Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

  • Posted on: 12 October 2020
  • By: korbar

Сокинони ноҳияи Ёвон бо арзи эҳтирому самимият садоқати бепоёни худро нисбат ба шахсияти камназиратон изҳор дошта, пирӯзии мутлақи Шуморо дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди ифтихормандӣ табрик ва муборакбод мегӯянд. Мо, ки чун тамоми мардуми сулҳпарвар ва ваҳдатсарои кишвари азизамон дар интихобот ба ҷонибдории Шумо раъй додем, имрӯз аз интихоби номзади арзандаи худ эҳсоси шодмонӣ мекунем ва боварии комил дорем, ки Тоҷикистони маҳбуби мо дар ҳафт соли оянда бо ҳидояту сарварии бевоситаи Шумо ба марҳилаи тозаи рушду тараққӣ ворид мегардад. Ҷаноби Олӣ, давлати навини тоҷикон, ки ташаккулёбии он ба ном ва кору пайкори Шумо марбут аст, дар поёни садаи XX армони ҳазорсолаи миллати фарҳангпарвар ва мутамаддини моро баровард ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи ҷаҳон ба таври шоиста муаррифӣ намуд. Кишвари мо дар зарфи камтар аз сӣ соли Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаву дурандешонаи Шумо марҳилаеро тай намуд, ки он аз нигоҳи таърихӣ ва дурнамои ҳадафҳои миллӣ ба як садсола баробар аст. Маҳз бо шарофати истиқлолияти давлатӣ тоҷикон ба ваҳдати миллӣ расиданд, ки ин гавҳари бебаҳо низ самараи андешаи нек, ҷаҳду талош ва дилу нияти поки Шумо, Пешвои муаззами миллат мебошад. Дастовардҳои пурарзиши замони соҳибистиқлолӣ ва амалӣ гаштани ҳазорон тарҳҳо ва лоиҳаҳои бузурги стратегӣ дар як давраи кутоҳи таърихӣ, мамлакати моро дар қатори давлатҳои мутараққии олам ҷойгузин намуданд, кишвари биҳиштосоямонро ба нигини рӯи замин мубаддал сохтанд ва барои мардуми саодатманди Тоҷикистон ҳаёти хубу осоиштаро фароҳам оварданд, ки ин ҳама маҳсули хизматҳои фидокоронаи Шумо- Фарзанди фарзонаи миллат аст. Мо, сокинони ватанпарвар ва меҳнатқарини ноҳияе, ки ба туфайли ҳидоятҳои дурандешонаи Шумо ба ноҳияи саноатӣ-аграрӣ табдил ёфта, дар муддати андаке ба таври бесобиқа тараққиву таҷаллӣ ёфтааст, садоқати худро ба Шумо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти амалкунанда ва тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баён дошта, аз дилу ҷон саъю талош меварзем, ки ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаатонро пайгирӣ намуда, дар амри ободии Ватан ва пешрафти диёри азизамон беш аз пеш саҳмгузор бошем. Мо итминони комил дорем, ки бо Пешвои муаззами миллати худ ба қуллаҳои мурод ва ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаамон мерасем ва дар роҳи расидан ба мақсадҳои олӣ касе ё чизе садди роҳи мо шуда наметавонад! Ҷаноби Олӣ, бори дигар боварӣ, эътимод ва садоқати самимии мардуми кишварро ба Шумо муборакбод гуфта, бароятон саломатию сарбаландӣ ва дар амалишавии ҳадафҳои ватанхоҳонаатон барору комёбиҳо таманно менамоем. Тоҷикистон, бо Пешвои муаззами миллат ба пеш!

Бо эҳтиром, сокинони ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон