Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон, даъвати шашум.

  • Posted on: 30 September 2020
  • By: korbar

29.09.2020 дар Кохи фарҳанги ба номи Т.Хушвахтов таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон, раиси ноҳия Саидзода Ҷ.Ҳ. иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон, даъвати шашум баргузор карда шуд, ки дар ҷараёни он масъалаҳои

1. Рафти иҷрои “Нақшаи стратегии рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипҳои тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”;

2. Вазъи риояи меъёрҳои меъморию шаҳрсозӣ зимни сохтмони иншооти хизматрасонӣ”;

3. Ҳисоботи муовини якуми раиси ноҳия дар бораи рафти иҷрои “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ёвон барои солҳои 2016-2020”;

3. Тасдиқи қарорҳои раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон

мавриди муҳокима ва баррасии вакилон қарор гирифтанд.

Бо назардошти он ки рушди соҳаи тибби оилавӣ дар шароити имрӯз аз ҷумлаи масоили мубрам ҳисоб меёбад, дар зер фишурдаи муовини раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Г.Г.-ро оид ба рафти иҷрои “Нақшаи стратегии рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипҳои тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” иқтибос мекунем. 

 ... Ҳадафи асосии ин Нақшаи стратегӣ баланд бардоштани сифат ва дараҷаи дастрасӣ ба хизматрасониҳо, мустаҳкамсозии нақши КАТС тавассути ҷорӣ намудани амалияҳои тибби оилавӣ мебошад, ки аз он ҳадафҳои афзоиш додани шумораи духтурони амалии оилавӣ дар муқоиса бо шумораи умумии духтурони КАТС то ба 80%; коҳиш додани шумораи зангҳои даъвати ёрии таъҷилӣ дар давоми соатҳои кори муассисаҳои КАТС то ба 40%; коҳиш додани нишондодҳои бистарӣ намудани беморони гирифтори бемориҳои густурдаи музмин то ба 40%; коҳиш додани талабот ба нигоҳубини беморон бармеоянд.

... Аз моҳи майи соли 2009 то имрӯз дар Маркази таълимии клиникии тибби оилавии вилояти Хатлон ва Маркази ҷумҳуриявии клиникии тибби оилавии шаҳри Душанбе 33 нафар табибон ва 181 нафар ҳамшираҳои тибби шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Ёвон аз курсҳои бозомӯзӣ гузашта, донишу малакаи худро такмилу тавсеа додаанд. 

Илова бар ин, баъди хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино 7 нафар табиби тибби оилавӣ дар шабакаи ноҳиявӣ ба кор қабул гардида, ҳамаи онҳо бо ҷомадонҳои махсусгардонидашуда таъмин карда шудаанд.

Мутахассисони тибби оилавӣ дар маркази ноҳия ба 16 минтақа тақсим шудаанд, ки дар як нуқта як табиб ва ду ҳамширати тиб вобаста гардидааст. Дар 31 марказ ва 40 бунгоҳи саломатии деҳотӣ бошад, айни замон 13 нафар табибон ва 107 нафар ҳамшираҳои тибби оилавӣ фаъолият доранд, ки ба 207 ҳазору 631 нафар аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Бинобар сабаби аз кор рафтани баъзе мутахассисон, имрӯз дар муассисаи шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия 37 нафар табибон ва 129 нафар ҳамшираҳои тибби оилавӣ кору фаъолият доранд, ки ин ба талаботи «Нақшаи стратегии рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипҳои тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳи 2016-2020» мувофиқат намекунад.

Нақшаи стратегии мазкур ба 1200 - 1500 нафар аҳолӣ як духтур ва ба 600-750 нафар як ҳамшираи тибби оилавиро пешбинӣ менамояд.

Дар асл бошад, барои аҳолии ноҳияи Ёвон, ки ҳоло бештар аз 240 ҳазорро ташкил медиҳад, тибқи муқаррароти Нақшаи стратегии мазкур 208 нафар табибон ва 384 нафар ҳамшираҳои тибби оилавӣ заруранд, аммо ҳолати воқеӣ он аст, ки имрӯз дар ноҳия 165 нафар табибон ва 247 нафар ҳамшираҳои тибби оилавӣ намерасанд.

Роҳи ҳалли ин мушкилот дар он аст, ки бояд духтурон ва ҳамшираҳои шафқати муассисаҳои шабакаи кумаки авалияи тиббию санитарии ноҳия бояд аз курсҳои шашмоҳаи бозомӯзӣ гузаронида шаванд (анҷом додани ин тадбир харҷи зиёда аз 336 ҳазор сомониро тақозо менамояд).

... Бо назардошти он ки ҳифзи сиҳатии аҳолӣ ва ба талаботи замон мутобиқ гардонидани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, сиҳатии мардум боигарии давлат маҳсуб меёбад, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, алалхусус, коронавируси навъи Covid-19 рушди бемайлони соҳаи тибби оилавиро таъмин намуда, барои омода намудани мутахассисони соҳавӣ мусоидат намояд.

 

Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон, раиси ноҳия Саидзода Ҷ.Ҳ. иброз намуд, ки барои аз курсҳои шашмоҳаи Маркази таълимии клиникии тибби оилавии вилояти Хатлон гузаштани мутахассисон чораҳо андешида мешаванд.

Бо мақсади ҳалли саривақтии мушкилоти мазкур раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон ба сардори раёсати молияи ноҳия ва сартабиби беморхонаи марказӣ дастуру тавсияҳои мушаххас дод.

Зимни баррасии масъалаҳои дуюм ва сеюми рӯзномаи ҷаласа (Вазъи риояи меъёрҳои меъморию шаҳрсозӣ зимни сохтмони иншооти хизматрасонӣ”;

Ҳисоботи муовини якуми раиси ноҳия дар бораи рафти иҷрои “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ёвон барои солҳои 2016-2020”) Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон, раиси ноҳия Саидзода Ҷ.Ҳ. ба муовини якуми раиси ноҳия Набизода А.А., муовини соҳавии раиси ноҳия Саъдуллозода Н. ва масъулини соҳаи меъморию шаҳрсозӣ дастур дод, ки зимни таҳияи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ёвон барои солҳои 2021-2025” рушди бонизоми ноҳияро ба инобат гирифта, дар самти бунёди иншооти нав, тибқи талаботи меъёрҳои меъморию шаҳрсозӣ талош намоянд, то биною иншооти сохташаванда ба ҳусни шаҳраку деҳоти ноҳия ҳусни дигар зам намуда, ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат намоянд.

    

Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон, даъвати шашум бо тасдиқи қарорҳои дахлдор кори худро ба анҷом расонд.