Семинари вилоятӣ дар мавзўи «Механизмҳои ҷалби сектори хусусӣ дар рушди соҳаи варзиш»

  • Posted on: 30 July 2017
  • By: admin

Рўзи 20 июл дар ноҳияи Ёвон семинари вилоятӣ дар мавзўи «Механизмҳои ҷалби сектори хусусӣ дар рушди соҳаи варзиш» баргузор шуд, ки дар он муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода М.У., муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳо ва мудирони бахшҳои кор бо ҷавонон ва оилаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ширкат варзиданд. 
Дар рафти семинар меҳмонон аз иншооти варзишии ҳудуди ноҳия дидан карда, ба робитаи зичи байни соҳибкорон ва варзишгарони маҳаллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Натиҷаи чунин ҳамкориҳои пурсамар аст, ки ҳамасола дар ноҳияи Ёвон иншооти нав ба нави варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Айни ҳол дар ноҳия 1 варзишгоҳ, 184 майдончаи варзишӣ, 33 толори варзишӣ, 3 ҳавзи шиноварӣ (аз он 1 ҳавзи шиноварии пўшида), 1 маҷмааи варзишӣ, 1 мактаби варзишӣ мавриди истифода қарор доранд. Қобили зикр аст, ки соли 2013 дар расми кушодашавии маҷмааи варзишии “Ваҳдат” ва ҳавзи шиноварии болопўшидаи “Форам” Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзида буд.
Соли равон дар доираи таҷлили Соли ҷавонон дар ҳудуди ноҳия 2 иншооти варзишӣ: (майдони хурди футбол дар шаҳраки Ёвон ва майдони варзишӣ дар деҳоти Ситораи Сурх) бунёд гардида, дар рўзи баргузории семинар дар шаҳраки Ҳаёти Нав 1 толор ва 1 майдони футболбозӣ  ба истифода дода шуд.
Дар анҷоми семинар ҷаласа доир гардид, ки дар он муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, раиси ноҳияи Ёвон Амирбеки Темур ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ёвон Эраҷ Раҷабов суханронӣ карда, оид ба роҳу усулҳои ҷалби бахши хусусӣ ба рушди соҳаи варзиш андешаҳои худро баён намуданд.
Иштирокчиёни семинар изҳори боварӣ карданд, ки доир гардидани чунин чорабиниҳо барои амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон ва ба воя расонидани варзишгарони ҷавон мусоидати фаъол хоҳад дошт.