нафақахӯрон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 679 нафар зиёд шуда, талаботи моҳонаи онҳо 4 млн. 275,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ки ин ба ҳар як нафақахӯр ба ҳисоби миёна 277,0 сомонӣ рост меояд.

Дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба нафақахӯрон 35 млн. 13,4 ҳазор сомонӣ пардохт карда шудааст.

Айни ҳол нафақапулии моҳи сентябр ҳисобӣ гардидааст.

Дар давоми нуҳ моҳ хизматрасонии пулакӣ 106,8 млн. сомониро ташкил дода, нисбатан 2,9 млн. сомонӣ зиёд гардидааст, муомилоти мол бошад, ба 250,8 млн. сомонӣ расида, дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 142,4 ҳазор сомонӣ афзудааст.

Дар ин давра аз ҷониби бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ба соҳаҳои кишоварзӣ 23,2 млн. сомонӣ, ба соҳибкорон 21,2 млн. сомонӣ ва ба дигар истеъмолкунандагон 41,1 млн. сомонӣ, ҷамъ 85,7 млн, сомонӣ қарзҳо дода шудааст.

Айни замон дар ноҳия 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст ва аз ин ҳисоб маблағи умумии азхудшуда 52,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Масъулини соҳаҳои иқтисодӣ ва кишоварзиро лозим аст, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз фурсат ва боду ҳавои муносиб истифода намуда, ҷамъоварии ҳама зироатҳои кишоварзӣ, аз он ҷумла пахтаро, ки баҳри таъмини амнияти озуқавории ноҳия, ғанӣ гардонидани бозорҳои дохилӣ ва зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ нигаронида шудааст, инчунин, бо мақсади иҷрои саривақтӣ ва босифати андозҳои давлатӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода баранд.

Тайи нуҳ моҳи соли равон дар ноҳия ба маблағи 1 млрд. 117 млн. 988 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 28 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра корхонаҳои коркарди пахтаи «Ист коттон НФР»  «Мадина-1» ва «Сзинян инхай Тоҷикистон» пурмаҳсул фаъолият намуда, мутаносибан ба маблағи 7 млн. 478 ҳазор, 1 млн. 917 ҳазор сомонӣ ва 1 млн. 372 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд. Ҳамагӣ аз ҷониби корхонаҳо ба миқдори 1324 тонна нахи пахта истеҳсол шудааст.

Имсол корхонаи коркарди пахтае, ки дар деҳаи Зафари деҳоти Норин ҷойгир шудааст, аз ҷониби ҶДММ «Пахтаи Ёвон» ба иҷора гирифта шуда, имрӯзҳо ба қабул ва коркарди пахта машғул аст.

Инчунин, корхонаи коркарди пахтаи «Истиқлол-2010», воқеъ дар шаҳраки Ҳаёти Нав ҳоло бо номи «Тоҷхим» фаъолият дошта, ҶДММ «Истиқлол 2010» хамчун корхонаи аз фаъолият бозмонда ба қайд гирифта шудааст.

Бо назардошти ҳамин, нозироти андоз дар ноҳия ва шуъбаи омори ноҳияро зарур аст, ки барои аз рӯйхати корхонаҳои саноатии ноҳия хориҷ намудани ҷамъиятҳои номбаршуда чораандешӣ кунанд. Ҳамзамон, пешниҳод карда мешавад, ки ҳангоми бақайдгирии ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди нав дар корхонахои саноатии амалкунанда, сараввал иҷоракоронеро, ки фаъолияташонро қатъ намудаанд, аз ҳисоботи оморӣ хориҷ намуда, сипас расмиёти ҳуҷҷатгузории минбаъдаи корхонаро ба роҳ монанд.   

Корхонаҳои “Хуаксин Ғаюр семент” ва “Ҷунгтсай Моҳир семент” дар ин давра пурмаҳсул фаъолияти намуда, маҷмӯан ба миқдори 1 млн. 749 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол кардаанд ва, новобаста аз таъсири манфии бемории сироятии КОВИД-19, содироти сементро идома дода истодаанд.

Корхонаҳои истеҳсоли халтаҳои полиэтилении “Моҳир пластик”, истеҳсоли семент ва оҳаки “Ғаюр”, коркарди шири “Тиҷорати Сорбон”, “Ёсини Ёвон”, “Кавсар”, “Муаллими Файзалӣ”, “Сабр” ва чанд субъекти дигар низ тавонистанд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбатан афзоиш диҳанд.

Бинобар сабаби мушкилоти бамиёномада вобаста ба бемории КОВИД-19 ва боз баъзе сабабҳои дигар 12 корхонаю коргоҳҳои зерин ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро кам кардаанд:

-корхонаи истеҳсоли маҳсулоти кимиёвии «Талко Кемикал», ки дар давоми нуҳ моҳи соли 2019 ба маблағи 35 млн. 373 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда буд, дар ҳамин муддати соли равон аз сабаби надоштани ашёи хом ва дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор доштани мутахассисон, ин нишондиҳандаро то ба ҳадди 2 млн. 722 ҳазор сомонӣ поён фаровардааст;

-корхонаи «Хуаҷиан Ғаюр индастриал», аз сабаби дар Ҷумҳурии Мардумии Чин будани саҳмдор ва мутахассисони чиноӣ, ҳаҷми истеҳсоли гаҷкартонро ба қадри 20 млн. 374 ҳазор сомонӣ коҳиш додааст (аз моҳи августи соли равон, бо омадани мутахассисони чиноӣ, фаъолияти муътадили корхона барқарор шудааст;

-фабрикаи ресандагии «Хима Текстил» аз сабаби таҳти санҷиш  қарор доштани фаъолияти молиявию иқтисодии соҳибмулк, танҳо моҳҳои январ, феврал ва марти соли ҷорӣ ба таври номукаммал фаъолият намуда, ба маблағи 1 млн. 186,5 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст, ки ин  нисбатан 14 млн. 558 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Аз ҳисоби корхонаҳои мазкур истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар маҷмӯъ ба маблағи 71 млн. 767 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

Илова бар ин, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро корхонаҳои «Муқим-1» ба маблағи 317,8 ҳазор, «Намаки Ёвон» ба маблағи 29 ҳазор, «Кипарис-2010» 694,6 ҳазор, «Сангу шағали Ёвон-сохтмон» 101 ҳазор, «Сангшикани Ёвон» 11,1 ҳазор ва «Тоҷик НФС махат» 24 ҳазор сомонӣ кам намуда, ба истиснои корхонаҳои мавсимӣ, 8 корхонаю коргоҳ бо сабабҳои гуногун фаъолияти истеҳсолӣ накардаанд, ки ин боиси нигаронӣ мебошад.

Дар ин давра корхонаҳои «Хуаксин Ғаюр семент» 265 ҳазору 70 тонна ва «Ҷунгтсай Моҳир семент» 143 ҳазору 990 тонна сементро ба маблағи умумии 17 млн. 250 ҳазор сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот намудаанд. Дар назар аст, ки дар оянда аз ҳисоби фабрикаи дӯзандагии «Ваҳдат» содироти дастпӯшакҳои коргарӣ, либосҳои тагпӯши кӯдакона ва аз фабрикаи мурғпарварии «Беҳамто» содироти панҷаи мурғ ба роҳ монда шавад.

Дар давоми нуҳ моҳи соли равон аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ се коргоҳи хурди истеҳсолӣ (коргоҳи истеҳсоли бомпӯшҳои тунукагин, бо 4 ҷойи корӣ, ду коргоҳи истеҳсоли хишти бетонӣ бо 7 ҷойи корӣ),  коргоҳи истеҳсоли пахтаи кӯрпабоби «ПМТ Мададгор» бо 10 ҷойи корӣ ва коргоҳи дӯзандагии филиали ҶДММ “Ваҳдат Текстайл” бо 26 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор дода, бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19, коргоҳи истеҳсоли оҳаки хлордори “Тоҷикхимпром” ба кор андохта шуд. Коргоҳи мазкур 389 тонна оҳаки хлордор истеҳсол карда, пешкаши харидорон гардонидааст.

Мавриди қайд аст, ки дар ин давра Коллеҷи технологӣ-фарматсевтӣ ва фабрикаи дӯзандагии “Ваҳдат” дӯхти ниқобу хилъатҳои тиббӣ ва корхонаи “Муаллими Файзалӣ” истеҳсоли кислороди тозаро ба роҳ монда, ба миқдори 26 ҳазору 400 дона ниқоби тиббӣ ва 316 ҷуфт либоси махсуси тиббӣ ва 346 балони кислород истеҳсол карданд.

Сохтмончиёни ноҳия дар давоми нуҳ моҳи соли равон ба маблағи 10 млн. 609 ҳазор сомонӣ корҳои пудратиро ба иҷро расонида, баистифодадиҳии фондҳои асосиро ба 17 млн. 838  ҳазор сомонӣ баробар намуданд.

Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта иҷрои корҳои пудратӣ ба маблағи 20,1 млн. сомонӣ ва баистифодадищии фондҳои асосӣ ба маблағи 779 млн. сомонӣ кам мебошад.  Дар ин муддат дар масоҳати 25 ҳазору 618 метри мураббаъ манзилҳои шахсӣ бунёд гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3797 метри мураббаъ зиёд мебошад.

Тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба истиқбол аз 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия бунёд ва таъмиру азнавсозии 341 иншоот ба нақша гирифта, то инҷониб 250 иншоот ба истифода дода шудааст, ки ин баробари 73,3 фоизи нақша аст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тасмим гирифтааст, ки теъдоди иншооти ҷашнӣ то ба 360 адад расонида шавад.

Мутаассифона, мушоҳида мегардад, ки баъзан зимни сохтмони иншооти нав талаботи Кодекси шаҳрсозӣ риоя нашуда, дар мавриди сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, барои кабудизоркунӣ, ҷойгиркунии трансформатор, майдончаҳои бозии кӯдакон ва таваққуфи нақлиёт ва дигар хатҳои муҳандисӣ қитъаҳои замин пешбинӣ карда намешаванд. 

Масъулини соҳаро зарур аст, ки ҳангоми балоиҳагирӣ ва додани иҷозат барои сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, талаботи моддаи 29-и Кодекси шаҳрсозиро риоя карда, ҷойгиркунии иншооти ёрирасонро ба инобат гиранд.

Дар доираи тадбирҳои банақшагирифташуда бахшида ба «Соли чароғокунии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот» дар 26 деҳа, 2,5 км роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи Душанбе-Ёвон ва зиёда аз 3,5 км роҳҳои дохили шаҳраки Ёвон чароғон карда, намои берунии якчанд биноҳои маъмурӣ, тарабхонаҳо ва дигар иншоот дар кӯчаҳои шаҳраки Ёвон бо истифода аз чароғакҳои ранга оро ёфта, дар ин самт корҳо идома доранд.

Дар назар дошта шудааст, ки дар робита ба ташрифи қарибулвуқӯи меҳмони олиқадр дар ноҳия якчанд иншоот, аз ҷумла фермаи чорвои калони гӯштии «Мармарӣ» барои нигоҳдории 3000 сар чорво ба маблағи 8.5 млн. доллари ИМА барои 20 ҷойи корӣ дар деҳоти Обшорон; коргоҳи дӯзандагии филиали «Ваҳдат Текстайл» бо 26 ҷойи корӣ; пули мошингузари кӯчаи ба номи Р.Раҷабов; боғчаи бачагона барои 315 нафар кӯдакон ба маблағи 15 млн. сомонӣ бо 35 ҷойи корӣ; шуъбаҳои муолиҷаи бемориҳои қалб, шикастабандӣ ва осеббардории беморхонаи марказӣ ба маблағи 9 млн. сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд.

Дар ноҳия 17 корхонаи сохтмонӣ фаъолият дошта, аксари онҳо ҳаҷми корҳои бауҳдадоштаашонро ба иҷро расонидаанд. Мутассифона, чанде аз субъектҳои сохтмонӣ, бинобар сабаби надоштани ҳаҷми кор, фаъолияти мунтазам надоранд, аммо бо вуҷуди ин, ба ҳисоботи оморӣ шомиланд.

Аз ҳамин ҷиҳат, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ, роҳбари корхонаи фаръии «Лоиҳакаш», идораи сохтмони асосӣ ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияро лозим аст, ки ҷиҳати бунёди саривақтии иншооти ҷашнӣ чораҳои қатъӣ андешида, барои пайдо шудани ҳаҷми корҳои сохтмонӣ мусоидат намоянд.

«Шабакаҳои барқии Ёвон» 351,3 млн. кВт.с нерӯи барқ қабул кардааст, ки аз ин 305,6 млн. кВт.с барқи фоиданок буда, 12,9 фоизи онро талафот ташкил медиҳад. Маблағи ҳаққи истифодаи неруи барқ 124,5 млн. сомонӣ, аз он ҷумла аҳолӣ 12 млн. 842,5 сомониро ташкил дода, аз он 116  млн. 549 ҳазору 900 сомонӣ ё ин ки 93,6 фоиз ва аз аҳолӣ 12 млн. 608 ҳазору 800 сомонӣ ё ин ки 98,2 фоиз ҷамъоварӣ шудааст.

Корҳои таъмирию барқарорсозӣ дар шабакаҳои барқӣ тибқи нақша идома дошта, васли трансформатори иловагии 400 кВА дар деҳаи Дастгирак, зеристгоҳи барқии «Нигина» ба қадри 90 фоиз ва иваз намудани симчӯбҳои корношоям ва ноқилҳои фарсудашуда дар ду мавзеъ ба ҳадди 85 фоиз таъмин гардидааст.

Маблағи ҷамъоваришуда аз ҳисоби истифодаи неруи барқ дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 9 млн. 804 ҳазор сомонӣ бештар бошад ҳам, қарзҳои дебитории корхона ҳоло 48 млн. 177 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбатан 9 млн. 751 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Қарздорӣ асосан аз ҳисоби корхонаҳои «Тоҷикхимпром» (28,7 млн. сомонӣ), идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ (15,2 млн. сомонӣ), «Хима Текстил» (873,6 ҳазор сомонӣ), Обу ташноб (224,5 ҳазор сомонӣ), беморхонаи марказӣ (64,5 ҳазор сомонӣ) ба миён омадааст. 

Роҳбарияти “Шабакаҳои барқии Ёвон” бояд дар ҳамбастагӣ бо роҳбарияти корхонаҳои мазкур ҷиҳати ҷамъоварии пурраи маблағҳои қарзи истифодаи нерӯи барқ, тадбирҳои таъсирбахш андешанд.

Дар ин давра аз ҷониби Раёсати коммуналӣ-истеҳсолӣ ва истифодаи манзилии шаҳраки Ёвон ба миқдори 25 ҳазору 896 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи марказӣ кашонида, дар масофаи 3050 ҳазор метри тӯлонӣ ҷӯйборҳои обгузар аз лойю ифлосиҳо тоза карда, бо мақсади таъмини бехатарии шаҳрвандон 574 сагҳои дайду безарар гардонида, дар кӯчаҳои Меҳвар, Ҷомӣ, Т.Хушвахтов ва М.Турсунзода 75 дона чароғакҳои куҳна бо лампаҳои каммасраф иваз гардиданд.

Корхонаи мазкур бо истифода аз техникаҳои махсуси муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия роҳҳои кӯчаҳои Ҷомӣ, Меҳвар ва Турсунзодаро таъмири ҷорӣ кардааст.

Бо мақсади ҷорӣ намудани технологияи муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ, усулҳои нави ҷамъоварӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар намудани вазъи экологии ноҳия Лоиҳаи инвеститсионии пешниҳоднамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳоло аз тарафи Бонки Таҷдид ва Рушди Аврупо амалӣ гардида истодааст. Лоиҳаи мазкур 4 млн. доллари Амрикоро дар бар гирифта, аз ин 2 млн. доллар грант ва 2 млн. доллар қарзи имтиёзноки дарозмуддат мебошад. Дар доираи амалисозии лоиҳаи мазкур то ин ҷониб 477 қуттии гуногунҳаҷми партовӣ ва 5 техникаи соҳавӣ  ба корхона ворид гардида, як қисмати онҳо имрӯзҳо дар истифода қарор доранд.  

Дар сурати пурра амалӣ гардидани Лоиҳаи мазкур, ки моҳи майи соли 2021 дар назар дошта шудааст, сатҳ ва сифати хизматрасонии коммуналӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, вазъи экологии ноҳия беҳтар хоҳад гашт.

Бояд қайд кард, ки то моҳи ноябри соли ҷорӣ бояд маблағи 520 ҳазор сомонӣ ба ҳисоби қарзии Лоиҳа пардохт карда шавад. Бинобар ин, роҳбарияти Раёсати коммуналӣ-истеҳсолиро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо Ҷамоати шаҳраки Ёвон ва Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа пардохти саривақтии маблағи қарзии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдро таъмин намоянд. 

Новобаста аз корҳои басомонрасида, дар фаъолияти корхона масъалаҳои ҳалталаб кам нестанд. Бинобар ин, роҳбарияти раёсати коммуналиро зарур аст, ки бобати саривақт баровардани партовҳои сахти маишӣ ва бо саҳми маҳал рангубор намудани биноҳои баландошёна, чароғонкунӣ ва равшаннамоии назди биноҳои маъмурӣ ва марказҳои савдою хизматрасонии кӯчаҳои шаҳрак ва саривақт иваз намудани шиору навиштаҷоти ҳудуд  чораҳои мушаххас андешанд.

Муассисаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ дар гулгашту хиёбонҳои шаҳраки Ёвон 400 ниҳоли ороишӣ, 5,3 ҳазор бех гули садбарг, 13 ҳазор бех гули лола ва 60 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ шинонида, 5 ҳазор дона кучати гули садбарг ва 50 ҳазор дона гулҳои мавсимии тирамоҳию зимистониро парвариш намуда истодааст.

Роҳбарияти муассиаи мазкурро зарур аст, ки ҷиҳати дар ноҳия ба роҳ мондани парвариши боз ҳам бештари гулҳои мавсимӣ ва зиёд намудани парвариши кучати гулҳои садбарг чораандешӣ намояд.

Дар самти таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ аз ҷониби Корхонаи «Обу ташноб ва гармидиҳӣ» 2 млн. 430 ҳазор м3 об қабул карда шудааст, ки аз ин 1 млн. 835 ҳазор м3 ба муштариён дастрас гардида, 535 ҳазор метри кубиашро талафот ташкил медиҳад. Сабаби асосии талафоти об куҳнаю фарсуда будани қубурҳои обгузар мебошад.

Дар ин муддат аз тарафи корхонаи мазкур 77 садама дар хати оби нӯшокӣ ва 320 садама дар хати ташнобгузар бартараф гардида бошад ҳам, фаъолияти корхонаи мазкур беҳбудиро тақозо менамояд. Қарзҳои дебитории корхона рӯ ба афзоиш дошта, ба 11,4 млн. сомонӣ ва қарзҳои кредиторӣ ба 18,7 млн. сомонӣ расидааст,  ки ин боиси нигаронӣ аст. Зарур аст, ки барои сари вақт таъмир ва иваз намудани қубурҳои обрасон, таъмири пойгоҳҳои обкашӣ, ҷамъоварии маблағҳои ҳаққи истифодаи об, пардохти саривақтии маблағҳои андоз чораандешӣ карда шавад.

Як иншооте, ки бахшида ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бояд имсол ба истифода дода шавад, хатти интиқоли оби нӯшокӣ буда, дар доираи татбиқи Лоиҳаи инвеститсионӣ амалӣ гардида истодааст. То ин ҷониб дар иншооти мазкур зиёда аз 80 фисади корҳои сохтмонӣ ба иҷро расонида шудааст. Вобаста ба ин, роҳбарияти корхонаи обу ташнобро зарур аст, ки барои пешбурди корҳо дар самти татбиқи ҳар чи зудтари Лоиҳа тадбирҳои мушаххас андешад.

Лозим ба зикр аст, ки дар ин давра бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ, аҳолӣ ва дигар сарчашмаҳо дар деҳаи Оби Мӯкии деҳоти Обшорон ба масофаи зиёда аз 2,5 км, дар деҳаи Тутаки деҳоти ба номи Ҳ. Ҳусейнов 4 км, дар деҳаи Ҳаштуми Март ва шаҳраки Ҳаёти Нав 1900 метр, дар деҳаи Навободи деҳоти Ситораи Сурх 400 метр ва дар деҳаи Ғарави деҳоти Даҳана 1 км хатти оби ошомиданӣ кашида шудааст.

Бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии деҳот аз роҳбарияти Корхонаи истифодабарию сохтмонии оби нӯшокии деҳот андешидани тадбирҳои мушаххасро талаб менамояд.                

Роҳбари Корхонаи мазкур бояд бо ин мақсад лоиҳаҳои инвеститсионӣ омода карда, барои ҷалби сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ва саҳми аҳолӣ чораҳои муассирро роҳандозӣ намояд.

Барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои мошингард аз буҷаи маҳал 589  ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, муассисаи нигоҳдории роҳҳо дар 189 км роҳҳои автомобилгард  таъмири ҷорӣ ва 692 м2 таъмири асосӣ гузаронида, 2 пул ва 2 қубури зери роҳро аз таъмир баровардааст.

Дар доираи корҳои ободонӣ бо ташаббуси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва бо саҳми соҳибкорон дар 10,7 км роҳҳои маҳаллӣ таъмири асосӣ, дар 52,2 км сангфаршкунӣ, дар 4,5 км таъмири ҷорӣ гузаронида шуда, 8 пул таъмиру бунёд ва 7 қубури зери роҳ азнавсозӣ карда шудааст, ки маблағи умумии ин корҳо 2 млн. 76 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Роҳбарияти муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгардро зарур аст, ки ҷиҳати таъмири асосӣ ва ҷории роҳҳои автомобилгард чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ҳамзамон мудири бахши Ёвон-Нораки Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бояд назоратро дар нуқтаҳои тарозу пурзӯр намуда, гаштугузори мошинҳои гаронвазнро зери назорати қатъӣ қарор диҳад.

Дар давоми нуҳ моҳи соли равон 1845 нафар шаҳрвандон барои дарёфти ҷойи кор ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ муроҷиат намудаанд, ки 1305 нафари онҳо дар асоси роҳхат бо кор таъмин карда, 67 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб гардида, 270 нафар аз рӯи ихтисосҳои бофандагӣ, чакандӯзӣ, оҳангарӣ, дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, кафшергари барқӣ, таъмиргари таҷҳизотҳои сантехникӣ ва сохтмончӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта, 753 нафар тавассути шаҳодатномакунонӣ соҳиби ҳуҷҷат гардиданд.

Дар ин давра шуъбаи мазкур якҷо бо намояндагони ҷамоатҳо ва корфармоён 10 ярмарка гузаронида, 178 нафар шаҳрвандонро бо ҷойи кор таъмин кардааст.

Бо пешниҳодҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти дахлдор дар ин муддат 10 хоҷагӣ аз деҳоти Ситораи Сурх, 4 хоҷагӣ аз деҳоти Обшорон, 2 хоҷагӣ аз шаҳраки Ҳаёти Нав, 6 хоҷагӣ аз деҳоти Даҳана ва 11 хоҷагӣ аз деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов, дар маҷмӯъ 33 хоҷагии муҳоҷирони экологӣ бо заминҳои наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд.  

Алҳол 254 оилаи дар мавзеъҳои аз ҷиҳати экологӣ хатарнок истиқоматдошта ба қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ эҳтиёҷ доранд.

Бинобар ин, бахши муҳоҷиратро зарур аст, ки дар ҳамбастагӣ бо бахши ҳолатҳои фавқулода, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар сохторҳои марбута барои ба мавзеъҳоии бехавф кӯчонидани ин хоҷагиҳо, инчунин, ҷиҳати бо кор таъмин намудани шаҳрвандони вурудашон ба хориҷи кишвар манъгардида чораандешӣ намоянд.     

Дар доираи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» корҳои муайяне ба сомон расонида шуда бошанд ҳам, имрӯз зарурати аз сангу шағал тоза кардани селпартоҳои К-1 ва К-2-и шаҳраки Ёвон, Гулистони деҳоти Чоргул, Қашқароҳа ва Санҷитаки деҳоти Обшорон ва Чироғчии деҳоти ба номи Ҳ. Ҳусейнов вуҷуд дорад.

Сардори бахши ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданиро лозим аст, ки дар ҳамкорӣ бо идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия барои тозаю бехатар намудани селроҳаҳо чораҳои таъсирбахш андешад.

Пардохти саривақтии музди меҳнат аз масъулияти баланди роҳбари корхона вобаста мебошад. Дар ин самт, новобаста аз огоҳиҳои чанддафъаинаи Ситоди назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҳанӯз қарздории музди меҳнат дар корхонаҳои «Талко Кемикал» ба маблағи 2 млн. 555 ҳазор сомонӣ ва «Тоҷикхимпром» ба маблағи 327 ҳазору 557 сомонӣ боқӣ мондааст.

Роҳбарони корхонаҳои мазкурро лозим аст, ки аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, ин мушкилотро бартараф намоянд.

Масъулини соҳаи саноат ва сохтмон вазифадоранд, ки ҷиҳати зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, тақвияти иқтидори содиротии кишвар, бунёди иншооти муосир, барои пешрафту шукуфоии диёр ва истиқболи арзанда аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз тамоми шароиту имкониятҳо самаранок истифода баранд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар давоми нуҳ моҳи соли равон баҳри амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳоро роҳандозӣ намуд.

Масъулини соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, кор бо занон ва оила, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, кор бо ҷавонон, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин давра ба дастовардҳои муайяне ноил гардида, ҷиҳати таъмини фаъолияти бонизоми соҳаҳои мазкур андешидани тадбирҳоро идома дода истодаанд.

Соли ҷорӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 22, 41 ва 67 се бинои иловагӣ (дар маҷмӯъ иборат аз 16 синфхона), инчунин 7 синфхонаи дигар дар назди муассисаҳои таълимии рақамҳои 17 ва 64 бунёд ёфта, имрӯз сохтмони 1 муассисаи томактабии хусусӣ, 8 бинои иловагӣ ва 19 синфхонаи нав дар назди 7 муассисаи мавҷуда идома дорад.

Пас аз анҷоми соли таҳсили 2019-2020 аз 3123 нафар хатмкардагон 1590 нафар ё худ, 51 фоизи онҳо ба донишгоҳу донишкадаҳо ва 371 нафар (12 фоиз) ба коллеҷи технологӣ ва литсейҳои касбии техникии ноҳия дохил шудаанд.

Аз 4294 нафар хатмкардагони синфи 9-ум 3306 нафари онҳо (77 фоиз), аз ҷумла 1591 нафар духтарон (79%) ба синфи 10 гузашта, 745 нафар (17,3 фоиз), аз ҷумла духтарон 364 нафар (18%) ба коллеҷҳои тиббӣ, технологӣ ва литсейҳои касбии техникии ноҳия дохил шудаанд. Фарогирии духтарон ба зинаи сеюми таҳсил 97 фоизро ташкил дода, дар қиёс бо соли таҳсили сипаригашта 2,4 фоиз зиёд гаштааст.  

Ҳоло дар ҳама муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 2514 нафар омӯзгорон, аз он ҷумла 1287 нафар занон фаъолият доранд, ки 1524 (60,6 фоиз) нафари онҳо дорои таҳсилоти олӣ, 102 нафар таҳсилоти олии нопурра (4 фоиз), 824 нафар таҳсилоти миёнаи махсус (32,7 фоиз) мебошанд. Дар соли соли таҳсили ҷорӣ 57 нафар омӯзгорон ба муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ба кор омадаанд, ки ин барои ҳаллу фасл гардидани мушкилоти норасоии кадрӣ мусоидат намудааст.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия имрӯз 59085 хонанда таҳсил мекунад, ки 48,6 фоиз ё худ, 28760 нафар онҳо духтаронанд. Дар 7 муассисаи томактабӣ 1207 нафар ва дар 55 маркази инкишофи кӯдаки назди муассисаҳои таълимӣ 1194 нафар кӯдакони то 7-сола ба тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ин маҷмӯан 8,5 фоизи кӯдакони аз 1 то 6-соларо ташкил медиҳад. Мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи нави томактабӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Акбар Асадулло, ки то охири соли равон ба нақша гирифта шудааст, боз 315 нафар кӯдакон ба тарбия фаро гирифта хоҳанд шуд.

Имсол 22 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар олимпиадаҳои вилоятӣ сазовори ҷойҳои намоён гардида, 8 нафар хонандагони синфи 11 дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ ширкат варзиданд ва аз онҳо 2 нафар соҳиби ҷойҳои сеюм ва медалҳои биринҷӣ шуданд (Ашурзода Рамзия, МТМУ №45 аз фанни забони давлатӣ ва Ашуров Мусулмон, МТМУ №29 аз фанни биология).

Мавриди зикр аст, ки пас аз танаффуси 7-сола имсол як нафар хонанда муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро бо аттестати аъло хатм намуда, соҳиби медали тилло гардид (Каримова Мадина, МТМУ №80, аз рӯи равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо забони русӣ).

Бо мақсади татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.02.2020, № 1339 оид ба баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, комиссияи ноҳиявӣ ва ҳайати ҳакамон таъсис дода, даври ноҳиявии он дар сатҳи баланд баргузор карда шуд, ки дар он 392 нафар довталаб, аз ҷумла 309 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 37 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, 46 нафар калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуда, 39 нафари онҳо ба даври вилоятӣ роҳ ёфтанд.

Дар даври вилоятии озмуни мазкур, ки рӯзи 2 октябри соли равон дар шаҳри Бохтар баргузор шуд, аз ноҳияи мо 38 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони касбу кор гуногун аз рӯи 5 номинатсия фаъолона ширкат варзиданд, ки натиҷаҳои он рӯзҳои наздик маълум мегардад. Ёдрас мешавем, ки соли гузашта 2 нафар намояндагони ноҳия (хонандагони МТМУ №27) дар даври ҷумҳуриявии ин озмун ғолиб омада буданд. 

Чанд рӯз қабл даври ноҳиявии озмуни вилоятии “Навқалами умедбахш” аз рӯи 3 номинатсия “Шеъри беҳтарин”, “Ҳикояи беҳтарин” ва “Афсонаи беҳтарин” бо иштироки хонандагони эҷодкори муассисаҳои таълимӣ ҷамъбаст гардида, 3 нафар ғолибон ба даври ниҳоии озмуни мазкур роҳхат гирифтанд.

Қобили тазаккур аст, ки имсол дар назди литсейи давлатии №1, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 1, 2, 45, 75 ва 9 ҷамъиятҳои илмии хонандагон ва гурӯҳҳои хонандагони лаёқатманд таъсис дода шуд, ки онҳо фаъолияти худро дар асоси барномаҳои нави таълимӣ роҳандозӣ намудаанд. 

Бо вуҷуди корҳои басомонрасида имрӯз дар соҳаи маорифи ноҳия камбудиву норасоиҳо ва мушкилот низ кам нестанд. Ҷиҳати амалисозии як қатор барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла “Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020”, “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021», то ҳол қариб коре ба сомон расонида нашудааст, ки ин ба рушди бонизоми соҳа ва баҳри ба талаботи муосир ҷавобгӯ гардонидани ҷараёни таълиму тарбия монеаҳои зиёд ба миён меоварад.

Дигар мушкилоте, ки дар соҳаи маорифи ноҳия ҷой дорад, бинои алоҳида надоштани марказҳои таҳсилоти иловагӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва технологияи иттилоотӣ- коммуникатсионӣ мебошад, ки боиси фаъолияти камсамари ин марказҳо мегардад.

Шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки дар робита бо сохторҳои болоӣ ва марбута баҳри рафъи мушкилоту норасоиҳои дарҷгардида тадбирҳои мушаххас андешида, рушди бонизоми соҳаи таълиму тарбияро таъмин намоянд. 

Баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тадрис, зичтар ба роҳ мондани алоқаи байни мактаб ва волидони хонандаҳо, беҳтар намудани фаъолияти комиссияҳои ҷамъияти назди муассисаҳои таълимӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи масъулини соҳаи маориф мебошанд. 

Дар ноҳия 119 ҳазору 515 нафар ноболиғон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 526 нафар маъюб, 2121 нафар ятим (1559 нафар бепадар, 514 нафар бемодар ва 48 нафар ятими кулл) мебошанд. Имсол 31 нафар кӯдакони ятиму бепарастор дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳия ва 2 нафар дар муассисаҳои махсуси таълимии шаҳри Душанбе ҷойгир карда шудаанд.

Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон 27 нафар кӯдакони маъюб ва эҳтиёҷмандро аёдат намуда ба онҳо кумаки моливӣ расонд. Ҳамчунин, дар ин давра соҳибкори маҳаллӣ Ҷурахонов Баҳриддин ба 53 нафар ятимон ба маблағи умумии 53.000 сомонӣ кумак кард, ки ба ҳар нафар 1000 сомонӣ рост меояд. Алҳол дар суратҳисоби ятимони кулли ноҳия дар филиали “Амонатбонк” ҳамагӣ зиёда аз 180 ҳазор сомонӣ мавҷуд мебошад.

Ҳамчунин, дар ин давра Миссияи “Библейская Лига” бахшида ба Рӯзи кӯдакон ба 450 нафар кӯдакон бо арзиши умумии 9 ҳазор доллари ИМА туҳфаҳо тақдим намуд.

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши ноҳиявии Ҷамъияти “Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон” бо маблағгузории Хазинаи башардӯстонаи “Малик Салмон”-и Арабистони Саудӣ ба 46 нафар ятими кулли ноҳия ба маблағи умумии 140 ҳазор сомонӣ (ба ҳар нафар 1030 сомонӣ) кумаки нақдӣ расонида ба кортҳои миллии онҳо гузаронида шуд. 

Дар ин давра 6 ҷиноят аз тарафи 4 нафар ноболиғон сар задааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 ҳолат камтар аст. Бинобар сабаби хунукназарӣ намудан дар тарбияи фарзандон, нисбати 318 нафар волидон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. 

Шуъбаи маориф ва комиссияи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки ҷиҳати татбиқи бонизом ва сифатноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ эътибори ҷиддӣ дода, ҷиҳати баланд бардоштани масъулини ин комиссияҳо чораҳои таъсирбахш андешанд.

Дар 97 муассисаи давлатӣ ва 4 муассисаи хусусии соҳаи тандурустии ноҳия 1780 нафар кормандон фаъолият доранд, ки аз ин 231 нафар духтурон ва 985 нафар кормандони миёна, 398 нафар кормандони хурд ва 174 нафар кормандони гуногун мебошанд.

Бо мақсади марҳила ба марҳила сохта ба истифода додани биноҳои нотамоми беморхонаи марказии ноҳия аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани 30 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шуда, имсол 4 млн. сомонӣ ҷудо гардидааст. Бо истифода аз ин маблағҳо дар заминаи комплекси нотамоми беморхонаи ноҳия барои шуъбаҳои қалб, шикастабандӣ ва осеббардорӣ бинои дуошёна омода гардида истодааст. Инчунин, аз ҳисоби буҷаи маҳал барои аз таъмир баровардани бинои асосии беморхонаи марказӣ 1,3 млн. сомонӣ ҷудо гардидааст ва айни ҳол дар ин самт низ корҳо идома ёфта истодаанд. Бо кумаки соҳибкор Акбар Асадулло даромадгоҳи бинои беморхонаи марказӣ мумфарш гардонида шуд.

Имсол дар деҳаи Яккатути деҳоти Даҳана бо саҳми маҳал бинои нави бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуд. Рӯзҳои наздик бошад, як маркази саломатии деҳотӣ дар деҳаи Навободи деҳоти Ситораи Сурх ва як бунгоҳи тиббӣ дар маҳаллаи Саъдии Шерозии шаҳраки Ёвон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Бо мақсади таъсис додани шуъбаҳои сироятӣ барои калонсолон ва кӯдакон (дар заминаи комплекси нотамом ва як бинои алоҳида) ба маблағи  8 млн. сомонӣ сметаи хароҷотӣ таҳия гардида, дар ин самт корҳо идома доранд.

Дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҳама шуъбаҳои беморхона 15621 нафар беморон бистарӣ гардонида, 15512 нафари онҳо пас аз беҳтар намудани вазъи сиҳатияшон мураххас шудаанд.

Дар ин давра барои пешгирӣ ва табобати беморони гирифтори короновирус дар бинои асосии беморхонаи марказӣ марҳилаи якум (шуъбаи карантинӣ) бо 50 кат, дар шуъбаи сироятии беморхонаи марказӣ марҳилаи дуюм (шуъбаи “Провизор”) бо 70 кат ва дар собиқ бинои маркази бемориҳои пӯсту зуҳравӣ марҳилаи сеюм (шуъбаи госпиталии сироятӣ) бо 50 кат таъсис дода, бо шароити зарурии корӣ, дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ ва маводи доруворӣ таъмин гардонида шудааст.

Бо мақсади самаранок ба роҳ мондани тадбирҳои пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ ва мубориза бар зидди коронавируси нави Сovid-19 то имрӯз аз буҷаи маҳал зиёда аз 857,3 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Шумораи сироятёфтагони бемориҳои шадиди роҳи нафас дар маҷмӯъ 83 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 76 нафар баъд аз барқарор намудани сиҳатияшон мураххас шуда, 7 нафар аз бемории илтиҳоби шуш ва бемориҳои ҳамрадиф фавтидаанд.

Мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Шуъбаи дезинфексияи профилактикӣ ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар якҷоягӣ 214 бинои корхонаву муассисаҳо, бозорҳо, нуқтаҳои савдо, инчунин, панҷ маротиба кӯчаву хиёбонҳои шаҳраки Ёвон ва 7915 манзили истиқоматии сокинонро бо истифода аз маҳлулҳои «Алмадез» ва гипохлориди калсию натрий безарар гардонида, бо 171 ҳазору 137 нафар аҳолӣ корҳои инфиродии фаҳмондадиҳӣ гузарониданд ва 27962 нусха варақаҳои иттилоотиро ба мардум дастрас намуданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи тандурустӣ, бахшида ба Рӯзи табибон ба 53 нафар духтурон ва ҳамшираҳои тиббии беморхонаи марказӣ дар ҳаҷми 32 ҳазор сомонӣ ва дар арафаи 29-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 53 нафар мутахассисони муассисаҳои шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии ноҳия ба маблағи 36 ҳазор сомонӣ кумакҳои пулӣ расонид.

Дар маҷмӯъ ҷиҳати дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии мутахассисони муассисаи мазкур ва дигар кормандони соҳаи тиб, ки дар пешгирии паҳншавии бемории Covid-19 саҳмгузории кардаанд, дар давоми нуҳ моҳи соли равон 94864 сомонӣ равона гардида, ба онҳо кумакҳои моддӣ ва молиявӣ расонида шудааст. Дар ин самт дастгирии соҳибкорон ва саховатмандон низ шоистаи таҳсин мебошад.

Дар ин давра дар ноҳия 5442 нафар кӯдак таваллуд шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 202 нафар зиёд мебошад.

Фавти ҳамагон дар ин давра 685 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 541 нафар калонсолон, 144 нафар кӯдакону наврасони то 18-сола ва 99 нафар кӯдакони то 1-сола мебошанд. Нишондиҳандаи фавти ҳамагон дар қиёс бо нимсолаи аввали соли гузашта 74 нафар зиёд гардидааст.

Дар шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ тайи ин муддат 46276 нафар, аз ҷумла 42441 нафар беморон бори аввал ба қайд гирифта шуданд. Теъдоди муроҷиаткунандагон барои гирифтани кумаки аввалияи тиббӣ нисбат ба ин давраи соли гузашта 6220 нафар афзудааст.

Дар ин давра ҳамагӣ 459 нафар гирифторони бемориҳои сироятӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки ин дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 412 нафар кам аст. Ҳолати афзоиш танҳо дар мавриди гирифторшавӣ ба вируси норасоии масунияти одам ба назар мерасад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳолат бештар гардида, ба 17 нафар расидааст.

Масъулини соҳаи тандурустии ноҳияро лозим аст, ки дар робита бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Точикистон, Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар сохторҳои марбута мушкилоти ҷойдоштаро бартараф намуда, барои пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, дар навбати аввал коронавируси нави Covid-19 тадбирҳои иловагӣ андешанд.

         Дар ноҳия 42 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 1 кохи фарҳанг, 4 хонаи фарҳангӣ, 7 толори деҳотӣ, 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона, 26 китобхонаи деҳотӣ, 1 осорхона ва 1 мактаби санъати бачагона ба аҳолӣ хизмати фарҳангӣ расонида истодаанд.

Дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 28 китобхона фаъолият дорад, ки дар онҳо 149 ҳазору 481 нусха китоб маҳфуз аст. Аз ин шумора 46 ҳазору 157 нусха китобҳо бо  забони давлатӣ, 90 ҳазору 212 нусха китобҳо бо забонҳои русӣ ва 13 ҳазору 112 нусха китобҳо бо дигар забонҳо мебошанд.

Имрӯз дар ҳудуди ноҳия 12 ёдгории монументалӣ: муҷассамаҳои Шаҳидони ҶБВ, Модар ва Мирзо Турсунзода, нимпайкараҳои ходимони давлатӣ ва ашхоси номдор- Бобоҷон Ғафуров, Гулсара Юсуфова, Ҷунайдулло Буриев, Борон Назуров, Тағоймурод Хушвахтов, Шоҳин Боев, Файз Усмонов, Муҳаммади Бобиев ва Ҳасан Ҳусейнов мавҷуданд.

Бо мақсади муаррифӣ кардани мавзеъҳои таърихӣ ва ҷойҳои тамошобоби ҳудуди ноҳия дар сомонаи интернетии соҳаи сайёҳии ноҳия мунтазам маводҳо ба нашр расонида мешаванд.

Баҳри ба талабот ҷавобгӯ намудани фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ як қатор санадҳои дахлдор, аз ҷумла “Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию  фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020”, “Барномаи ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020”, «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», «Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии «устод-шогирд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2017-2021» ва “Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025” қабул гардидааст, ки ҷараёни иҷрои онҳо беҳбудиро талаб менамояд.

Мудири бахши фарҳанг, масъули бахши сайёҳӣ ва дигар масъулини соҳаро лозим аст, ки ба иҷрои барномаҳои соҳавӣ диққати бештар дода, барои таъмини рушди соҳа ҳамкориро бо ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва шуъбаи маориф вусъат бахшанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» пайваста чораҳои амалӣ меандешад.

Алҳол аз шумораи умумии занони ноҳия, ки зиёда аз 124 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, 189 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва 23599 нафар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият доранд.

Бо мусоидати Маркази таълимии калонсолон ва литсейҳои касбии техникии ноҳия дар ин давра зиёда аз 100 нафар занону духтарони бекор ба касбомӯзӣ ҷалб гардидаанд.

Мутаассифона, пошхӯрии оилаҳо ҳамчун як падидаи номатлуби ҷомеа ҳанӯз ҳам аз ҷумлаи мушкилоти рӯз боқӣ мондааст. Дар ин давра 1042 ақди никоҳ сабт гардида, 102 оила вайрон шудааст, ки ин дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 17 ҳолат камтар мебошад. Дар натиҷаи вайрон гардидани муносибатҳои оилаҳо 64 нафар кӯдакон дар тарбияи якҷонибаи волидон боқӣ мондаанд, ки ин, албатта, ба инкишофи иҷтимоӣ ва рӯҳонии онҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳо вобаста ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот чунин аст: Ёвон- 24, ба номи Ҳасан Ҳусейнов- 17, Норин-13, ба номи Гулсара Юсуфова- 11, Ситораи Сурх- 8, Обшорон- 8, Даҳана- 8, шаҳраки Ҳаёти Нав- 5, , Чоргул- 4 ҳолат.

Ҳамчунин, дар ин давра аз тарафи занону духтарон  сар задани 38 ҳолати ҷиноятӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 11 ҳолат зиёд мебошад. Аз тарафи занону духтарон ба вуқӯъ пайвастани 5 ҳолати худкушӣ ва 1 ҳолати сӯйиқасд ба ҷони худ низ боиси ташвиш ва нигаронист.  

Шуъбаи кор бо занон ва оила, бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдор ҷиҳати пурзӯр намудани корҳои тарбиявӣ дар байни занону духтарон чораҳои судманд андешанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ин давра ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон як қатор тадбирҳоро роҳандозӣ намуд.

Шумораи ҷавонони ноҳия дар маҷмӯъ алҳол 75597 нафар аст. Имрӯз шумораи ҷавонони дар ҳайатҳои роҳбарикунанда фаъолиятдошта 125 нафар, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 20 нафар ва вакилони ҷамоатҳо 40 нафарро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати зоҳир намудани таваҷҷуҳи бештар ба ҷавонони лаёқатманд 9 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия бо стипендияҳои Президентӣ, 5 нафар бо стипендияҳои раиси вилояти Хатлон, 60 нафар бо стипендияҳои раиси ноҳия ва 20 нафар бо стипендияҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия сарфароз гардонида шудаанд.

Дар ин давра бо саҳми соҳибкорон дар ноҳия 4 майдончаи варзишӣ (шаҳраки Ҳаёти Нав-2, деҳоти Норин-1, деҳоти Обшорон-1) бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ ширкат варзида, сазовори 30 медал, аз ҷумла 9 медали тилло, 7 медали нуқра ва 14 медали биринҷӣ гардиданд.

Бахши мазкурро зарур аст, ки ҳамкориро бо ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар сохторҳои марбута тақвият бахшида, корҳои тарбиявию ахлоқӣ ва фаҳмондадиҳиро дар байни наврасону ҷавонон бештар намояд.

Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки имрӯз аз комиссариати ҳарбӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, комиссияи даъватӣ, раисони маҳаллаҳо ва дигар фаъолони ҷомеа масъулияти хосаро талаб мекунад, ин тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ба сафҳои Артиши миллӣ сафарбар намудани онҳо мебошад.

Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қабл аз маъракаи даъвати тирамоҳӣ 140 нафар ҷавонон дар курси ронандагӣ таҳсил намуда, бо гирифтани шаҳодатнома ба хизмати ҳарбӣ рафтанд. 

То имрӯз нақшаи даъват ба қадри 89 фоиз иҷро гардида, 196 нафар ҷавонони синну соли даъватӣ ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ равона гардидаанд. Мутаассифона, дар ин самт ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Ёвон, Обшорон, Даҳана, ба номи Г.Юсуфова, Чоргул ва Ситораи Сурх ба саҳлангорӣ роҳ дода, нақшаро то ҳол иҷро накардаанд, ки ин боиси ташвишу нигаронист.

Мувофиқи ҳисоботи омории комиссияҳои доимии ҷамоатҳои  шаҳраку деҳот дар ин давра 1444 тӯйи домодию арӯсӣ, инчунин, дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, яъне бе забҳи чорво ва оростани дастурхон 99 маросими чил ва 93 маросими сол баргузор шуда, 3 ҳолати вайрон гардидани талаботи Қонуни болозикр ба қайд гирифта шудааст.

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо дастгирии соҳибкорону саховатмандон ба мактаб-интернат, хонаи пиронсолон, маркази минтақавии “Умед”, қисми низомии 6593 ва қишри ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла иштирокчиёни ҶБВ, собиқадорон, пирони барҷомонда, ятимону маъюбон, инчунин, табибон ба маблағи умумии зиёда аз 1,5 млн. сомонӣ кумакҳои моддию молиявӣ расонида шуданд.

Масъалаи дигаре, ки имрӯз дар маркази таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад, рафти обуна ба нашрияҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ мебошад. Матбуоти даврӣ оинаи ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии ҷомеа мебошанд ва аз ҳамин нуқтаи назар, ҳама аҳли ҷомеа, аз он ҷумла мову шумо дар шароити пуртазоди ҷаҳони имрӯза, дар замоне ки иттилоот дараҷаи маърифатнокии аҳолиро муайян намуда, боиси рушди ҷомеа мегардад, бояд ба маълумоти саҳеҳи расмӣ дастрасӣ дошта бошем.

Нақшаи обуна ба нашрияҳои расмӣ дар ноҳия барои соли оянда ҳамагӣ 8946 нусха муқаррар гардида, то имрӯз ба ҳадди 35,8 фоиз иҷро шудааст. Аз раисони ҷамоатҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо хоҳишмандем, ки ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода, то 1 ноябр нақшаи обунаро ба пуррагӣ иҷро намоянд.    

Масъулон ва кормандони соҳаи иҷтимоӣ бояд дар якҷоягӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки камбудиву норасоиҳои мавҷударо дар муҳлатҳои кутоҳ бартараф намуда, бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кор бо занону ҷавонон, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим аз ҳама шароиту имкониятҳо босамар истифода баранд.

Чуноне ки аз таҳлилҳо бармеояд, дар баробари муваффақиятҳои бадастомада, дар фаъолияти ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия камбудиву норасоиҳо низ ҷой доранд.

Аз ҳамин ҷиҳат, боварӣ дорем, ки масъулини соҳаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, роҳбарони гурӯҳҳои корӣ оид ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар давоми нуҳ моҳи соли равон хулосаҳои дуруст бароварда, баҳри татбиқи саривақтӣ ва босифати сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни пурифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳама шароиту имкониятҳо истифода мебаранд.